Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манучеҳри Салим, ятиме, ки то як ҳафтаи дигар мактаб-интернати авали Душанберо хатм мекунад, мегӯяд, ӯро бепадарӣ ба ин мактаб овардааст.

Манучеҳри Салим мегӯяд, дар оила панҷ фарзанданд ва ба иллати шароити бади иҷтимоӣ модараш 5 сол пеш ӯро барои идомаи таҳсил ба инҷо овард.
Манучеҳр орзу дорад, пас аз хатми таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи шумораи 5-и пойтахт супурда, программист ё барномасоз шавад.




Ӯ мегӯяд, мехоҳад дар дар ягон бонк ба кор даромада, маоши хуб ба даст биорад ва тавонад, ки ҳам худу ҳам аҳли хонаводаашро таъмин кунад. Манучеҳр афзуд, «ҳоло илм тараққӣ кардаасту ҳама чиз бо компютер шудааст. Ва ман ҳам ин касбро интихоб кардам. Инчунин ду ҳамсабақи дигарам. Баъзе аз ҳамсинфонам касби табибиро интихоб кардаанд.»

Ҳамасола ҳазорҳо ҷавонону наврасон мисли Манучеҳр мактаб-интернату ятимхонаҳоро хатм мекунанд ва ба омӯзиши касбҳои гуногун машғул мешаванд.


Маликмаҳмад Маликов

Маликмаҳмад Маликов

Маликмаҳмад Маликов, муовини роҳбари мактаб-интернати шумораи 1 -и шаҳри Душанбе гуфт, имсол интернати онҳоро 38 нафар хатм мекунад ва ӯ тамоми талошро ба харҷ хоҳад дод, ки то ҳамаи дастпарваронаш ҳатман ба литсейю коллеҷҳо шомил шаванд. Оқои Маликов мегӯяд, аксарияти онҳо, ки писаронанд, хоҳиши ба коллеҷҳои тиббӣ ва низомӣ дохил шуданро доранд: “Хатмкунадангони мо бисёранд. Дар донишгоҳҳои тиббӣ ва забонҳо мехонанд, ҳатто дар мамлакатҳои хориҷӣ, дар Хитой, дар донишгоҳи ҳарбии Ҳиндустон, дар Русия низ таҳсил мекунанд.»

Дар ҳоле ки хатмкунандагони мактаб – интернатҳо баъди хатми синфи 9 дар андешаи гирифтани касбу ихтисос барои ояндаи хешанд, бо садо додани «Занги камолот» баъзе аз вазорату кумитаҳои давлатӣ маъракаҳои «дарҳои боз» -ро барои ятимону бепарасторон ташкил карданд.

Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо ятимони мактаб-интернати рақами 4-и пойтахт таъкид карда, ки дар ҳолати хуб аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва бо баҳои хубу аъло хатм намудани донишгоҳҳо имкони фаъолият кардани онҳо дар вазорати корҳои хориҷиро фароҳам хоҳад сохт.

Дар баробари ба таҳсил фаро гирифтани хатмкунандагони мактаб-интернатҳо, бо ҷой зист таъмин кардани онҳо низ яке аз масъалаҳои умда мебошад.

Сӯҳроб Салимов, ҳуқуқдони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», гуфт, ятимдухтароне, ки ҳамасола мактаб-интернатҳоро хатм мекунанду барои идомаи таҳсил ба пойтахт меоянд, то хатми донишгоҳҳо дар маркази «Чароғи ҳидоят» ба ҷой зист таъмин мегарданд.

Ҷаноби Салимов меафзояд, Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар ятимдухтаре, ки роҳхат диҳад, новобаста ба мӯҳлати зист ва донишҷӯи кадом донишгоҳ буданаш, онҳоро бо ҷойи зист таъмин мекунем: «Хешутабору пуштупаноҳи онҳо давлат аст. то оне ки онҳо соҳиби шавҳару хонаву дар нашаванд, соҳиби мақому манзалати мушаххас нашаванд, аз ин марказ кӯчонида намешаванд. Онҳо метавонанд синнашон аз 23 боло бошад, 24-25 бошанд. Вале он нимятимдухтароне, ки аз ноҳияҳо ва вилоятҳо меоянд, барои онҳо давлат имтиёз додаст, аз хобгоҳҳои бепул истифода мекунанд, баъди гирифтани диплом ба зодгоҳи худ баргашта, кор мекунанд.»

Дар Тоҷикистон 84 мактаб-интернат фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 11 ҳазор ятимону бепарасторон ва фарзандон аз хонаводаҳои камбизоат таҳсил мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG