Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Варзиш ба дастгоҳи фишори геополитикӣ табдил меёбад


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бархе аз мақомҳои кишварашро, ки дар гузориши Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) ҳамчун "иҷрогарони мустақим"-и санҷишҳои дурӯғини допингӣ зикр шудаанд, муваққатан аз вазифаҳояшон барканор кардааст. Бар асоси хабари сомонаи расмии Кремл, Путин аз WADA хостааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш дар мавриди истифодаи допинг дар варзиши Русия иттилои "бештар ва холисонатар" пешниҳод кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гуфт, аммо ин қарори раисиҷумҳури Русия ба вазири варзиш Виталий Мутко дахл надорад. Чун, ба гуфтаи ӯ, "Мутко дар гузориши WADA ҳамчун "иҷрогари мустақим" зикр нашудааст".

Рӯзи 18 июл WADA гузоришеро муаррифӣ кард, ки бар асоси он ташхисгоҳи зиддидопингии Русия барқасдона истифодабарии допингро аз сӯи варзишгарони рус махфӣ нигоҳ доштааст. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти амнияти федеролӣ дар ин амал даст доштааст.

WADA даъват кардааст, ки варзишгарони рус аз ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шаванд.

Раисиҷумҳури Русия айбҳои эълонкардаи Оҷонсиро рад накардааст, вале онҳоро "талоши табдил додани варзиш ба дастгоҳи фишори геополитикӣ" унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG