Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси сабабҳои болоравии қурби $ дар ҷаласаи Бонки Миллӣ


Дар як ҷаласаи раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии кишвар сабабҳои болорави қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ баррасӣ шудааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, "каммасъулиятии раҳбарони ташкилоти қарзӣ" ва "суистифодаи кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор"-ро аз иллатҳои болоравии қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ донистааст. Дафтари матбуоти Бонки Миллӣ рӯзи 30 ноябр эълон кард, ки сабабҳои болоравии қурби доллар ду рӯзи пеш дар ҷаласаи раҳбарияти ин бонк ва ташкилоти қарзӣ баҳс шудааст.

Оқои Нурмуҳаммадзода гуфтааст, "вазъи бозори асъор, ба ҷуз дар як муддати кӯтоҳ, бо иллати паст будани масъулият ва аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда нашудани назорат аз болои кори нуқтаҳои мубодилаи асъор болоравии босуръати қурби доллари амрикоӣ ба миён омад. Аз ҳолати мавҷуда кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ моҳирона истифода бурда, бидуни ягон асос қурби асъори хориҷиро баланд бардошта, даромади муфт ба даст оварданд."

Рӯзи 30 ноябр дар саррофии назди бинои "Агроинвестбонк" дар Душанбе нархи хариду фурӯши доллар 7 сомониву 10-35 дирам навишта шудааст

Рӯзи 30 ноябр дар саррофии назди бинои "Агроинвестбонк" дар Душанбе нархи хариду фурӯши доллар 7 сомониву 10-35 дирам навишта шудааст

Раиси Бонки Миллӣ афзудааст, "нисбат ба ташкилоти қарзие, ки талаботи Бонки миллиро иҷро накардаанд ва ё худсарона вайрон намудаанд, дар шакли ҷаримаҳои калон чора андешаида мешаванд."

Қурби ғайрирасмии доллар 30 ноябр дар саррофиҳои Душанбе ба 7 сомониву 40 дирам баробар шуд. Бархе аз сокинони пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо вуҷуди дар як ҳафта якбора 40 дирам қимат шудани доллар дар баробари пули миллии сомонӣ, пайдо карданаш низ мушкилтар шудааст.

Як сокини пойтахт, ки аз хориҷ мол ворид мекунад, гуфт, дар бозор бо сомонӣ савдо карда, сипас пулҳояшонро ба доллар иваз мекунанд ва ҳоло ин бебандуборӣ дар бозори арз ба кори онҳо халал ворид кардааст. “Ҳар рӯз доллар қимат мешавад ва ҳар рӯз мо зарар мебинем. Ба болои қиматияш ёфтани доллар хеле мушкил шудааст. Бисёре аз саррофон мегӯянд, ки доллар надоранд,” -- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Як ҳафта пеш қимати фурӯши доллари амрикоӣ дар бозори ғайрирасмӣ 7 сомонӣ буд. Дар нархномаи овехтаи саррофиҳо дар шаҳри Душанбе ҳоло нархи хариду фурӯши як доллари амрикоӣ аз 6 сомонию 73 то 6 сомонию 80 дирам нишон дода шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон – ниҳоди масъули танзими риштаи бонкдорӣ ва бозори асъори ин кишвар – низ қурби расмии доллар дар муқобили сомонӣ – пули миллии Тоҷикистонро барои рӯзи 30 ноябр 6 сомонию 72 дирам муқаррар кардааст. Муомилаҳои бонкӣ бо доллар дар ин рӯз бояд тибқи ҳамин қурби расмӣ анҷом шаванд. Ҳафтаи гузашта ин рақам ба 6 сормниву 67 дирам баробар буд.

​Иқтисоддонҳо коҳиши қурби сомониро беш аз ҳама натиҷаи таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия медонанд, ки боиси ба ҳисоби доллар беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон шуд. Масъулони Бонки миллӣ мегӯянд, беш аз 90 дарсади ин пул бо рубли русӣ фиристода мешавад ва ба ҳисоби рубл, ҳаҷми пулҳои интиқолӣ кам нашудааст. Вале азбаски дар як соли охир қурби рубл дар муқобили доллару евро тақрибан ду маротиба пойин рафт, фишори он ба қурби сомонӣ ҳам мушоҳида мешавад.

Қурби доллар дар муқобили сомонӣ аз моҳи сентябри соли 2014 ба ин тараф аз 5 сомонию 15 дирам то, инак, 7 сомониву 40 дирам, яъне ҳудуди 40 дарсад боло рафтааст.

Дар моҳи майи соли равон дар пайи як чунин афзоиши босуръати қурби доллару евро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар тӯли чанди гузашта тавонист то ҷое қурби сомониро ба истилоҳ “биқапад.” Вале иқтисоддонҳо мегуфтанд, ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ ва амсоли ин ҳосил шудааст ва ин мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад битаркад.

Як моҳи пеш Бонки миллӣ эълон кард, ки ба бонкҳо ҳаққи мустақилона муқаррар кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷиро бармегардонад. Дар пайи ин қурби доллар, ки расман дар ҳудуди 6 сомонию 50 дирам “дармонда” буд, як каме ҷунбид ва ба 6 сомонию 70 дирам расид. Инак ба марзи 7 сомониву 40 дирам расидани қурби доллар нишон медиҳад, ки ин ҳама қуллаҳои қаблан фатҳкардаи доллари Амрико дар бозори асъори Тоҷикистон истгоҳи ниҳоӣ набудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG