Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайкали Муҳоҷири тоҷик дар Душанбе ва "ҳайкал"-и Равшану Ҷамшуд дар Красноярск


Акс аз саҳифаи Диловар Ашӯров дар Фейсбук

Акс аз саҳифаи Диловар Ашӯров дар Фейсбук

Чанд рӯз боз дар Интернет ҷамъоварии имзоҳо бо дархости гузоштани ҳайкали Муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад.

То рӯзи 26 феврал дар сомонаи avaaz.org, ки махсуси ҷамъоварии имзоҳо зери дархостҳои мухталиф аст, бо талаби гузоштани ҳайкали Муҳоҷир(он)-и тоҷик дар шаҳри Душанбе алакай 110 нафар имзо гузоштаанд.

Петитсия бо унвони “Ба ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон: Дар шаҳри Душанбе ҳайкали Муҳоҷири корӣ гузошта шавад” дар нишонии https://secure.avaaz.org/en/petition/Pravitelstvo_i_Parlament_Respubliki_Tadzhikistan_Ustanovit_pamyatnik_Trudovomu_Migrantu_v_gorode_Dushanbe_stolice_Tadzhi/?copy нашр шуда, дар шарҳи аҳамияти ин дархост аз ҷумла гуфта мешавад: “Маҳз муҳоҷири корӣ бештар аз ҳам адар Тоҷикистон муосир сазовори ҳайкал аст. Беш аз 1 миллион мардикор дар Русия кор карда, ба ватан пуле мефиристанд, ки ҳаҷмаш баробари нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии мост. Дар ягон кишвари дигари дунё чунин нест. Бидуни пуле ки ин мардикорон ба Тоҷикистон мефиристанд, миллионҳо нафар дар кишвари мо шояд гуруснагӣ бикашанд. Сатҳи фақр шояд хеле баландтар мешуд. Имкон дошт, ки ин ҳама шиддати иҷтимоиро пеш оварда, боиси афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳатто ошӯбҳо мешуд. Мо асосан ба шарофати муҳоҷирони корӣ, ки бо хуну арақи ҷабини худ даро Русия пул кор мекунанд, дар як ҷомиаи нисбатан таъмин ва осуда зиндагӣ дорем.”


Пешниҳоди сохтани ҳайкали Муҳоҷири тоҷик дар Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук баҳсҳои зиёдеро ба по кардааст. Бисёриҳо аз ин пешниҳод пуштибонӣ мекунанд.

Ҷамъоварии имзоҳо барои сохтани ҳайкали Муҳоҷири тоҷик дар сомонаи avaaz.org

Ҷамъоварии имзоҳо барои сохтани ҳайкали Муҳоҷири тоҷик дар сомонаи avaaz.org

Диловар Ашӯров, яке аз ташаббускорони гузоштани ҳайкали Муҳоҷири корӣ дар Душанбе дар Фейсбук аз ҷумла менависад, “дар ҳар шаҳри Тоҷикистон ҳайкали Исмоили Сомонӣ ҳаст. Дар бархе шаҳрҳо то ҳол муҷассамаҳои Ленин барҷой монда, ҳайкалҳои Рӯдакиву Фирдавсиро ҳам гузоштаанд. Вале аз чӣ бошад, ки то ҳол мо ҳайкали аз ҳамаи заруру аз ҳама муҳим – ҳайкали Муҳоҷири кориро надорем. Ин дуруст нест, чунки дар Тоҷикистони кунунӣ бештар аз ҳама маҳз муҳоҷири корӣ сазовори ҳайкал аст.”

Русияро тоҷикҳо сохтаанд?

Бисёриҳо дар Фейсбук аз ин пешниҳод ҳимоят карда, бархе таъсиси як сандуқи вижа ба манзури ҷамъ овардани пули лозим барои сохтани чунин ҳайкалро пешниҳод кардаанд. Бархе дигар дар бораи макони эҳтимолии гузоштани чунин ҳайкал баҳс мекунанд ва аз ҷумла майдони назди фурудгоҳи Душанберо, ки бештар аз ҳар макони дигари пойтахт шоҳиди ин ҳама сели равуои муҳоҷирони тоҷик аст, муносибтарин макон барои чунин ҳайкал шумурдаанд. Вале ба ақидаи Абдуҷамил Абуллоҳ, Беҳтараш муҷассамаро дар Русия монанд. Потом своим детям расскажут, « вот, сынок, это они строили Россию, ТАДЖИКИ!»

Аммо Фарҳоди Набинажод бо мухолифат ба ин ибтикор навиштааст, “тамоми мардлуми дунё ба донишмандону шахсиятҳои фарҳангӣ ва варзиш ҳайкал мегузоранд... Шумо бошед мехоҳед ба “қаҳрамони миллӣ” Ҷамшуд ҳайкал монед!” Аммо Шокир Файзуллоев бо Фарҳод вориди баҳс шудааст ки : “Чаро дарҳол Ҷамшуд? Ба мардуми коргар як ҳайкал бад аст?” Нуралӣ Раҷабов ҳам гуфтааст, ки набояд беш аз як миллион мардикори тоҷик дар Русияро саросар Равшану Ҷамшуд номид: “На ҳамаи муҳоҷирони мо Ҷамшуданд.”

