Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доналд Трамп, президенти нави Амрико фармондори аёлати Каролинаи ҷанубӣ Никки Ҳейлиро ба унвони намояндаи он кишвар дар СММ муаррифӣ кард. Хонум Никки Ҳейли як ҳиндутабори ҷумҳурихоҳ аст ва дар даврони маъракаи интихоботӣ аз мунтақидони Доналд Трамп буд.

Ба ин тартиб, Никки Ҳейли нахустин зане аст, ки яке аз мансабҳои баланд дар ҳукумати Доналд Трампро соҳиб мешавад ва дувумин зани осиётабори амрикоӣ аст, ки ба мақоми намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид мерасад. Падару модари Никки Ҳейлӣ муҳоҷир аз аёлати Панҷоби Ҳиндустон мебошанд, ки ба Амрико омадаанд.

Маҷаллаи "Times" дар соли 2016 Некки Ҳейлро яке аз 100 чеҳраи таъсиргузори ҷаҳон муаррифӣ кард."

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи 23 ноябр дар як баёния гуфтааст, ки "фармондор Ҳейли дар корномаи худ нишон додааст, ки амри пешбурди сиёсатҳои муҳим барои пешравии аёлати худ ва кишварамон метавонад афродро новобаста аз собиқа ва вобастагиҳои ҳизбӣ, дар афрофи худ ҷамъ кунад."

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико баён кардааст, ки фармондори аёлати Каролинаи ҷанубӣ "муомилагар"-и хубе аст ва ба маҳорати ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ ниёз доранд. Тими интиқолии Доналд Трамп сафарҳои хориҷии Никки Ҳейлиро барои музокира бо ширкатҳои байналмилалӣ аз нуқтаҳои қуввати вай зикр кардаанд.

Никки Ҳейли ҳам бо судури баёния гуфтааст, ки "Амрико бо чолишҳои фаровоне дар дохил ва саҳнаи байналмилалӣ рӯбарӯст ва ман ифтихор мекунам, ки раиси ҷумҳури мунтахаб аз ман хостааст, ки ба тимаш бипайвандам."

Хонум Ҳейли дар чанд маврид аз Доналд Трамп интиқод карда буд.

Хонум Ҳейли дар чанд маврид аз Доналд Трамп интиқод карда буд.

Никки Ҳейли 44-сола духтари як хонаводаи сик ё сихмазҳаби ҳиндӣ аст ва аз соли 2011 то ба ҳол фармондори аёлати Каролинаи ҷанубӣ мебошад. Маҷаллаи "Times" дар соли 2016 вайро яке аз 100 чеҳраи таъсиргузори ҷаҳон муаррифӣ кард.

Никки Ҳейли дар вокуниш ба ҳамлаҳои Доналд Трамп ба мексикиҳо, мусалмонон ва изҳороти ё алайҳи занон гуфта буд, ки "ҳама чизҳое, ки як фармондор намехоҳад, дар як раиси ҷумҳур бубинад," дар Доналд Трамп вуҷуд дорад. Хонум Никки Ҳейли аз ҳимояти Трамп аз нажодпарастони сафедпӯст мухолифат карда буд ва ба изҳороти Доналд Трамп дар мавриди мусалмонон низ эътироз кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG