Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби доллар аз 6 сомонӣ гузашт. Истгоҳи охирин куҷост? (ВИДЕО)


Қурби доллар дар Душанбе. Рӯзи 5 март

Қурби доллар дар Душанбе. Рӯзи 5 март

Қурби доллар дар дӯконҳои саррофии Тоҷикистон аз марзи 6 сомонӣ гузашт. Дар як соли охир қурби сомонӣ нисбат ба доллар аллакай 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар дӯконҳои саррофии пойтахти Тоҷикистон аз марзи 6 сомонӣ барои 1 доллар гузашт. Рӯзи 5 март дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе 1 доллари амрикоӣ 6 сомонию 7 дирам харида ва 6 сомонию 9 дирам фурӯхта мешуд. Рӯзи 5 марти соли 2014, яъне як сол пеш, қурби доллар дар Душанбе 4 сомонию 96 дирам буд.

Аммо қурби асъори дигар, аз ҷумла евро – воҳиди пулии умумии кишварҳои Аврупо ва рубли русӣ зиёд тағйир наёфтааст. 1 евро дар саррофиҳои пойтахти Тоҷикистон ба нархи 6 сомонию 60 дирам харидорӣ ва бо қимати 6 сомонию 63 дирам фурӯхта мешавад.

Рубли русӣ, ки аксари муҳоҷирони тоҷик пасандозҳои худро аз Русия бо ҳамин пул овардаанд, низ тақрибан бетағйир боқӣ мемонад. Рӯзи 5 март дар саррофиҳо 1000 рубли русӣ бо қимати 95 сомонӣ харидорӣ ва 98 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Аз марзи 6 сомонӣ гузаштани қурби доллари амрикоиро Бонки миллии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад. Вале дар хабаре, ки рӯзи 5 март дар сомонаи Бонки миллӣ нашр шуд, танҳо дар бораи як каме аз ҳадди 6 сомонӣ гузаштани қурби доллар сӯҳбат мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон

Дар ин хабар аз ҷумла омадааст: Дар чанд рӯзи ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,9930-6,0110 сомониро ташкил намуд. Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,0960-0,0970 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,5990-6,6210 сомонӣ ба як евро баробар шуданд. Имрӯз, 5 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 6,0330-6,0480 сомонӣ, ш. Хуҷанд 6,0500-6,0700 сомонӣ ва ш. Қӯрғонтеппа 6,0400-6,0600 сомониро ташкил намуд.»

Қурби пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ – чанд моҳ боз аз ҷумла ба далели фишори бӯҳрони иқтисодии Русия дар бозори асъор мунтазам пойин меравад. Қурби сомонӣ дар моҳи апрели соли 2014 бори аввал аз марзи 5 сомонӣ гузашт ва дар чанд ҷастухез то поёни моҳи сентябр ба ҳадди 5,5 сомонӣ ва инак ба 6 сомонӣ барои як доллар расид.

Қурби доллар дар Душанбе. 5 марти соли 2014

Қурби доллар дар Душанбе. 5 марти соли 2014

Бонки миллии Тоҷикистон дар муқобили ин ҷастухезҳои қурби доллар асосан аз мудохила ё интервенсия дар бозори арз кор мегирад. Барои мисол, Бонки миллӣ рӯзҳои 30 сентябр – 1 октябри соли 2014, вақте қурби доллар якбора боло рафт, беш аз 7 миллион долларро ба бозор рехта, як муддат пеши уфти қурби пули миллиро гирифт.

Аммо иқтисоддонҳо мегуфтанд, ин иқдомот танҳо таъсири муваққат доранд ва дар сурати идомаи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русияву коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони тоҷик ва коҳиш ёфтани манбаҳои дигари даромади арзии кишвар, аз ҷумла коҳиши нарх ва ҳаҷми фурӯши алюминий ва пахта – ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон – қурби сомонӣ дар муқобили доллар ҳамчунон пойин хоҳад рафт.

Доллар ба далели тақвияти тавонмандиҳои иқтисоди Амрико ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони иқтисодии соли 2008 дар ин бузургтарин иқтисоди дунё аз тобистони соли гузашта ба ин тараф хеле ҷон гирифта, нафақат қурби сомонӣ, балки миёни хеле пулҳои аз пули Тоҷикистон тавонотар, чун евро ва рублро низ шикастааст.

Бо убури марзи инак 6 сомонӣ ҳам, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, уфти қурби сомонӣ ист нахоҳад кард, зеро зербинои тавоное, ки битавонад суботи пули миллии Тоҷикистон таъмин кунад, то ҳол дар ин кишвар ба вуҷуд наомадааст. Бонки миллӣ ахиран ба хотири ҳифзи қурби пули миллӣ хостори танҳо бо пули сомонӣ анҷом додани тамоми муомилоти молию пулӣ ва харидуфурӯшҳо дар Тоҷикистон шуд.

Аммо ин даъвати "патриотӣ"-и Бонки миллӣ дар ин кишвар, ки аксари муомилаҳои бузургашонро - аз харидуфурӯши хонаву мошин то ҳатто ҳаҷми пораро - чӣ сокинону чӣ ширкатҳо ва чӣ мансабдорон бо доллар анҷом медиҳанд, ҳамовозии чандон гарме пайдо накард. Як василаи асосии мудохилаи Бонки миллӣ дар ин бозор интервенсияҳост, ки низ василаи дар дарозмуддат муассире нест, балки метавонад боиси коҳиши захираи тилову асъори Тоҷикистон шавад.

Дар шароити ин кишвари аз нигоҳи иқтидори иқтисодӣ заифтарини Шӯравии собиқ, ки бе ин ҳам ба далели коҳиши талабот ба алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва инак, кам шудани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷиронаш аз Русия дар як вазъи вазнине қарор дорад, коҳиши башиддати захираи тилову асъор метавонад дар оянда мавҷҳои нави уфти сомониро таҳрик диҳад. Дар он шароит, ки Бонки миллӣ имкони истифода аз ин танҳо василаи зери дасташро ҳам аз даст медиҳад, қурби сомонӣ метавонад ба «шинои озод» («свободное плавание») барояд. Чунин «шинои озод» дар моҳи декабр дар зарфи ҳамагӣ чанд рӯз қурби рубли русиро қариб ду маротиба пойин оварда буд.

Захираи тилову асъори Тоҷикистон то 1 январи соли 2015, бино ба омори расмии Бонки миллӣ, 1 миллиарду 79 миллион долларро ташкил медод. Ҳамагӣ якуним моҳ пеш аз соли нав, дар таърихи 14 ноябри соли 2014 Бонки миллӣ захираи тилову асъорашро беш аз 1,2 милиард доллар баровард карда буд. Яъне дар байни ҳамагӣ якуним моҳ қариб 120 миллион доллар аз ин захира коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла барои таъмини суботи қурби пули миллӣ дар бозори арз.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG