Пайвандҳои дастрасӣ

Толибони норозӣ раҳбари худро интихоб карданд


Раҳбари пешини Толибон Мулло Умар (аз чап) ва Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур (аз рост).

Раҳбари пешини Толибон Мулло Умар (аз чап) ва Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур (аз рост).

Гурӯҳи норозӣ аз раҳбари кунунии Толибон Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, барои худ раҳбари нав таъин карданд. Ин гурӯҳи нави Толибонро Мулло Муҳаммадрасул раҳбарӣ мекунад.

Афроди норозӣ аз раҳбари кунунии Толибон барои худ раҳбар таъин карданд. Ин гурӯҳи навтаъсис мегӯяд, ки Мулло Муҳаммадрасул Охундро ба унвони раҳбари худ баргузиданд. Онҳо мегӯянд, ки бо афроди раҳбарии феълии Толибон Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур ворид ҷангу низоъ нахоҳад шуд, балки ба гуфтаи онҳо, "душман"-ро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Як фармондеҳи мухолифи Мулло Ахтармуҳаммад Мансур бидуни зикр номи худ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, "мо раҳбари худро таъин кардем, ки дар баробари нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико ва ҳукумат, муҷоҳидинро раҳнамоӣ хоҳад кард".

Ҳарчанд рӯзномаи "Daily Telegraph" менависад, Толибон аз ибрози назар дар бораи ин хабар худдорӣ кардаанд, вале Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ ба бахши дарии Радиои Озодӣ хабари таъини раҳбари гурӯҳи ҷудошуда аз Толибонро такзиб кард.

Аммо бархе аъзои Толибон бидуни инки аз онҳо ном бурда шавад, ба рӯзномаи "Daily Telegraph" гуфтаанд, "Мулло Муҳаммадрусул яке аз раҳбарони пешини Толибон аст, ки даҳ сол бо Мулло Умар, раҳбари собиқи Толибон якҷоя ва аз афроди мавриди эътимоди вай буд." Гуфта мешавад, ки гурӯҳи нав бо раҳбарии Мулло Муҳаммадрасул аз имкониятҳои зиёди молӣ ва низомӣ бархӯрдор нест. Вале имкон дорад, ки таъйини раҳбари ин гурӯҳ, ба ихтилофҳо миёни Толибон доман бизанад.

Пеш аз ин Мулло Абдулманнон Ниёзӣ, яке аз сухангӯёни фармондеҳони мухолифи Мулло Ахтармуҳаммад Мансур ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки талошҳои оштӣ миёни Толибон ба натиҷа нарасид ва онҳо дар зудтарин фурсат раҳбари худро таъйин мекунанд.

Мулло Муҳаммадрасули 50-сола дар замони ҳукумати Толибон, ба ҳайси волӣ ва ё раиси вилоят ифои вазифа намудааст. Аксарияти ҳомиёни вай аз Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур норозӣ ҳастанд, чун ӯ хабари марги Мулло Умарро чандин сол пинҳон карда буд. Бархе аз онҳо ба ин назар ҳастанд, ки шояд Мулло Умар аз сӯи Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур кушта шуда бошад. Вале Мулло Мансур Ахтар мегӯяд, ки марги Мулло Умарро ба он хотир пинҳон карда буд, ки иттиҳод ва ҳамбастагӣ миёни Толибон ҳифз шавад.

Ин гурӯҳи норозӣ қаблан гуфта буд, ки ин гурӯҳи ифротӣ метавонад ба ду фирқаи алоҳида ҷудо шавад, чунки дар мавриди шахси раҳбари наваш ба тавофуқ нарасиданд. Баҳси раҳбарии Толибон 4 моҳ пеш, баъди он оғоз ёфт, ки мақомоти иктишофии Афғонистон гуфтанд, асосгузор ва раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар ҳанӯз ду сол пеш аз олам рафтааст. Толибон ба дунбол ин хабарро тасдиқ карданд.

Дар як нишасти оҷилан даъватшуда муовини Мулло Умар – Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур – раҳбари нави Толибон интихоб шуд. Вале бисёре аз фармондеҳони бонуфузи ин ҷунбиш, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, аз ин ба хашм омаданд, ки Мулло Мансур марги Мулло Умарро пинҳон кардааст.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ихтилофот дар дохили ҷунбиши Толибон метавонад музокироти сулҳи байни ин гурӯҳ ва ҳукумати Афғонистонро латма зада, дар дурнамо ба ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” имкони густариши нуфузаш дар Афғонистон ва минтақаро фароҳам биорад.

Толибон як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 зуҳур кард ва дар соли 1996 бо тасарруфи Кобул аз таъсиси “Аморати исломии Афғонистон” хабар дод. Режими Толибон, ки то поёни соли 2001 бар Афғонистон, ба истисное қисматҳое дар шимоли ин кишвар, ҳукумат ронд, бо сиёсатҳои тундравонааш, аз ҷумла бо ҷорӣ кардани меъёрҳои шадиди Шариат, лағви ҳаққи занон ба кор, таъқиби дигарандешон ва ҳамчунин бо иқдомҳои ваҳшатангезе, чун таркондани ҳайкалҳои бостонии Буддо дар Бомиён, ном бароварда буд.

Дар поёни соли 2001, баъди онки Толибон аз супурдани раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден ва дигар афроди гумонбар дар ҳамлаҳои террористии 11 сентябр сарпечӣ кард, эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико вориди Афғонистон шуд ва Толибонро аз Кобул ронд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовимати мусаллаҳонааш алайҳи нирӯҳои эътилоф ва Урдуи давлатии Афғонистон идома дод ва дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014 дар саҳнаи Афғонистон хеле фаъолтар шудааст.

XS
SM
MD
LG