Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: Эрон 12 корманди саноати мӯдро зиндонӣ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар шаҳри Шероз 12 корманди саноати мӯдро бинобар нашри тасвирҳо дар интернет зиндонӣ кард. Дар ин бора матбуоти Эрон хабар додааст.

Рӯзи 5 декабр додгоҳи Шероз ҳашт мард ва чаҳор занро аз панҷ моҳ то шаш соли зиндон маҳкум кард, навиштааст хабаргузории нимарасмии ILNA.

Маҳмуд Тароват, вакили ин 12 нафар ба ILNA гуфтааст, ки зерҳимояҳояш ҳамчунин аз кор дар саноати мӯд ва сафари хориҷ то ду сол, баъди адои ҳукми зиндон, маҳрум шудаанд.

Тароват гуфт, ки ин 12 нафар ҳамчунин ба густариши фаҳш, таблиғи фасод аз роҳи пахши тасвирҳои зишт ва ташвиқи "Фарҳанги сабки ғарбии лухт будан" айбдор шуданд.

Додгоҳи Эрон маъракаи саркуби кормандони саноати мӯдро барои "рафтори ғайриисломӣ" авоили сол оғоз кард.

Моҳи октябр мақомот гуфтанд, ки онҳо 11 узви шабакаи моделсозиро боздошт кардаанд.

Хабаргузории нимарасмии Тасним мегӯяд, ки ин шабака дар тавлид ва нашри аксҳои порнографӣ ва рушди фаҳшо дар ҷомеа даст дошт.

XS
SM
MD
LG