Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавҷи тозаи боздошти рӯзноманигорон дар Эрон


Акси хабарнигорони боздоштшудаи эронӣ

Акси хабарнигорони боздоштшудаи эронӣ

Дасти кам даҳ хабарнигори нашрияҳои мустақили эронӣ дар як рейди нирӯҳои амниятӣ боздошт шуданд.

Тибқи гузоришҳои расида, рӯзи якшанбе дар Теҳрон дар рафти юриши ҳамзамони нерӯҳои амниятии Эрон ба идораҳои панҷ нашрия даҳҳо рӯзноманигор боздошт шудаанд. Хабаргузории "Форс" навиштааст, шумораи рӯзноманигорони боздоштшуда 11 нафарро ташкил медиҳад.

Амалиёт бар зидди нашрияҳои “Эътимод”, “Ормон”, “Шарқ”, “Баҳор” ва “Осмон” бузургтарин иқдоми мақомоти Ҷумҳурии исломӣ аз замони интихоботи баҳсбарангези соли 2009 аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро бори дуюм сари қудрат овард. Хабаргузории эронии "Меҳр" изҳор намудааст, ки рӯзноманигоронро ба хотири ҳамкорӣ бо "расонаҳои форсизабони зиддиинқилобӣ" дастгир намудаанд.

Дар Эрон истилоҳи "расонаҳои зиддиинқилобӣ" одатан дар иртибот бо расонаҳои хориҷии шабеҳи Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва Би-би-сӣ (BBC) истифода мешавад. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Ҷумҳурии исломӣ иброз дошт, ки “бар асоси иттилои манобеи мувассақ иддае аз рӯзноманигорон бар иловаи кор дар расонаҳои маҳаллӣ бо расонаҳои ғарбии зиддиинқилобӣ ҳамкорӣ мекунанд.”

Ҳамчунон хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи якшанбе бо ҳукми додситонӣ дастрасӣ ба вебсайти “Тобнок”-и мутааллиқ ба Муҳсини Ризоӣ маҳдуд шудааст.
Эрон дар заминаи боздошту саркӯби рӯзноманигорон яке аз бадтарин кишварҳо ба шумор меравад. Созмони хабарнигорони бидуни марз дар як гузоришаш навиштааст: “Солҳост, ки саркӯбу таҳқири давомдори рӯзноманигорон ба фарҳанги сиёсии ҳокимияти ҷумҳурии исломӣ табдил ёфтааст ва идомаи ҳаёти ин режим баста ба саркӯби расонаҳост.”

Созмони хабарнигорони бидуни марз Эронро бузургтарин зиндони рӯзноманигорон дар Ховари Миёна ва яке аз се зиндони бузургтарини ҷаҳон барои рӯзноманигорон дар соли 2012 унвон додааст.
XS
SM
MD
LG