Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти 45-уми Амрико. Трамп кист? АКСУ ВИДЕО


Доналд Трамп раиси ҷумҳури 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд. Назарсанҷиҳо шикасти Трампро пешгӯӣ мекарданд, вале ӯ интихоботро бурд. Номзади 70-солаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки як умр ба тиҷорат машғул буда, ҳеҷ гоҳ дар ниҳоди давлатӣ кор накардааст, акнун ба Кохи Сафед мекӯчад.

Аммо на ҳар хоке, ки Трамп ба даст мегирифт, ба зар табдил меёфт. Дар солҳои 90-ум се казинои ӯ дар Ню Ҷерсӣ муфлис шуд.

Миллиардери густох сиёсатмадорон ва раҳбарони ҳизбро дар ҳайрат гузошт, чун 16 довталаби курсии раиси ҷумҳурро гузашт ва дар анҷумани ҳизб дар Кливленд, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ шуд. Трамп ҳеҷ гоҳ ба сиёсат машғул нашудааст ва ӯро ба ҳайси номзаде мешиносанд, ки мухолифи доираҳои ҳукмрон аст. Ӯ аксар вақт мухолифонашро беибо дар мунозираҳои телевизионӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ танқид кардааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Трамп кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:46 0:00

​Охирин рақибони ӯ дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ, сенатор аз Техас Тед Круз ва губернатори Оҳаё Ҷон Касик буданд. Доналд Трамп ҳардуро шикаст дод ва ҳаққи иштирок дар интихобот ва рақобат бо Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократро ба даст овард. Маъракаи интихоботиашро бо шиори "Азамати пешини Амрикоро бармегардонем" пеш бурд ва ваъда дод, ки андозро коҳиш медиҳад ва ҷойҳои кории нав меофарад.

Вале ӯ ҷузъиёте дар бораи барномаҳояш намедод ва зуд-зуд ақидаҳояш ҳам тағйир меёфт. Ӯ ваъда дод, ки "қонун ва тартибот"-ро беҳтар мекунад ва барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Мексика байни Амрикову ин кишвар як девор месозад ва пули деворро ҳам бояд Мексика бипардозад.

Ӯ ваъда дод, ки барои пайдо кардани террористон муҳоҷирони мусулмонро бисёр дақиқ тафтиш мекунанд ва ҳатто гуфт, ки вуруди мусулмононро ба Амрико манъ мекунад, вале баъдан аз ин гуфтааш даст кашид.

Доналд Трампи 70-сола Барак Обамаро раҳбари заифе медонад ва сиёсати ӯ дар Сурия ва дигар гӯшаҳои доғи ҷаҳонро ноком мешуморад. Ӯ бахусус созиши байналмилалии атомӣ бо Эронро, ки соли 2015 бо ширкати фаъоли Вашингтон имзо шуд, башиддат танқид кардааст. Ӯ дар бораи Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, ӯ "бадтарин вазири умури хориҷӣ»" дар таърихи Амрико буд ва Путинро «раҳбари олӣ» номида ситоиш кардааст.

Доналд Трамп чанд дафъа дониши камаш дар сиёсати хориҷиро нишон дода ва аз ҷумла гуфтааст, ки дар бораи ғасби нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия хабар надорад. Гузаштагонаш решаҳои олмонӣ ва шотландӣ доштаанд, худаш дар Ню Йорк ва дар оилаи Фред Трамп, як соҳибкори сарватманд ба дунё омадааст.

Падараш ба сохтмон ва фурӯши амволи ғайриманқул машғул буд. Доналд Трамп мактаби хусусии "Академияи низомии Ню Йорк"-ро хатм карда ва чанд сол дар Донишгоҳи Фордем дар Бронкс таҳсил кардааст. Соли 1968 мактаби иқтисодии Донишгоҳи Пенсилванияро хатм карда ва унвони бакалаврро гирифтааст. Дар артиш хидмат накардааст ва дар замони ҷанги Вйетнам ё ба сабаби донишҷӯ будан ва ё беморӣ ӯро ба ҷанг набурдаанд.

Ҳанӯз дар замони таҳсилаш дар коллеҷ Доналд Трамп дар яке аз ширкатҳои падараш кор мекард. Соли 1999 баъди марги падараш раҳбари ширкати сохтмонии ӯ шуд. Ширкати Трамп дар саросари дунё ва бахусус дар Ню Йорк чандин биноҳои осмонхарош ва казино сохтааст ва озмунҳои байналмилалии маликаи зебоӣ баргузор кардааст.

20 акс аз гузаштаву имрӯзи Трамп:

Чанде аз ширкатҳояш муфлис шудаанд, ба ғайр аз ин дар таъсиси донишгоҳ ноком шуд. Доналд Трамп, ки сарваташ аз 3 то 3. 7 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, ба ҳайси муҷрии барномаи «Номзад» ҳам шӯҳрат ёфт, ки намоиши он соли 2004 шурӯъ шуд.

Дар поёни барнома ӯ ба ҳар яке аз довталабони кор дар ширкаташ мегуфт, ки «Ту аз кор хориҷ шудӣ». Соли 2016 телевизиони Эн Би Си барномаи Трампро барои суханони таҳқиромезаш дар бораи муҳоҷирон қатъ кард. Доналд Трамп се бор издивоҷ карда ва панҷ фарзанду 8 набера дорад. Духтараш Иванка ва писаронаш Доналд ва Эрик дар маъракаи интихоботиаш нақши муҳим бозидаанд. Доналд Трамп пайрави яке ҷараёнҳои протестантӣ аст.

XS
SM
MD
LG