Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё “доягӣ”-и мардҳо дар ҷомеаи мусулмонӣ зарур аст?


Имрӯзҳо дар баъзе қишрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин пешниҳод матраҳ мешавад, ки мардҳо ҳангоми таваллуди кӯдак дар зоишгоҳҳо доягӣ накунанд, зеро он ба шариати ислом рост намеояд

Масъалаи доягӣ накардани мардҳо ҳангоми таваллуди кӯдак дар зоишгоҳҳоро як созмони ғайридавлатии Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод матраҳ кардааст ва аз гузоришгари ҳуқуқи башари вилоят хостааст, ки ин масъала дар оянда баррасӣ шавад. Мақомоти расмӣ то ҳол ба ин пешниҳод вокуниш нишон надодаанд.

Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ чунин пешниҳодро дар ҷомеаи Тоҷикистон масъалаи рӯз медонад. Ба гуфтаи вай, “агар аз нигоҳи динӣ асоснок карда шавад, ки мардҳо доягӣ накунанд ва фақат занҳо момодоя таваллудро қабул кунанд, дар он сурат маҷбур мешаванд, ки дар Тоҷикистон барои додани ҳамин масъулият ба занҳо ва омӯзиш додани онҳо иқдом кунанд.”

Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ, то ҳол дар рустоҳои Тоҷикистон ва ҳатто дар шаҳрҳо баъзе хонаводаҳо занҳо аз насл ба насл момодоягиро меомӯзанд ва ин корҳоро анҷом медиҳанд. Гузашта аз ин, дар ҷомеаи суннатии тоҷик ин масъала ҷиҳатҳои равонӣ низ дорад ва зан ҳангоми ба дунё овардани кӯдак, аз ҳузури дояи мард худро нороҳат эҳсос мекунад.

Саидумар Ҳусайнӣ.
Саидумар Ҳусайнӣ.

Вале оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, дар шароити кунунӣ, вақте, ки дар зоишгоҳҳо камбуди момодояҳо ё акушеркаҳо дида мешавад, мардон, яъне акушерҳо метавонанд бо назардошти зарурат ва таъмини саломатии модар таваллудро қабул кунанд ва ин корро шариат низ инкор намекунад ва ин заруратро дар ислом “маҳзурот” (дар ҳолати зарурат корҳои манъшуда мубоҳ мешаванд) мегӯянд. Ба ҷуз аз момодоягӣ, дар илми тиб ва умуман ҳангоми муолиҷа занҳо нисбат ба мардҳо ба бемор самимияти бештар нишон медиҳанд. Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, агар ба ин масъала аз нуқтаи назари шариати ислом бархӯрд шавад, занҳоро ба таҳсил дар соҳаи тиб бештар ҷалб кунанд.

Дар баробари ин, оқои Ҳусайнӣ ҳангоми ба дунё омадани кӯдак ҳузури падари навзод дар назди модаррро рад намекунад ва мегӯяд, шариат ба ин кор ризоят медиҳад ва ҳатто дар шариати ислом омадааст, ки агар мард тавонад худаш ҳангоми таваллуд доягӣ кунад, ин кор бартар дониста мешавад.

Шамсиддин Қурбонов, раиси маркази тиббии “Насл” дар шаҳри Душанбе низ мегӯяд, солҳои охир дар саросари ҷаҳон аз ҳамин ақида ҷонибдорӣ мекунанд, ки мард, яъне падари навзод бояд ҳангоми таваллуди кӯдак дар канори зани худ биистад, на хушдоманаш ва ё модару хоҳараш ва ин ҳолат ба зан бовариву тавони бештар мебахшад.

Шамсиддин Қурбонов
Шамсиддин Қурбонов

Ба ақидаи Шамсиддин Қурбонов, пешниҳодҳо дар бораи тарбияи занон барои кори момодоягиро метавон дар бемористонҳо матраҳ кард, вале набояд мардҳоро аз доягӣ барканор намоянд: “Касби акушерӣ касби занона нест. Дар саргаҳи илми акушерӣ ё доягӣ ҳама вақт мардҳо истодаанд на занҳо, ҳатто дар Эрон. Дар Амрико ва дар ҳамаи давлатҳои Амрикои Лотин бештари дояҳо мардҳо мебошанд. Дар Аврупо ҳам ҳолат ҳамин аст. Акушер геникологҳо мардҳо ҳастанд”.

Дар зоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамеша занҳо момодоягӣ мекунанд ва таваллудҳои биологиро онҳо қабул мекунанд. Вале мардҳо танҳо дар ҳолате ба кӯмак меоянд, ки дар таваллуд мушкилӣ пеш ояд, аз қабили хунравӣ ва амсоли он, ки анҷоми баъзе ҷароҳиҳои мушкил зарур аст. Гоҳо чунин ҷароҳиҳо то 4-5 соат давом мекунад.

Оқои Қурбонов мегӯяд, бояд дар илми тиб ба баъзе равандҳои мушкили таваллуд таваҷҷуҳ кард ва бештар ҷарроҳиҳоеро омӯхт, ки имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Олмон анҷом мегирад. Вай мегӯяд, набояд ба зан будани дояҳо пофишорӣ кард.

Шояд дар оянда ин пешниҳодҳо дар бахшҳои дигари хидматрасонӣ ба ҷомеа низ матраҳ шавад ва бигӯянд, ки бояд мактабҳои занона боз шавад ва духтарон алоҳида таълим бигиранд ва ё мағозаҳову таксиҳои занона ташкил шаванд.

XS
SM
MD
LG