Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилҳои уфти сомонӣ дар баробари доллар


Дар чанд рӯзи ахир қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбев рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Дар як ҳафтаи охир қурби доллар нисбат ба сомонӣ ҳудуди ҳафт дирам боло рафт. Ҳоло дар саррофиҳо як доллар ба 4 сомониву 93 дирам фурӯхта ва ба 4 сомониву 95 дирам харида мешавад. Аммо бо ин нарх доллар харидан аз саррофиҳои пойтахт тақрибан номумкин аст, зеро саррофон мегӯянд, доллар надоранд, аммо дар ивази нархи хеле болотар метавонанд пайдо кунанд. Дар панҷ нуқтаи фурӯши арз дар гӯшаҳои гуногуни Душанбе барои сад доллари амрикоӣ на камтар аз 500 сомонӣ дархост карданд.

Раҷаб Саидов, яке аз моликони нуқтаи саррофӣ дар назди Фурӯшгоҳи марказӣ, ки низ гуфт, доллар надорад, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» вазъро ин гуна тафсир кард: «Аз дирӯз нархи доллар ба панҷсад сомонӣ расида буд. Субҳи имрӯз Бонки миллӣ ба ҳар нуқта аз ҷумла ба мо 3 ҳазор доллар бо нархи 4 сомониву 93 дирам фурӯхтанду гуфтанд онро бо нархи 4 сомониву 95 дирами фурӯшем. Мо аз субҳ ин миқдор долларо аллакай фурӯхта тамом кардем».

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки дар чанд рӯзи охир бинобар зиёд шудани талабот ба доллар нархи он ҳам боло рафт. Ба таъкиди ӯ, афзоиши талабот ба кушода шудани роҳ ба Чин пас аз боришоти зиёд бастагӣ дорад ва соҳибкорон аз бозор доллари зиёд харида, ба хотири ворид кардани мол ба Тоҷикистон озими ин кишвар мешаванд.

Дар Тоҷикистон мардум ба уфту хези қурби доллар нисбат ба сомонӣ беш аз кишварҳои дигар аҳамият медиҳанд. Чунки бо боло рафтани қурби доллар сокинони Тоҷикистон, гарон шудани маҳсулоти воридотиро дар бозор пешбинӣ мекунанд. Чунин мол бахши аъзами бозори дохилиро ташкил медиҳад.
Нурулло Соҳибов, як сокини Душанбе дар ин робита мегӯяд: «Ҳама чиз қимат мешавад. Соҳибкорон мегӯянд, ки борашонро бо доллар мехаранд. Бор аз дасти даҳ тоҷир ҳам гузарад, билохира онро ягон сокини оддӣ мехарад. Дар охир ҷабрро боз ҳамон халқи камбағал мекашад».

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳам мегӯянд, вобастагии афзояндаи Тоҷикистон аз моли воридотӣ яке аз омилҳои болоравии қурби доллар дар кишвар аст.
Иқтисодшинос Баҳром Шарифов мегӯяд, гароншавии доллар нисбат ба сомонӣ се омили асосӣ дорад: «Воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар бинобар арзон шудани нархи алюминий ва умуман коҳиш ёфтани истеҳсолоти он ва поин рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад. Аз ҷониби дигар гардиши савдои хориҷӣ зиёд шуда талабот ба доллар бештар шудааст».

Аммо ҷаноби Шарифов афзуд, Бонки милли Тоҷикистон аз захираи кофии арзи хориҷӣ бархӯрдор аст ва бо ворид кардан миқдори кофии доллар ба бозор, метавонад қурби сомониро ба эътидол орад. Аз сӯи дигар, пули мефиристодаи муҳоҷирон низ ба таҳкими пули миллӣ мусоидат мекунад.

Абдуғаффор Қурбонов
Абдуғаффор Қурбонов
Зимнан, бархе аз коршиносон мегӯянд, ҷаҳиши қурби доллар ҳамчунин ба поин рафтани арзиши рубли русӣ- пули миллии яке аз коршарикони муҳими Тоҷикистон -- Русия ва тангаи Қазоқистон низ вобастааст, ки дувумӣ якбора 19 дарсади қурбашро аз даст додааст. Аммо масъулони Бонки миллӣ мегӯянд, ин таҳаввулот дар хориҷ ба Тоҷикистон таъсири зиёде надорад ва ҷое барои нигаронӣ нест.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ гуфт: «Ин бозор аст, вобаста ба талабот қурби асъори хориҷӣ болову поин меравад. Ҳар сол одатан дар моҳи январу феврале қурбҳо каме болову поин мераванд ва барои безобита шудан асосе нест. Дар маҷмӯъ, аз соли гузашта қурби доллар дар нисбат ба сомонӣ дар атрофии 4 сомониву 94-95 дирам қарор дорад».

Таварруми сомонӣ дар соли охир 3,7 дарсад буд ва ба гуфтаи Бонки миллӣ таи даҳсолаи охир мизони таваррум ба сурати рекордӣ поин буд. Дар соли ҷорӣ бошад тибқи пешбинии ин бонк сатҳи таваррум то 7,5 дарсадро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG