Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, базудӣ дар кишвар Ташхисгоҳи миллии генетикиро таъсис хоҳанд дод, ки ташхиси ДНК-ро анҷом медиҳад.

Тоҷикистон, ки то кунун барои ташхисҳои генетикӣ, аз ҷумла ДНК ба озмоишгоҳҳои Русия, Узбакистон ва кишварҳои дигар муроҷиат мекард, ба зудӣ аз ин "вобастагӣ" раҳо хоҳад шуд. Ҳатто замони баҳси додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ, ҳам тарафи тафтишот ва ҳам вакилони дифояш барои ташхиси ДНК-и ӯ ба "Био-Папа" як ширкат дар Русия муроҷаит карда буданд.

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, дар пайи нигаронии раисиҷумҳур аз афзоиши атфоли маълул, ки ба қавли онҳо аксарашон аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё меоянд, дар Тоҷикистон Ташхисгоҳи миллии генетекӣ бунёд мешавад. Интизор меравад, фаъолияти марказ ва анҷоми ташхисҳо баҳсҳои марбут ба мушкилоти ирсӣ ё генетикиро дар Тоҷикистон асоси илмӣ бахшад.

Наврӯз Ҷаъфаров - муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан корҳои таъмирии ташхисгоҳ идома доранд ва ҳамзамон дастрас кардани таҷҳизоти заруририву омода намудани мутахассисон низ дар ҳоли баррасист.

Ӯ афзуд, "ташхисгоҳи мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмиии момодоягӣ бунёд мешавад. Ҳоло се гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки ба таҳияи протоколҳои озмоиш, тартиби муоинаи тиббӣ ва муайяну дастрас кардани таҷҳизот машғуланд. Қаблан бинобар вуҷуд надоштани ташхисгоҳи замонавӣ мо ин гуна озмоишҳоро тариқи классикӣ анҷом медодем. Ва бо назардошти доғ шудани ин мавзӯъ ва изҳори назари президент дар ин замина тасмим гирифтем, чунин ташхисгоҳро таъсис диҳем.”

Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, Ташхисгоҳи миллии генетикӣ аз ҳисоби маблағи буҷа бунёд гардида, гузарондани ташхисҳои мухталифи генетикӣ, аз ҷумла ДНК-ро низ имконпазир мегардонад. Ҳамчунин марказ имконият медиҳад, дар марҳилаҳои аввали ҳомиладорӣ бемориҳои модарзодии тифл муайян карда шаванд.

Ноиби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ илова кард, “дар хонаводаҳое, ки аслан волидон ба ҳам робитаи хешутаборӣ надоранд, низ имкони ба дунё омадани тифлони маълул вуҷуд дорад. Аз ин хотир, ҳамаи хоҳишмандон имкон пайдо мекунанд, қабл аз издивоҷ аз ташхиси генетикӣ бигзаранд. Хулоса ба малакаи худи мутахассисон вобаста аст, ки чӣ навъи озмоишро анҷом диҳанд.”

Ҷаъфаров меафзояд, чанд мутахассиси генетик низ барои бозомӯзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода хоҳанд шуд. Вале ин сӯҳбатҳо дар ҳоле иттифоқ меафтанд, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 2013 мақомоти расмии Тоҷикистон гуфта буданд, кишвар базудӣ соҳиби шароиту имкони ташхиси ДНК мешавад.

Шералӣ Раҳматуллоев, раҳбари Маркази модар ва кӯдаки тобеи вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябри соли 2013 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "вазири тандурустӣ барои овардани таҷҳизоти ташхиси ДНК ба Тоҷикистон дастур додаанд. Ҳамчунин мо дар Русия се мутахассиси ин соҳаро тайёр карда истодаем. Ба фикри ман чунин марказ то охири ҳамин сол дар назди Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ боз мешавад."

Ба қавли Шералӣ Раҳматуллоев, таҷҳизоту абзори лозим барои ташхиси ДНК бисёр гарон аст ва аз 110 то ба 300 ҳазор доллар мерасад. То кунун ниёзмандони ташхиси ДНК аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд ба Узбакистон ё Қазоқистону Русия муроҷиат кунанд. ДНК захираи иттилоотии генетикии инсон ва ҳар мавҷудоти дигари зинда аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 23 январи соли ҷорӣ ҳангоми ироаи паёми солонаи худ ба парлумон никоҳи хешутаборӣ миёни мардумро барои ҳифзи хонавода дар кишвар зиёнбор донист. Ӯ аз мақомоти зирабти кишвар хоста буд, дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ин масъаларо омӯхта ва ба ҳукумат тарҳи қонунро пешниҳод намоянд.

Бар асоси омори вазорати тандурустӣ дар соли 2014 дар Тоҷикистон тақрибан 25 500 кӯдаку навраси маъюб буд, ки 35 дарсадашон аз ҷуфтҳое бо ҳам хеш ба дунё омадаанд.

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева

Ҳанӯз дар соли 2013 Саодат Амиршоева, собиқ узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон қабули қонунро барои пешгирӣ аз издивоҷи хешутаборӣ пешниҳод намуд, ки он баҳси зиёдеро дар матбуот барангехт, вале тарҳи зерин аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба ҷаласаи парлумон роҳ наёфт.

Вакилони Зайд Саидов рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ гуфтанд, ки ташхиси дуввум низ дар ҳамон лабаратория анҷом шуд, вале натиҷаи он баръакси хулосаест, ки мақомот пешниҳод кардаанд. Бар пояи ташхиси дуввуми ДНК, Зайд Саидов ба тифле, ки гӯё фарзанди ӯ будааст, ҳаққи падарӣ надорад.Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои ин соҳибкор гуфт, ки аз аввал чанд банди парванда шубҳанок буд. Яке аз чунин бандҳо хулосаи ДНК--и аввал аст, ки дар заминаи он Зайд Саидов 99,99 дар сад падари кӯдак эътироф шудааст.

Вале вакилони дифоъ гуфтанд, ки барои дақиқ кардани хулосаи ташхиси генетикии Зайд Саидов, Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони ӯ ба Маскав, ба лабораторияе, ки мақомот дар он ташхиси генетикиро гузарондаанд, рафтааст. Исҳоқ Табаров гуфт, дар оғоз ҳангоми боз шудани парванда дар бораи таҷовуз ба номус, онҳо ба дурустии иттиҳом шубҳа доштанд. Худи Саидов ҳам аз рӯзҳои аввал мегуфт, ки ин духтарро бори аввал дидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG