Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси овозхонии занон дар Эрон (2 ВИДЕО)


Албоми “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам”

Албоми “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам”

Дар Эрон дар пайи нашри як албоми таронаҳои суннатӣ бо номи “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” баҳсҳо дар атрофи сарояндагии занҳо аз нав дар мегиранд.

Нашри як албоми таронаҳои суннатии Эрон барои маъмурияти президент Ҳасан Рӯҳонӣ дарди сар ва барои мухолифони ӯ дастаке шудааст, ки раисиҷумҳурро ба сиёсати нарм дар баробари масоили фарҳангиву иҷтимоӣ муттаҳам кунанд. Ҳамовозии як ҳунарманди сароянда дар албоми “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” боиси изҳори назарҳои тунди чеҳраҳои мазҳабии Эрон шудааст.

Ба иддаои ҷиноҳи тундрав дар саҳнаи сиёсии Эрон, ҳамовозии зан дар ин албом қонунеро поймол кардааст, соли 1979, баъди инқилоби исломӣ қабул шуда, овозхонии занонро мамнӯъ мекунад. Муҳофизакорон мегӯянд, ки ҳамовозии занону мардон дар таронаҳо ба фасоди ахлоқӣ мебарад.

Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ

Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ

Чанд чеҳраи мазҳабӣ, бо шумули оятулло Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ ва оятулло Носир Макорими Шерозӣ аз ҳавзаи Қум ин албомро маҳкум карданд. Матбуоти маҳаллӣ аз қавли Оятулло Ҳамадонӣ навиштааст, ки “таронаспроии занон набояд ба ҳеҷ далеле тавҷеҳ шавад ва пеши роҳи инро бояд гирифт.”

Таҳлилгарон ҷанҷол дар атрофи албоми “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам”-ро идомаи маъракаи фишор бар зидди Рӯҳонӣ арзёбӣ мекунанд. Бо ин ҳадаф, ки нагузоранд Рӯҳонӣ ваъдаҳои замони интихоботаш дар заминаи нарм кардани маҳдудиятҳои фарҳангиро амалӣ кунад.

Мақомоти вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, ки ба нашри албоми таронаҳои суннатӣ иҷозат додаанд, вуҷуди яккасароии занон дар ин маҷмӯаи таронаҳоро рад мекунанд. Сухангӯи ин вазорат Ҳусейн Нӯшободӣ ҳафтае пеш гуфт, дар муҷаввизи пахши ин албом ба хор ва ё ҳамсадоии овозхонҳои зану мард иҷозат додаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ин албом қабл аз фурӯш дар бозор аз ҷониби мақомот санҷдида шуд, ки мабодо дар он яккахонии занҳо ҷой дошта бошад.

Нӯшин Тофӣ, овозхони зан дар албоми таронаҳои суннатии “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” ба нашрияи “Шарқ” гуфтааст, гуфтугӯҳо дар атрофи яккахонии ӯ овозае беш нест, зеро таронаҳо дар ҳамовозӣ бо Мӯҳсини Кароматӣ суруда шудаанд. Нӯшин Тофӣ гуфтааст, ки Кароматиро устоди худ медонад.

“Албомҳое, ки дар онҳо занҳо ҳамовозӣ мекунанд, ҳамеша ба мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар ҳоле ки мо тамоми мароҳили қонунии пахши албом ва кор дар рӯи дуэтро тай кардаем, намедонам, чаро мушкил пайдо шудааст?” - пурсидааст ин овозхони зан.

Таронаи "Шаби ялдо"-и Нӯшин Тофиро инҷо бубинед:

Бархе аз қонунгузорон гуфтаанд, ки ҳарфи “яккасароӣ”-и зан дар ин албом ба гӯши ҷиноҳҳои тундрав дар порлумон расидааст ва онҳо рӯзҳои наздик қарори худро дар робита ба он эълон хоҳанд кард. Раҳбари Кумитаи фарҳанг дар порлумони Эрон Аҳмад Солеҳ намунаҳои яккасароии занонро “бисёр нигаронкунанда” унвон кард ва гуфт, ки агар яккасароӣ исбот шавад, ӯ тамоми талошашро ба кор хоҳад бурд, ки ба муқобили он иқдом кунад.

Соли гузашта порлумон вазири фарҳанг Алӣ Ҷаннатиро аз рӯи чанд масъала, бо шумули яккасароии занон мавриди пурсиш қарор дод. Матбуоти Эрон моҳи январи соли гузашта бо иқтибос аз Ҷаннатӣ гуфт, ки ба бовари ӯ, яккасароии занон дар баъзе мавридҳо, бо шумули лолоихонӣ ё аллагӯӣ бояд иҷозат бошад.

Як хабарнигор аз нашрияи ислоҳоттаби Теҳрон ба Радиои Фардо гуфт, ки тундравон бо эҷоди мушкилот дар арсаи фарҳанг талош мекунанд, то ба Рӯҳонӣ зарба зананд. Ин хабарнигор, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, баъди музокироти ҳастаӣ бахши фарҳангӣ аз нуқтаҳои заъфи Рӯҳонӣ интихоб шудааст.

“Рӯҳонӣ ваъдаҳои зиёд дода буд, аммо камтарини онҳоро иҷро кардааст. Вақте намоишҳои ҳунарӣ лағв мешаванд, оҳангсозҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мегарданд, китобҳо аз чоп намебароянд ва ғайра, табъан Рӯҳонӣ ба бесалоҳиятӣ муттаҳам мешавад,”- гуфт ин рӯзноманигнор.

Дар чанд моҳи гузашта дар пайи фишори тундравон чанд намоиши ҳунарӣ дар шаҳрҳои Эрон, бо шумули Шерозу Бӯшеҳр лағв шуданд. Эрон, ки то инқилоби исломӣ беҳтарин овозхонҳои занро ба форсизабонҳои дунё тақдим кардааст, баъди ба қудрат расидани исломиҳо таронасароиро ба занҳо мамнӯъ эълон кард.

Ҳунарнамоии Маҷид Дурахшонӣ бо як хонандаи зани эронӣ дар Тунис

Ҳунарнамоии Маҷид Дурахшонӣ бо як хонандаи зани эронӣ дар Тунис

Қаблан чунин як моҷаро бар сари оҳансозу навозандаи маъруфи Эрон Маҷиди Дурахшонӣ ҳам омада буд. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ ба далели ин ки дар клипҳои ахири гурӯҳи "Моҳбону"-и ӯ занон ҳам овозхонӣ кардаанд, шиносномаи Дурахшониро дар фурудгоҳи Теҳрон мусодира карданд ва монеи сафари вай ба Имороти Муттаҳидаи Араб шуданд.

Овозхонии ду зани эронӣ дар ҳайати гурӯҳи "Моҳбону" ба раҳбарии Маҷиди Дурахшониро аз ин видео тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG