Пайвандҳои дастрасӣ

Дар давоми ду ҳафтаи оянда яке пайи дигар се президент ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Инҳо -- раҳбарони Австрия, Украина ва Эрон, мутаносибан Ҳейнтс Фишер, Виктор Янукович ва Маҳмуди Аҳмадинажод. Таври маълум музокироти расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони олирутба дар муҷтамаи «Кохи Миллат» доир мешаванд.

Ин як қасри бузург ва мӯҳташамест, ки қарор аст, ба меҳмонони хориҷӣ таассуроти хуб гузорад. Ин бино на танҳо бо зебоӣ ва санъати баланди меъморӣ, балки бо таҷҳизоти фаннии хоси гуфтушунидҳои сатҳи олӣ муҷаҳҳаз аст. Ин бино ҳудудан панҷ сол мешавад, ки ба макони дидору музокироти муҳими давлатӣ табдил ёфтааст.

Хабарнигори тоҷик Зиёратшоҳи Аҳмад, ки борҳо аз "Кохи Миллат" гузориш таҳия кардааст, мегӯяд, ки дар ин бино тамоми шароит барои таҳияи гузориш ва ирсоли он бо истифода аз таҷҳизоту интернет вуҷуд дорад: «Вақте меҳмонон аз қабулгоҳи президенти Тоҷикистон берун мешаванд, он ҷо минбаре мегузоранду суолу ҷавоб сурат мегирад. Дар ҳамон ҷо толори хурде ҳаст, ки компютеру интернет ва телефон дошта, дар ҳоли зарурӣ мешавад, дафъатан матлаби худро ба идораи расона фиристод. Ман аввалин бор ҳангоми сафари президенти Русия, Владимир Путин, аз мавҷудияти ин толор огаҳӣ ёфтам.»


Муҷтамаи "Кохи миллат" дар соли 1998 бо гузоштани пайкараи Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, дар маркази шаҳри Душанбе майдони баробар ба 28 000 метри мураббаъро фаро мегирад. Он дар ҷойи пешинаи пойгоҳи 201-уми Русия, дар як баландии намоёни пойтахт, дар канори Боғи Рӯдакӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд шудааст. Дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, дар канори Кохи Миллат парчами 165-метраи Тоҷикистон барафрохта шуд, ки баландтарин парчами рӯи олам ба ҳисоб меравад. Рӯзҳои наздик ин муҷтамаъро қароргоҳи нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар ҷои бозори «Баракат” сохта шуд, такмил хоҳад кард.

Ҳадаф аз силсилаи ин биноҳо, зоҳиран, бештар намоиши азамату пойдории ҳокимият ва шиори "обод кардани шаҳр" аст. Барои намуна, ҳарчанд яке аз ин биноҳо "Кохи миллат" номгузорӣ шудааст, худи миллат ба он дастрасӣ надорад. Харҷи азими сохтмони он низ бо мулоқоту ҳамоишҳо ҷуброн нахоҳад шуд, зеро қаср фақат дар рӯзҳое фаъол аст, ки раҳбарони давлатҳо аз Тоҷикистон зиёрат мекунанд. Дастгоҳи президенти Тоҷикистон дар бинои пештара, воқеъ дар канори чойхонаи “Роҳат” мустақар буда, ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳамон ҷои кӯҳна мегузаранд.



Дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ низ кохҳои императориву раёсатҷумҳурӣ фақат дар рӯзҳои муҳим ва дар вақти муайян аз тарафи раҳбарон истифода мешаванд. Вале ба фарқ аз Тоҷикистон, вақти боқимонда ин коху толорҳо дар ихтиёри мардум ҳастанду ба хазинаи давлат фоида меоранд. Масалан, қароргоҳи президенти Австрия Ҳейнтс Фишер дар маркази шаҳри Вена аслан яке аз ҷиноҳҳои муҷтамаи сулолаи Ҳапсбург ва дақиқан он қисматест, ки дар он малика Мария Терезия-императори Австрияву Маҷористон, иқомат доштааст.

Имрӯз нишастҳои матбуотии президенти Австрия ва меҳмонони воломақоми ӯ дар “Хонаи хоби Мария Терезия” доир мешаванд. Дар қасрҳои дигари ин муҷтамаи императорӣ, қароргоҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, дастгоҳи ҳукумати Австрия, китобхонаи мардумӣ ва чандин музею намоишгоҳ ҷой дода шудаанду боғҳои императорӣ дар хидмати сайёҳону сокинони шаҳри Вена қарор доранд.

Тасаввур кардани манзарае, ки шаҳрвандони одӣ ё сайёҳони хориҷӣ ба "Кохи Миллат", қароргоҳи раисиҷумҳур ё порлумони кишвар дароянд ва аз он дидан кунанд, тақрибан номумкин аст. Ин дар ҳолест, ки биноҳои зиёду бузурге сохта мешаванд, ки метавонанд, истифодаи чандгона дошта бошанд ва на танҳо харҷи худро пӯшонанд, балки ба буҷаи кишвар низ даромад оваранд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯ дар сафарҳои хориҷӣ борҳо чунин ҳолатҳоро дидаанд ва метавонистанд, ибрат гиранд.

Аз ҷумла, моҳи июни соли 2011-ум ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз вуруди президенти Тоҷикистон, сарбозон даромадгоҳи асосии қароргоҳи раёсатҷумҳурии Австрияро печонида, ба пешвози президенти Тоҷикистон саф оростанд. Худи президент Фишер, ки интизори ҷаноби Раҳмон буд, бо чанде аз сайёҳон салому аҳволпурсӣ низ кард. Баъди қабули ботананаи президенти Тоҷикистон бошад, ба зудтарин фурсат қолинҳои сурх ҷамъ шуданду, панҷараҳоро ҳам полис пинҳон кард.

Дар ҷумҳури Чех низ шароит ҳамин аст. Ҳаштуми март ҳар касе, ки хоҳиш дошт, метавонист бо чашми худ маросими хатми давраи раёсатҷумҳурии президент Ватслав Клаусро тамошо карда, сипас шоҳиди маросими савганди президенти нав -- Милош Земан шавад.

Ҷои ёдоварист, ки муҷтамаи қасри раёсатҷумҳурии Чех, ки бо номи “Пражский Ҳрад” маъруф мебошад, дар ихтиёри сайёҳону сокинони пойтахти ҷумҳурии Чех қарор дошта, танҳо як ҷиноҳи он қароргоҳи раисҷумҳури ин кишвар аст, ки он ҳам рӯзҳои муайяни моҳ барои тамошои хоҳишмандон боз аст. Довталабон ҳатто метавонанд бо пардохти маблағи муайян, бо қалами президент имзо гузоранд.

Албатта, як омилро ҳам набояд фаромӯш кард, ки президентҳои Австрияву ҷумҳурии Чех салоҳияти маҳдуди ташрифотӣ ва то ҳадде рамзӣ доранд. Вале агар аз мавзӯъ дур нарафта, дар бораи бозгардон ва истифодаи босамари кушкҳои маркази пойтахти Тоҷикистон фикрро идома диҳем, шояд истифодаи бештари ин кушкҳо мисли осоишгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар минтақаи Пуғуси Варзоб, ки баъзан аз тарафи созмонҳову муассисаҳо ба иҷора гирифта мешавад, хуни рагҳои ин қасрҳои фиръавнии шаҳри Душанберо ба ҳаракат дарорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG