Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Гурҷистон Додоҷони Атовуллоро раҳо карданд


Фаъоли мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки шаби 20 август баъди парвоз аз Прага дар фурудгоҳи Тифлис боздошт шуда буд, ба Олмон баргашт.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз рӯзноманигори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро бо вакили дифоъ таъмин мекунад. Дар як изҳороте, ки аз ҷониби ин созмон пахш шуд, аз ҳукумати Гурҷистон тақозо шудааст, ки Атовуллоро билофосила озод ва аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Ба иттилои худи Д.Атовулло, сафорати Олмон дар Тифлис ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ҳам ба қазияи ӯ ҷалб шудаанд.

Оқои Атовулло аз фурудгоҳи Тифлис дар тамоси телефонӣ ба «Озодӣ» гуфт, ки вай аз ҷониби пулиси байналмилалии Гурҷистон - Интерпол бо иттиҳоми "терроризм" ва "экстремизми мазҳабӣ" боздошт кардаанд.

Як ходими сафорати Олмон дар Тифлис дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки воқеан ҳам ин сафоратхона ба қазияи хабарнигори тоҷик ҷалб шудааст. Вале, тибқи гуфтаи ӯ, тамоми тафсилоти ин ҳодиса бояд аз ВУХ ин кишвар дар Берлин суол шавад. Додоҷони Атовулло дар Олмон ҳақи паноҳандагӣ гирифта, соҳиби шиносномаи СММ низ мебошад.

Айни замон, созмони Хабарнигорони Бидуни Марз аз ҳукумати Гурҷистон тақозо кардааст, ки аз истирдоди журналисти тоҷик ба Душанбе худдорӣ карда ӯро билофосила озод кунад. Йоҳанн Бир, як масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ дар ин созмони мустақар дар Париж дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки дар навбати аввал Атовуллоро бо вакили дифоъ таъмин кардааст.

- Мо аз ҳукумати Гурҷистон тақозо мекунем, ки ба ҳеҷ сурат Додоҷони Атовуллоро ба Душанбе истирдод накунанд, ба ин хотир, ки ба ҷони ӯ хатар таҳдид мекунад, - гуфт ӯ.

Й.Бир гуфт, ки дар бораи дурнамои қазияи Атовулло феълан чизе аз ин беш гуфта наметавонад, ба он хотир, ки ҳанӯз на мавқеи Интерпол ва на мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Гурҷистон дар ин замина мушаххас нест.

Қаблан худи Атовуллоев дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, «ман ҳуҷҷатҳоро дидам, ки дар ҷиноятҳое чун терроризм ва тундгароии динӣ айбдор мешавам. Муддати як соат ман аз сӯи ходимони сохторҳои интизомӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтам."

Ба гуфтаи Додоҷони Атовулло, вай ба Тбилиси ба дидори афроде рафта буд, ки ҳудуди якуним моҳ қабл мехост дар Маскав бо онҳо мулоқот намояд. Дар таърихи 15-уми июл оқои Атовулло дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав аз сӯи маъмурони пулиси Маскав боздошт ва баъд аз ду соат ба Прага, пойтахти ҷумҳурии Чех бозпас фиристода шуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол мақомоти Гурҷистон ба суоли "Озодӣ" дар мавриди боздошти рӯзноманигори тоҷик посухи норӯшан доданд. Ба гуфтаи як масъули вазорати умури дохилии Гурҷистон, мақомоти Додситонии кулли ин кишвар ба қазияи Додоҷони Атовулло расидагӣ мекунад. Дафтари Додситонии кулли Гурҷистон ҳанӯз аз додани тафсилот дар ин замина худдорӣ мекунад.

Додоҷони Атовулло соли 2000 дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Вай барои таҳқири президент ва табаддулоти давлатӣ айбдор карда мешавад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз Русия хостанд, ки оқои Атовуллоро ба таслим намояд. Оқои Атовуллоев чанд бор аз сӯи мақомоти Русия боздошт, вале баъдан раҳо шуд.

Додоҷони Атовулло, 56 сол дошта, муассиси нашрияи мустақили «Чароғи рӯз» ва аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин тараф дар хориҷ ва умдатан дар Маскав ба сар мебурд. Ӯ ахиран дар шабакаи телевизионии К+ силсилаи барномаҳои интиқодӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро нашр кард. Баъди нашри ин барномаҳо Додоҷони Атовулло тайи тақрибан як моҳи охир дар кишварҳои мухталифи Аврупо қарор дошт. Ӯву наздиконаш иддао кардаанд, ки алайҳаш сӯъиқасд таҳия шудааст ва ӯ ба далоили амниятӣ як муддат аз Маскав ба Аврупо рафтааст.
XS
SM
MD
LG