Пайвандҳои дастрасӣ

Арбобдара ва Найдара баъд аз заминларза (ВИДЕО)


Ин дугоникҳо баъди заминларза дар кӯча мондаанд

Ин дугоникҳо баъди заминларза дар кӯча мондаанд

Бо гузашти 6 рӯз аз заминларзаи харобиовар, сокинони деҳаи Найдара ва Арбобдараи ноҳияи Ваҳдат ҳамчунон дар ҳавои кушод ва дар интизори дасти кӯмаки бештар ба сар мебаранд.

Дар ин мавзеи сербод занону кӯдакон аз бими он, ки хонаҳои кафидаву садамавияшон пурра дар болояшон чаппа нашавад, бо либосҳои ғафс дар рӯи ҳавлӣ ва хаймаҳои нимасохт маскан гирифтаанд.

Сокинони ин деҳа мегӯянд, заминларза дар ин минтақа то ҳанӯз идома дорад ва субҳи панҷшанбе низ онҳо ҷунбиши заминро эҳсос кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин манзилҳои худро аксаран бо кӯмаки пайвандонашон, ки дар Русия муҳоҷиранд, бунёд кардаанд ва ҳоло намедонанд, дар сардиҳои зимистон чӣ хоҳанд кард?


Мавлоналӣ Давлатов, сокини деҳаи Найдара мегӯяд, «намояндагони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ манзили моро ба қатори нимвайронаҳо дохил карданду гуфтанд, на шумо ва на кӯдакон ба хона надароед, чунки хатарнок аст. Мо ҳайрон мондем. Ин хонаро 2 сол пеш бо пули фарзандонамон, ки 6 сол боз дар Русия кор мекунанд, таъмир кардем. Ҳоло бошад аз даромадан ба ин хона метарсем. То имрӯз ягон кӯмак дарёфт накардем, ақаллан як хайма низ надоданд, ки мо шабро дар он рӯз кунем. Мо кӯрпаҳоро бароварда, дар таги дарахти зардолу хоб мекунем. Раиси маҳалла омада гуфт, ки биёед, дар масҷид шуморо ҷо кунем. Охир мо масҷид равем, ин чизу чораи мо чӣ мешавад?»



Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ба хотири амният аксари сокинон кӯдакони хурдсоли худро ба хонаи пайвандон ба деҳаҳои дигар бурдаанд. Чинигул Каримова, сокини 52-солаи деҳаи Арбобдара гуфт, дар заминларза дар ҳоле ки келин ва набераи 8-моҳааш дар хона танҳо буданд, шифти хона ба рӯи гаҳвораи ин тифл чапа шуд. Чашмони ин тифл аз зарби резиши хок осеб дидаанд. Хонум Чинигул гуфт, набера ва келинашро барои табобат ба хонаи падараш фиристодааст. Вале худи онҳо тӯли ин чанд рӯз хӯрду хобро фаромӯш кардаанд.

Хонум Чинигул гуфт, «дина бегоҳ боз замин таккон хӯрд. Дигар аз тарс чӣ кор карданамонро намедонем.То имрӯз заминлараз мешуд, аммо на то ба ин дараҷа. Ин чанд рӯз асосан дар ҳавлӣ гашутгузор мекунем. Дирӯз як хайма бароямон доданд, гуфтанд, омада соз мекунанд, аммо бо ҳамин даракашон нест. Хайма нокушода ва дар рӯи ҳавлӣ хоб аст.»

Бозор Баҳодуров, яке аз дигар сокинони деҳаи Арбобдара омадани кормандони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ интизор нашуда, дирӯз худаш хаймаашро рост кардааст. Вале ӯ мегӯяд, кӯдакон дар ин хайма бинобар сардӣ шабро ба зӯрӣ рӯз карданд. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, бо вуҷуди он ки аксарияти манзилҳо дар ин деҳа қариб як хел зарар дидаанд, аммо на ҳама хонаводаҳо бо хайма таъмин шуданд.

Аз ҷумла дугоникҳои 5-моҳаи ин русто низ ҳоли ҳозир дар хонаи тахрибшуда нигоҳ дошта мешаванд. Бобои ин дугоникҳо Зуҳур Миров мегӯяд, аз бими он ки ба ин дугоникҳо зарар нарасад, онҳоро танҳо намегузоранд. Ба нақли ин муйсафед, хонаи онҳоро барои зиндагӣ кардан созгор ва бехатар арзёбӣ кардаанд, дар ҳоле ки сақфҳои он фурӯ рехтаву, эҳтимоли чапа шуданаш вуҷуд дорад.Вай гуфт, ҳар бегоҳ дугоникҳоро ба хонаи писараш, ки дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад, мебарад ва рӯзона ба ҳавлияшон бармегарданд. Ин мусоҳиби мо шикоят мекунад, бо вуҷуди он, ки онҳо ба кӯмак ниёз доранд,аммо то имрӯз чизе дарёфт накардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ҷониби ҳукумат барои бархе аз сокинони ин деҳот равғану орд ва макарону шакар кӯмак расонда шудааст.

Аммо Раҳмоналӣ Қурбоналиев, раиси ин деҳа дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи заминларзаи 10 ва 11 ноябр дар Арбобдара 23 манзил комилан, 49 манзил қисман хароб шудаанд. Ба гуфтаи ин масъул, то имрӯз 72 хонавода бо хаймаҳо таъмин гардидаанд ва дар назар аст, ки дар рӯзҳои наздик хонаводаҳои боқимонда низ хаймаҳоро дастрас намоянд. Ӯ мегӯяд, ба онҳое, ки манзилҳояшон пурра хароб шудааст, қитъаи замин ва барои бунёди манзил маблағ ҷудо кард мешавад.

Раҳмоналӣ Қурблналиев афзуд, дар пайи заминларза 3 нафар ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудаанд. Барои сокинони дигар, ки аксарият осеби равонӣ дидаанд, табибон кӯмаки ройгон мерасонанд.

Деҳаи Арбобдара, ки аз 130 хонавода иборат аст, дар соли 1972 бунёд шудааст. Аксарияти хонаҳо дар ин деҳа аз гил сохта шуданд ва ба гуфтаи мутахассисон тавони зилзилаи то 6 дараҷаи Рихтерро доштаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ҳоло мунтазири хулосаи зилзилашиносонанд, ки зиндагӣ дар ин деҳро барояшон бехатар арзёбӣ мекунанд ё хайр.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG