Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мероси ЕврАзЭС: Як ғарам қароре, ки рӯи қоғаз монд


Чорчӯби ЕврАзЭС бо фаъол шудани кори Иттиҳоди гумрукӣ ва барномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё аҳамияташро аз даст додааст.

Муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов рӯзи ҷумъа дар анҷумани “Қирғизистон дар роҳи ҳамоиши авроосиёӣ” дар Бишкек гуфт, қарордоди таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё то моҳи майи соли 2014 такмил шуда, Русияву Беларус ва Қазоқистон азм доранд, алакай аз 1 январи соли 2015 ин созмони ҷадидро фаъол кунанд.

Шувалов гуфт, онҳо ба Қирғизистону Тоҷикистон – ду узви ЕврАзЭС, ки берун аз дари иттиҳоди нави кишварҳои пасошӯравӣ мемонанд, пешниҳод кардаанд, ки агар азми дар оянда пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро дошта бошанд, аз ҳоло нозирони худро ба Куммиссиюни ин созмон бифиристанд.

ЕврАзЭС – Ҷомиаи иқтисодии АвроОсиё- соли 2000 дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ таъсис ёфта, ҳамин 5 кишвари паосшӯравиро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Узбакистон баъди сард шудани равобиташ бо Ғарб дар пайи саркӯби эътирозҳои соли 2005 дар Андиҷон таҳти як шароити хосу фарқкунанда, ки Тошкандро аз ҷумла аз зарурати лағви низоми раводиди ҷорикардааш бо Тоҷикистону Қирғизистон озод мекард, низ узви ЕврАзЭС шуд. Вале Узбакистон алакай дар соли 2008 ин созмонро бесамар хонда, узвияташ дар ЕврАЗЭС ва баъдан дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ- эътилофи низомии кишварҳои рӯ ба Маскавро мутаваққиф кард.


Тасвири танзомез аз тарҳи Иттиҳоди гумрукии Путин, Назарбоев ва Лукашенко
Тасвири танзомез аз тарҳи Иттиҳоди гумрукии Путин, Назарбоев ва Лукашенко
Ин дар ҳолест, ки ҳадаф аз таъсиси ЕвАзЭС мусоидат ба ҳамоиши бештари иқтисодӣ миёни кишварҳои пасошӯравӣ гуфта мешуд. Аммо дар ин 13 сол ин созмон натавонист худро ҳамчун як василаи коромади интегратсионӣ дар ин паҳно матраҳ кунад ва ба гуфтаи коршиносон, танҳо як ғарами бузурги қарорҳои рӯи қоғазмондаро ба мерос мегузорад. Амалан танҳо чизи мусбат дар ЕврАзЭС бахусус барои кишварҳои муҳоҷирфиристе, чун Тоҷикистон, низоми бидуни раводид буд ва Бонки рушди АвроОсиё, ки Душанбе тавонист дар соли 2010 аз ин бонк 70 миллион доллар қарзи боимтиёз дарёфт кунад.

Талоши сохтани Паҳнои воҳиди иқтисодӣ дар марзҳои ЕврАзЭС ҳам, ки сӯҳбаташ аз соли 2006 давом дошт, ба ҷое нарасид ва Русияву Беларус ва Қазоқистон дар декабри соли 2010 ба таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ бо ҷалби танҳо кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтатари узви ЕврАЭС иқдом карданд. Маскав пинҳон намекунад, ки хеле мехоҳад Украинаро низ дар ин созмон бубинад. Аммо ба Тоҷикистону Қирғизистон – ду узви фақир ва аз нигоҳи молӣ дастнигари ЕврАзЭС “маслиҳат” додаанд, ки ҳанӯз омода нестанд ва то расидан ба сатҳи иқтисодии се кишвари аввалӣ пушти дар сабр кунанд.

Маскаву Минску Остона ҳамин тавр, дар октябри соли 2011 баъд созишнома дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро имзо карданд. Владимир Путин, ки он замон сарвазири Русия буд, дар ҳамон нишаст тарҳи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро эълон кард, ки инро бисёриҳо як навъ талоши эҳёи Иттиҳоди Шӯравии собиқ маънидод карданд.

Дар моҳи декабр дар бораи тағйири сохтори ЕврАзЭС тавофуқ ҳосил шуд, ки ба Куммиссиюни иқтисодии АвроОсиё супурдани салоҳиятҳои котиботи ин созмонро дар назар дорад. Ба ин тартиб, шумори ходимоти котиботи ЕврАзЭС аз 97 то 22 нафар коҳиш ёфта, то соли 2015 ин созмон аз байн бурда хоҳад шуд.


Мулоқоти Отамбоев бо Шувалов
Мулоқоти Отамбоев бо Шувалов
Аз ду кишваре, ки пушти дари Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё мемонанд, Қирғизистон пайгирона талош дорад, ки ба ҳар роҳе ба он ҳамроҳ шавад. Раиси ин ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоев рӯзи 29 март дар мулоқот бо муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов бори дигар такрор кард, ки Бишкек сароҳатан роҳи ҳамоиш дар чорчӯби Иттиҳоди гумрукӣ ва Паҳнои воҳиди иқтисодиро интихоб кардааст ва аз ҳамин масир пеш хоҳад рафт.

Аммо мақомоти Тоҷикистон зоҳиран ба дурнамои узвият дар иттиҳоди нав чандон хушбин нестанд, ки дар ин бора бо дилгармии зиёд сӯҳбат намекунанд. Дар поёни соли гузашта раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон амр дод, ки барои омӯхтани масъалаи узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ як гурӯҳи корӣ созмон диҳанд. Аммо дар Душанбе то кунун мегуфтанд, ки пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар авлавияти онҳо қарор дорад, ки беш аз 150 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад, на Иттиҳоди гумрукӣ бо Русияву Беларус ва Украина. Тоҷикистон аз оғози моҳи март расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайваст ва шояд акнун дар Душанбе бештар дар фикри часпидан ба вагони охирини қаторе шаванд, ки агар аҷала накунанд, бе Тоҷикистону Қирғизистон ба роҳ мебарояд.
XS
SM
MD
LG