Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Светлаков бо хараш ҳамаи ҳамсояҳоро безор кардааст


Даромадгоҳи тарабхонаи "Эшак"
Даромадгоҳи тарабхонаи "Эшак"

Сергей Светлаков, бозигари “Comedy Club»-и русӣ, ки ҳар зуҳури ӯ дар экрани телевизион дили мухлисонро аз ханда лабрез мекунад, ахиран даст ба як фаъолияти дигар зад, ки он ҳам бӯе аз комедӣ дорад, аммо ба андозаи ҳунарнамоиҳои қаблиаш пешрафт накард.

Светлакови 35-сола, ки борҳо барои тарҳҳои мазҳакавиаш ҷоиза ба даст овардааст, ин сафар тасмим гирифт, ки ҳунари худро дар ошхонадорӣ бисанҷад. Ӯ ахиран дар Киев, пойтахти Украина ресторанеро боз кард, ки агар номаш ва шеваи кораш дигар мебуд, шояд дар байни тарабхонаҳои дигар гумном мешуд.

Ӯ барои он ки муштариҳо раҳи тарабхонаашро гум накунанд, як хари зиндаро дар назди ресторан тавила бастааст, ки садои ҳангосаш ба маҳаллаҳои дуртар мерасид . Светлаков барои бунёди ин тарабхона, ки «Эшак» ном дорад, 1,5 миллион доллар сарф кардааст.

Шикоёти ҳамсояҳо аз тарабхонаи "Эшак"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Мардум аз ҳамсоягӣ бо тарабхонаи Сергей Светлаков, ки тамоми ошёнаи аввалро банд карда бу,д ба дод омадаанд, то ҷойе ки садои онҳо аз садоҳои дохили тарабхона ва дуди қалён баландтар шуд. Онҳо ба мақомоти маҳаллӣ ва ҳатто ба раисҷумҳури Украина номаи шикоятӣ навиштанд, ки аз рӯзи ҳамсоягӣ бо тарабхонаи «Эшак» на хоб доранд ва на осоиш.

Онҳо мегӯянд, системаи ҳаводиҳии тарабхона деворҳои онҳоро меларзонад ва дурбинҳои амниятии он пайваста зиндагии онҳоро таҳти назорат дорад.


Сергей Светлаков
Сергей Светлаков
Ду ҳафта пеш як субҳ бошандагони бинои тарабхона вақте аз хоб бедор шуданд атрофро орому сокит дарёфтанд. Дигар на хар буду на садои хар. Тарабхона ҳанӯз баста нашудааст ва Светлаков мехоҳад харро барои идомаи ролаш бозпас биёрад.

Ҳоло ҳам соҳиби тарабхона ва ҳам сокинони атрофи он дар пайи иқдоми минбаъда ҳастанд. Светлаков мехоҳад харашро ба ресторан баргардонад, аммо бошандагон мехоҳанд, ки Светлаков ба ин шоу хотима бахшад.

Акнун қарорро бояд мақомот бигиранд, ки чун ҳайъати ҳакамон дар ҳар намоиши хуби телевизионӣ ҳанӯз ошкор накардаанд, ки ба фоидаи кӣ овоз хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG