Пайвандҳои дастрасӣ

Сагҳои дайду дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо ҳамла ба сокинони ин манотиқ боиси нигаронии аҳолӣ шуданд.

Тибқи омори расмӣ аз аввали соли ҷорӣ то кунун бар асари ҳамлаи сагҳои дайду дар вилояти Хатлон ҳудуди 3 ҳазору 300 нафар осеб дида ва ба пизишкон муроҷиат кардаанд. Аммо мавориде низ вуҷуд дорад, ки сокинон бо вуҷуди зарар аз ҳамлаи сагони ҳорӣ ба пизишкон муроҷиат намекунанд.

Бибируқия Абдуллоева, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷумлаи осебдидагони ҳамлаи як саги дайду аст. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, саг ба ӯ дар ҳоле ҳуҷум кард, ки аз кор ба хона бармегашт. Бибируқия, ки аз ин ҳамла захмҳои амиқ бардоштааст, мегӯяд, “Наздикии ҷои корам буд, ки каме ҳаво торик буд, вале саг ба ман дарафтод ва куртаҳоям ҳатто дарид, як мард омада гуфт, ки биё ба духтур барам, вале ман аз тарс духтур нарафтам. Хоҳарамро низ саг газида буд, ки вай духтур рафта буд.

Пизишкон низ мегӯяд, мардум дар вақти осеб диданашон аз сагҳо беаҳамиятӣ мекунанд ва сари вақт муроҷиат намекунанд ва чунин бетаваҷҷуҳӣ гоҳҳо онҳоро ба марг мерасонад.

Масъулони беҳдоштии вилояти Хатлон мегӯянд, ахиран ду сокини навраси ноҳияи Бохтару Ҷилликул дар пайи ҳамлаи сагҳои девона ҷон бохтаанд. Нурулло Бояков, сардори бахши назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон низ сабаби фавти ин ду наврасро ба дер муроҷиат кардани пайвандони онҳо ба пизишкон марбут донист,

“Ин кӯдакон баъди газидани саг ба духтур муроҷиат накарданд, вале огоҳ шудем, ки онҳоро саги ҳорӣ газида буд. Вақте, ки барои мо хабарнома мерасад, мо пурсон мешавем, ки чӣ гуна саг буд ва кай газид, мутахассисони мо назорат мебаранд. Аммо сагҳои хонагие низ ҳастанд, ки дар хона эм ва нигодории хуб намешаванд.”

Идораи байтории вилояти Хатлон ба хотири ҳимояти бошандагони ин манотиқ 4250 сагу гурбаи бесоҳибро нобуд кардааст. Ташхиси лабораторӣ низ мушаххас кардааст, ки қисме аз ин сазҳо ҳорӣ буданд. Аммо масъулони идораи байтории вилояти Хатлон мегӯяд, ки 90 дар сади осебдидаҳо дар ин вилоят умдатан аз ҳамлаи сагони хонагӣ зарар дидаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони идораи байтории вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нест кардани сагҳо аз тариқи шикор, роҳи ҳалли ҷилавгирӣ аз афзоиши сагҳо дар кӯчаю хиёбонҳо нест, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҳамла ба сокинон, маҷбур ҳастанд, ки ин ҳайвонотро нобуд созанд.

Як масъули ин идора бидуни бурдани номаш гуфт, “бояд дар шаҳру ноҳияҳо дар назди КЖП –ҳо барои нигоҳдории сагҳо пул ва як ҷои махсусе ҷудо шавад, ки сангҳои дайду то пайдо кардани соҳибашон онҷо нигоҳдорӣ шаванд, аммо ин гуна ҷой вуҷуд надорад ва мо маҷбурем, ки ин гуна сагҳоро нобуд созем. Ин чизҳо дар кишварҳои дигар аст, ки сагро паррондан, куштан мумкин нест ва ҳатто ҷарима дорад.”

Дар ҳоле, ки идораи байтории вилояти Хатлон роҳи мубориза бо сагони дайду ва гирифтори бемории ҳориро дар нобуд кардани онҳо медонад, аммо 54 ҳазор сокини вилоят, ки дар хонаҳояшон саг доранд, хоҳони гирифтани шиноснома барои сагҳояшон ҳастанд. Чун дар ин санад, ки шиносномаи саг аст, ному насаби соҳиби саг, макони зист ва лақаби он сабт мешавад. Як шиноснома барои саг ҳудуди 10 сомонӣ арзиш дорад ва ҳоло беш аз 100 нафар баъди моякубӣ ё эм кардани сагҳояшон, шиноснома дарёфт кардаанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиалогӣ дар Хатлон низ ҳадаф аз шиноснома додан ба сагҳоро таъмини амнияти сокинон арзёбӣ мекунанд. Шаҳрвандоне, ки аз афзоиши ҳуҷуми сагҳои ҳорӣ нигарон шудаанд, як сабаби муроҷиат накардан ба духтурро гаронии хадамоти тиббӣ унвон карданд. Ваксин барои як нафаре, ки аз газидани саг муроҷиат мекунад аз 85 сомонӣ то 120 сомонӣ арзиш дорад, ки на ҳама сокинон имкони харидорияшро доштаанд.

XS
SM
MD
LG