Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Муҷозот"-и 4 ҷавон дар маҳзари ом (2 ВИДЕО)


Видеои бадрафтории пулиси Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Видеои бадрафтории пулиси Эрон

Дар Интернет навори видеоии дар маҳзари ом латукӯб ва таҳқир кардани 4 ҷавон аз сӯи мардони ниқобпӯши зоҳиран марбут ба нирӯҳои интизомии Эрон нашр шуда, мавҷи интиқодҳоро ба бор овард.

Дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки лаҳзаҳои бадрафтории як гурӯҳи ниқобпӯши зоҳиран мақомоти амниятии Эрон нисбат ба як гурӯҳи ҷавонон дар маҳзари омро нишон медиҳад.

Дар ин навор 4 ҷавонро дар мазҳари ом дар мошине савор кардаву дар кӯчаҳо мегардонанд ва мардони ниқобпӯш, ки зоҳиран аз пулиси Эронанд, онҳоро мезананд ва ба даҳонашон барги дарахтро андохта, талаб мекунанд, ки мисли гӯсфандон овоз бароранд.

Оё дини Ислом муҷозоти инсон дар мазҳари омро қабул дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Яке аз ин ҷавонон, ки марди ниқобпӯш аз мӯяш мекашиду ба даҳонаш барг меандохт, аз тарси азиятдиҳандагонаш мисли гӯсфанд овоз медод. Се ҷавони дигар низ зоҳиран чорае ба ҷуз аз итоат ба амри ниқобпӯшонро надоштанд ва ҳар кадом мисли ҳайвон овоз дар медод ва ин дар ҳоле буд ки ниқобпӯшон онҳоро мезаданд.

Мардони ниқобпӯш пайваста онҳоро мезаданд ва онҳо бояд тавба мекарданд, ки “Гӯл хӯрдам, г... хӯрдам.”

Видеои бадрафтории пулиси Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Замон ва макони сабти ин видео, ки ҳафтаи гузашта дар Интернет ба сайр даромад, ҳанӯз маълум нест. Далели чунин бадрафторӣ нисбат ба ин 4 ҷавон ва дар маҳзари ом мавриди “ҳайфи ту” қарор додану шармсор кардани онҳо низ то ҳол рӯшан нашудааст. Вале ин навор мавҷи интиқодҳо аз бадрафтории пулис ва дигар ниҳодҳои амниятии Эрон нисбат ба гумонбаронро ба бор овард.

Рӯзномаи эронии “Фарҳехтагон” рӯзи 9 ноябр бо чанд вакили мудофеъ сӯҳбат кард, ки гууфтанд, латтукӯби гумонбарону ҷинояткорон аз сӯи пулис ғайриқонунист. Вакили мудофеъ Шопур Исмоилиён аз ҷумла гуфтааст, “агар ин видео воқеъӣ бошад, пас пулис бо ин иқдомаш алайҳи авбошону дуздон худ даст ба ҷиноят задааст.”

Ҳуқуқдони дигар Абдулссамад Хуррамшоҳӣ гуфта, ки ҳатто агар ин афрод дар кадом ҷинояте даст дошта бошанд ҳам, нирӯҳои пулис ҳаққи латтукӯб ва таҳқири онҳо дар маҳзари омро надоштанд.

Мақомоти пулиси Эрон то ҳол ин видеоро шарҳ надодаанд.

Аммо нирӯҳои пулис дар Ҷумҳурии исломӣ дар гузашта ҳам аз чунин усули дар маҳзари ом муҷозот кардани дуздону ғоратгарон бо ҳадафи саркӯби ин тоифаҳои ҷиноӣ истифода мебурд. Мақомоти қазоия аз чунин шеваи муҷозот ҳимоят мекарданд ва мегуфтанд, ки он амниятро дар ҷомиа беҳтар мекунад.

Чандин мавриди дигари бадрафториҳои пулиси Эронро хабаргузории давлатии ИРНО дар ин силсилаи аксҳои нашркардааш расонаӣ кардааст:

http://tinyurl.com/kkaax7n

XS
SM
MD
LG