Шоира Мирзоқосимова пешниҳод додааст, ки “Беҳтараш, ба ҷои ҳайкалҳо ҷои корӣ бисозанд, то мардум камтару камтар муҳоҷират кунанд.”

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ аз ҳамин зовия ба ин баҳс нигоҳ мекунанд.

Каримҷон Ёров, раҳбари ҷамъияти “ЭтМос”, ки рӯзи 25 феврал аз Маскав бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, аз як тараф, арҷ гузоштан ба саҳми дар воқеъ бузурги муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Тоҷикистони имрӯза кори савоб аст, вале ба назари ӯ, мақомоти тоҷик бояд рӯи сохтани шароите тамаркуз кунанд, ки мардум мӯҳтоҷи муҳоҷират нашавад: “Агар аз тарафи дигар бигирем, ин барои миллат як чизи нанговар аст, ки ҳайкал монему фахр кунем, ки мардуми мо муҳоҷир аст. Аз ин ҳайкалсозиҳо дида, беҳтар мебуд, ки ҳатто на дар фикри беҳбуди шароити муҳоҷирон дар Русия бошем, балки барои онҳо дар Ватан шароит ба вуҷуд биорем, ки мардум аз ин азоби ғурбат халос шавад, дар пеши зану фарзандаш кору зиндагӣ кунад. Ин мешуд арҷгузории хеле беҳтар ба ин мардуме ки имрӯз аробаи иқтисоди Тоҷикистонро мекашанд.”

Ҳайдаралӣ Алимов, раҳбари ҷамъияти “Пайванд”, яке аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Красноярск дар минтақаи Сибири Русия дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бояд ба раванди муҳоҷират ҳамчун ба як тамоюли муваққат нигоҳ кард ва дар фикри он шуд, ки сели муҳоҷирон солтосол камтар шавад. Ба ақидаи Ҳайдаралӣ Алимов, гузоштани ҳайкал баракс ақидаеро талқин мекунад дар зеҳни мардум, ки онҳо маҳкум ба муҳоҷират ва азоби ҳамешагианд ва интихоби дигаре на барои онҳо ва на барои наслҳои ояндаи ин мардум гӯё набошад: “Ба назари ман, ҳайкал ба касе ё чизе бояд гузоранд, ки рамзи мусбат бошанд. Вале ростӣ, муҳоҷират ин камбудии миллати мост, як рӯзи сахтии милилати мост, на ҷои ифтихор. Мо умед дорем, ки дар 5-6 соли наздик камтар шавад, ё тамоман нашавад муҳоҷирату ҳамин номаш ҳам гум шавад ва мо ҳама баргардему биравем ба Ватани худ! Ин номи муҳоҷир муваққатан ва натанҳо ба миллати мо часпид. Узбакҳову қирғизҳову халқҳои дигар ҳам муҳоҷир шуданд. Вале мо, тоҷикон, номи муҳоҷирро назар ба дигарон ба дил наздиктар мегирем ва бисёртар месӯзем.”

"Муҷассама"-и Равшану Ҷамшуд дар Красноярск, акс аз сомонаи kp.ru

"Муҷассама"-и Равшану Ҷамшуд дар Красноярск, акс аз сомонаи kp.ru

Зимнан маълум мешавад, ҳанӯз 2 сол пеш дар минтақаи Зелёнаяи Рошаи шаҳри Красноярске “муҷассама”-ҳои танзомези Равшан ва Ҷамшудро гузоштаанд. Равшан ва Ҷамшуд қаҳрамонони барномаи танзомези “Наша Russia’-анд, ки ба гуфтаи худи муаллифонашон, симои умумии муҳоҷирони хориҷист, вале дар Тоҷикистон бисёриҳо ин ду симоро таҳқире ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия унвон мекунанд. Нашри филмҳо дар бораи Равшану Ҷамшуд дар ин барнома дар пайи эътирозҳои мукаррари матбуот ва мақомоти Тоҷикистон қатъ шуд. Аммо ҳайкали танзомези Равшану Ҷамшуд дар Красноярск боқӣ монда, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, идомаи маъракаи таҳқири артиши бузурги муҳоҷиронест, ки дар пешбурди иқтисоди ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон саҳми бузург доранд.

Омори расмӣ шумори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ҳудуди 800 000, вале манобеъи дигар аз 1 то 1,5 миллион нафар баровард мекунанд. Солона ин мардум ба Тоҷикистон танҳо тавассути бонкҳо ва ширкатҳои интиқоли пул, яъне фақат бо роҳҳои расмӣ беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд, ки аз ҳаҷми буҷаи солонаи Тоҷикистон бештар ва баробари нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст. Аробаи рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвар дар паҳнои пасошӯравӣ ва вобастатарин кишвари дунё аз пули муҳоҷиронаш эътироф шудааст, асосан аз ҳисоби пули фиристодаи мардикорон мечархад.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт, ҳайкали муҳоҷирро дар пойтахти Тоҷикистон бояд сохт! Ҳадди ақал ҳамчун ҳушдоре ба мақомоти Тоҷикистон, ки ҳар боре аз бари ин ҳайкал гузаштанд, як бори дигар аз ҳисоби кӣ ба даст омадани суботи нисбии иҷтимоӣ дар ин кишварро ба ёд биоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG