Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқоте собит кардааст, ки ноқаноматмандии инсон аз тахассус ва шароити кор монеи пешрафт мешавад.

Фирӯза Муродова, сокини 32-сола ва хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ҳайси муҳосиб дар яке аз муассисаҳои давлатӣ кор мекунад мегӯяд, ҳар субҳ бо дили нохоҳам ба кор меравад.


Ба гуфтаи Фирӯза, фазои номусоиди коргоҳ ва ҳамчунин бархӯрди номуносиби раҳбар ӯро аз ин кор дилсард кардааст. Аммо танҳо ба хотири маош ва бо умеди он ки раҳбараш рӯзе иваз мешавад, дар ҷойи кор рӯз мегузаронад.

Фирӯза мегӯяд, «ман ду соли аввал бо шавқи зиёд ба ин кор шурӯъ кардам, чун мегуфтанд, агар корро дӯст дорӣ, он низ туро дӯст хоҳад дошт. Вале ҳоло то як андоза аз ин касби худам дилмонда шудаам ва ҳис мекунам, ки дар он чандон муваффақ ҳам нестам. Ягона чизе ки маро дар коргоҳ нигоҳ медорад, ин маош аст.»

Фирӯза мегӯяд, ҳарчанд соатҳои дарози худро ба кор мебахшад, аммо аз он ҳаловат намебарад ва дурнамои худро дар он намебинад.

Шумори онҳое, ки мисли Фирӯза ба кор дилгарм нестанд, зиёд аст. Вале аксари онҳо бо назардошти имконияти маҳдуди кор дар бозори шуғли Тоҷикистон илоҷи дигаре ба ҷуз таҳаммули вазъ надоранд. Сабаби аслии дилсардӣ аз кор адами дилгармиву ташвиқ барои рушди касбӣ, набуди саводи кофӣ ва маълумоти муносиб барои иҷрои вазифаи муайян ва ҳам вуҷуди мушкилоти мисли фасоду хешутаборбозист, ки монеи пешрафти кор мешавад.

Дар зимн, пажӯҳиши ахире, ки аз сӯи маркази назарсанҷии «Соцсервис» миёни беш аз 2 ҳазор ҷавонони то 30-солаи Тоҷикистон доир шудаст, муайян кардааст, ки 73 дарсади онҳо аз кори худ розӣ будаанд.

Ҷамшед Қуддусов, коршиноси ин марказ мегӯяд, 27 дарсади дигар аз маош ва шароити кор шикоят кардаанд. Ҷаноби Қуддусов афзуд, «дар ин пажӯҳиш он нафароне фаро гирифта шудаанд, ки дар бозори кори дохилӣ соҳиби шуғл буданд. Ин пурсиш нишон дод, онҳое, ки маълумоти олӣ надоранд, дар 5 соли ахир натавонистаанд дар бозори меҳнати кишвар соҳиби ҷойи кор шаванд ва аксаран дар соҳаҳои ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд. Онҳое, ки дараҷаи пасттари таҳсил доранд, аз он шикоят мекунанд, ки ба онҳо ҷои кори номуносиб пешниҳод мешавад ва онҳо мехоҳанд, ки дар ҷое кор кунанд, ки аз ҷиҳати молиявӣ ва маънавӣ мақомаш беҳтар бошад».

Ҷамшед Қуддусов мегӯяд, тибқи пажӯҳиши онҳо, дар панҷ соли ахир 86 дарсади ҷавононони соҳибмаълумот ва дорои таҳсилоти касбӣ тавонистаанд ҷойи корӣ худро ҳифз намоянд.

Аммо ба таъкиди ин таҳлилгар тибқи мушоҳидаҳо, маъмулан онҳое, ки феълан аз кори худ розӣ ҳастанд, бо гузашти чанд сол ба хулосае меоянд, ки ин кор муносиби онҳо нест. Чунин андеша асосан баъд аз синни 35 ва ё 40-солагӣ пайдо ва боиси тарки кор ва ё дар баъзе маворид, иваз намудани тахассус низ мегардад.

Ҳарчанд ба гуфтаи ин таҳлилагар то имрӯз ин масъала дар Тоҷикистон ба таври густурда омӯхта нашудааст, аммо аксаран камии маош, муҳити носолими коргоҳ ва бархӯрди нохуби корфаромо ба чунин тасмимгириҳо боис мешавад.

Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе, ки бидуни хоҳишашон шуғли дигареро ихтиёр кардаанд, мегӯянд, маҳз шароити иқтисодӣ онҳоро барои интихоби ин машғулият водор кардааст.

Созмони назарсанҷии Gallup низ ахиран дар 142 кишвар таҳқиқот анҷом додааст, собит намуд, ки 63 дарсади коргарон дар ҷаҳон шуғли худро дӯст намедоранд ва барои расидан ба мартабаи баландтар кӯшиш намекунанд.

Ин таҳлилагарон ба корфармоён тавсия медиҳанд, ки барои ташвиқи кормандон ба кор талоши бештар намоянд. Зеро аз кори хуби онҳо на танҳо рушди ширкат, балки пешрафти кишвар низ бастагӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG