Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва "американизм, на глобализм". ВИДЕО


Дар суханронии худ дар рӯзи охирини анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки рӯзи 21 июл дар шаҳри Кливланди Оҳайё ҷараён гирифт, Доналд Трамп ба дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии ИМА муроҷиат кард. Вай гуфт, дидгоҳҳои ӯ ва тарафдоронаш аз он чи ки рақибон дар сангари демократҳо пешниҳод мекунанд, комилан фарқ мекунад. Вай гуфт, дар навбати аввал ӯ аз манфиатҳои ИМА, на ҷаҳон ҳимоят хоҳад кард. Яке аз аввалин сангҳое, ки аз ҷониби ӯ ба сангари демократҳо партофта шуд, марбут ба вазъ дар Ховари Миёна буд.

Вай гуфт, дар соли 2009 ҳанӯз масъалаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” мавриди баррасӣ набуд. Ба гуфтааш, он замон Либия ва Миср кишварҳои босубот буданду Ироқ чандон ғарқи хушунат набуд. Эрон дар чаҳорчӯби таҳримҳо амал мекарду Сурия таҳти назорат қарор дошт.

Трамп ҳизби демократ ва Ҳилларӣ Клинтон - вазири онвақтаи умури хориҷаи Амрико ва имрӯз рақиби аслиаш дар интихоботро - дар он муттаҳам кард, ки баъди 15 соли ҷанг дар Ховари Миёна ва қурбонии триллионҳо доллару ҷонҳои инсонӣ, вазъро аз пештара бадтар кардааст. Вай гуфт, яке аз ҳадафҳои асосии ӯ ҳоло “Давлати исломӣ” мешавад:

“Барои ҳифзи ҷони ҳамаи шаҳрвандони мо, бояд бо таҳдидҳои афзоянда аз хориҷи кишвар посух дода тавонем. Мо гурӯҳи ваҳшии “Давлати исломӣ”-ро ба зудтарин фурсат хунсо хоҳем кард”.

Д.Трамп: "Мероси Клинтон - харобӣ, терроризм ва заъф!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

Барои расидан ба ин ҳадаф, гуфт Трамп, ИМА бояд ҳамроҳ бо муттафиқонаш, аз ҷумла Исроил, ҳамкории наздик ба роҳ монда, зидди, ба гуфтааш, “Давлати исломӣ” ва “терроризми исломӣ” сареъ иқдом кунад. Яке аз нуқтаҳои заъф дар ин сиёсат, ба эътимоди Трамп, паймони низомии НАТО аст, ки ҳоло баъди интиқодҳои ӯ тадриҷан ислоҳ мешавад.

“Чанде пеш ман гуфта будам, ки НАТО дигар кӯҳна шуд. Ин созмон натавонист ба таври муносиб аз террор ҷилавгирӣ кунад. Инчунин, аъзои дигари ин созмон ҳаққи узвияти худро ба таври одилона пардохт намекунанд. Мисли ҳамеша, бори гарон ба дӯши ИМА аст. Чанде баъди ин эълон карданд, ки НАТО барномаи нави муқобила бо терроризмро таҳия мекунад. Ин иқдоми дуруст аст”.

Рӯзе пеш аз суханронӣ дар анҷумани ҳизбӣ, дар сӯҳбаташ бо нашрияи “Ню-Йорк Таймс” ӯ гуфт, ки дар сурати аз ҷониби Русия ишғол шудани қаламравҳои кишварҳои узви НАТОи Назди Балтика, ӯ барои кӯмак ба онҳо шитоб нахоҳад кард.

Яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи Трамп, мисли гузаштаҳо, мавзӯи муҳоҷират ва пазириши муҳоҷирон аз кишварҳои ғарқаи ҷанг дар нуқоти амни ҷаҳон буд. Вай гуфт, бояд дар ИМА барномаи пазириши муҳоҷирон аз кишварҳое боздошта шавад, ки дучори терроризм шудаанд. Вай гуфт, то замоне, ки механизми дурусти қабули онҳо ба роҳ монда нашавад, ин муҳоҷирон набояд ба қаламрави ИМА роҳ ёбанд.

Доналд Трамп яке аз маъракаҳои бесобиқаи президентиро дар таърихи навини интихоботҳои ИМА ба роҳ монда, дар бисёр ҳолатҳо аз ҷониби ҳам тарафдоронаш дар ҳизби ҷумҳурихоҳ ва ҳам мухолифонаш аз ҳизби демократ интиқод шудааст. Бахусус баъди изҳороти баҳсбарангези ӯ дар бораи масъалаи муҳоҷират ва вазъи мусалмонон, ӯро борҳо дар адовати миллӣ ва нажодӣ айбдор кардаанд. Вале бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд, ӯ тавонист номзади пуртарафдори ҷумҳурихоҳҳо дар интихобот шавад.

XS
SM
MD
LG