Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари зилзилаи шадиди рӯзи сешанбе дар Эрон, дастикам 37 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Расонаҳои давлатии Эрон иттилоъ медиҳанд, ки бар асари зилзилаи нерӯманд дар ҷанубу ғарби ин кишвар, камаш 37 нафар ба ҳалокат расида, 850 каси дигар захм бардоштаанд.

Хабаргузории «Меҳр» ба нақл аз раиси вилояти Бушеҳр навиштааст, бар асоси охирин омор, дар ин зилзила 37 нафар кушта ва 850 тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, 700 хонаи маскунӣ ба таври пурра ва теъдоде аз хонаҳо низ аз 30 то 40 дарсад вайрон шудаанд.

Пажӯҳишгоҳи заминшиносии ИМА изҳор намудааст, ки маркази ин зилзилаи баробарба 6,3 дараҷаи ченаки Рихтер дар 89 километрии ҷанубу ғарби Бушеҳр дар наздикиҳои ягона нерӯгоҳи ҳастаии ин кишвар ҷойгир будааст. Мансабдорони эронӣ мегӯянд, ки бар асари заминларза нерӯгоҳи ҳастаӣ осеб надидааст.

Аҳолии маҳаллӣ дар Ҷазираи Кеш дар тамоси телефонӣ ба Радиои Фардо гуфтанд, ларзишҳои ин зилзила ба муддати тӯлонӣ идома дошт ва дар ин ҷазира шаҳрвандон ба берун аз хонаҳо рафтанд. Минтақаи Кокӣ дар ҷанубу шарқи бандари Бушаҳр ва дар ҳудуди 90 то 100 километрии нерӯгоҳи атомии Бушаҳр қарор дорад.

Тибқи пешбиниҳо дар манотиқи офатзада то 10 ҳазор нафар иқомат доранд. Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Эрон ба минтақаи офат гурӯҳҳои наҷотро ирсол намудааст.

Чанд лаҳза баъд аз вуқӯи зилзила, Ҳилоли Аҳмари Эрон аз эъломи омодагии Ҳилоли Аҳмади Туркия ва Ҷопон ва радди ин дархост аз сӯи Эрон хабар дод.

Ҳилоли Аҳмари Эрон зимни тақдир ва ташаккур аз ин ду кишвар гуфтааст, ки ин кишвар тавони дохилии имкони имдодрасонӣ бар зилзилазадагонро дорад ва дар ҳоли ҳозир ниёзе ба кӯмакҳои хориҷӣ нест.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG