Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳар моҳ даҳҳо нафар барои тамошои ҷанги сагҳо дар маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор ҷамъ мешаванд. Дар як майдони хурд, ки чор тарафаш бо симтӯр печонда шудааст, сагҳои ҷангӣ бо ишораи соҳибонашон ба ҷони якдигар дарафтода, зӯру тавони худро ба намоиш мегузоранд.

Мақомоту ҷомеа дар Тоҷикистон ба ин мусобиқот, ки моҳе як бор баргузор мешавад, аз паси ангушт менигаранд, ҳарчанд қонунҳо барои ҷабр ба ҷони ҳайвонот ҷазо муқаррар кардааст.

Искандар Қурбонов, яке аз сагпарварон мегӯяд, барои ворид шудан ба майдони ҷанг ҷонварон як муддати муайян омодагӣ мебинанд. Саги ӯ “Симбо” ном дорад ва ҳанӯз дусола нест, аммо Искандар мехоҳад, ки аз ӯ як қаҳрамон созад. "Тамрин лаҳзаи бисёр муҳим барои сагҳои ҷангӣ аст. Дар ин муддат сагҳо бисёр давида, ҳаракат мекунанд. Ҳатто “диета” мегиранд. Пирӯзии сагҳо дар ҷанг аз тамрини онҳо сахт вобаста аст", - мегӯяд ӯ.

Ҳангоме барои дидани манзараи ҷанги сагҳо ба Шарораи Ҳисор рафтем, ҳудуди 50 нафар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон сагҳояшонро барои мусобиқа оварда буданд. Даҳҳо мухлис ҳам мунтазири ҷанги ҷонвароне буданд, ки ба ҳам дарафтода дар баъзе ҳолат ба хун оғӯшта мешаванд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Сагҷанг барои садҳо нафар дар инҷо як навъи саргармӣ шудааст ва афроде, ки барои тамошову вақтгузаронӣ меоянд, бачаҳояшонро ҳам меоранд. Сагҳоро аз рӯи вазну синнашон ҷанг меандозанд ва ғолиб ҳам пули зиёд мегирад.

Мақомоту ҷомеа дар Тоҷикистон ба ин мусобиқот, ки моҳе як бор баргузор мешавад, аз паси ангушт менигаранд, ҳарчанд қонунҳо барои ҷабр ба ҷони ҳайвонот ҷазо муқаррар кардааст. Як гурӯҳи сокинон мегӯянд, вақтгузаронӣ бо ҷабр кардан ба ҷони ҳайвонот кори хубе нест ва сагҷанг набояд бошад. Ҷамолиддин Иброҳимов, донишҷӯи тоҷик, яке аз онҳост ва мегӯяд, “одамон аз ҳайвон бо шуури худ фарқ мекунанд. Ҳамаи мо ҷангу ба ҳам дарафтоданро маҳкум мекунем ва барои ҳамин набояд ҳҷонварони бе ақлро бо якдигар ҷанг андозем.”

Аммо Алихон Латифӣ, муассиси торнамои “Даҳмарда”, ки дар бораи сагҳои чӯпонӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиш мекунад, гуфт, сагҷанг мисли кабкҷангу хурӯсҷанг барои тоҷикон бегона нест. Ӯ гуфт, “мо ҳатто дар гузашта қӯшқорҷанг ҳам доштем. Сагҷанг низ дар қатори ҳаминҳо аст. На беҳтар, на бадтар аз онҳост. Дар баргузории ҷанги сагҳо ягон айберо намебинам, агар қоидааи ҷанг риоя шавад.”

“Симбо”, саги Искандар Қурбонов ҳам баъди чанд муддати моодагӣ ба майдони ҷанг баромад ва пирӯз шуд ва ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфт. Искандар як моҳи диагр «Симбо»ро барои иштирок дар марҳилаи ниманиҳоии сагҷанг омода мекунад. Мусобиқае, ки садҳо нафар бо дидани он лаззат мебаранд ва ҷонварони зиёде кӯр, маъюб ва ё кушта мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG