Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони бахши иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз мақомот талаб кардаанд то дафтари онҳо, дар бозори "Панҷшанбе"-ро, ки дар сӯхтор осеб дида буд ва ҳоло барқарор шудааст, ба ихтиёрашон супоранд. Вале мақомот мегӯянд, ки бино ба соҳиби аслии он – ҳукумат баргаштааст ва хоҳад ба иҷора медиҳад ё мефурӯшад.

Се маркази савдои канори бозори Панҷшанбе, ки нимаи моҳи ноябри соли гузашта ба коми оташ рафта буд, бо маблағи соҳибони бозор барқарор ва дубора боз шуд. Ҳудуди 150 соҳибкоре, ки зиён дида буданд, калидҳои нави дӯконҳои худро ба даст гирифтанд ва як сол аз пардохти молиёт озод шуданд. Танҳо дари утоқҳои кории баъди сӯхтор таъмиру тармимшудаи рассомони суғдӣ ҳамоно баста аст.

Саиданвархон Саидисломов, яке аз рассомон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо баъди сӯхтор борҳо ба мақомот муроҷиат мекардем, доим мегуфтанд, ки хотирҷамъ бошед, мо он коргоҳи шуморо таъмир карда, калидашро ба худатон бармегардонем. Акнун маълум шуд, ки корро бар зарари мо ҳал кардаанд ва коргоҳамонро гирифтаанд.”

Рассомони суғдӣ мегӯянд, дар замоне, ки офаридаҳои ҳунарии рассомон харидори кам дорад ва аз нигоҳи молӣ ба дастгирии ҳукумат ниёз доранд, аз коргоҳи ҳунарӣ маҳрум кардани онҳо ба рушди ҳунари рассомӣ монеа эҷод кардан аст.

Бахши суғдии иттифоқи рассомони Тоҷикистон як созмони ҷамъиятӣ буда, ҳудуди 50 рассоми касбӣ, узви ин ниҳоди рассомони кишварро ба ҳам меорад. Дафтар ва коргоҳи онҳо ҳанӯз аз давраи шӯравӣ дар бинои маҳалли сӯхтор ҷойгир буд. Холиқ Давлатов, узви раёсати бахши суғдии иттифоқи рассомон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳудуди 100 асари рассомии мо, аз ҷумла 4 мусаввараи худи ман ҳам сӯхта нобуд шуд. Мо барои ҷуброни зарарҳои моливу маънавӣ намедонем ба куҷо муроҷиат кунем.”

Дар 6 соли охир барои бори дуюм рассомони суғдӣ коргоҳи худро аз даст медиҳанд. Ба гуфтаи масъулони бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар Суғд, биноеро, ки дар як қисми хурди он коргоҳ ва намоишгоҳи онҳо ҷойгир аст, соли 2008 ду сокини Хуҷанд ба тавриғайриқонунӣ хусусӣ карданд. Вале соли 2012, баъди муроҷиати рассомони суғдӣ ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо зиёиён ин масъала бар нафъи онҳо бознигарӣ шуд.

Додгоҳи олии иқтисодии кишвар бо судури як ҳалнома “ин биноро ба ҳолати аввалаш баргардонида”, ба иттифоқи рассомон дод. Бо вуҷуди ин, қарори додгоҳ то ба ҳол пурра ба иҷро надаромад ва тамоми бинову атрофи он дар ихтиёри рассомон нагузашт. Танҳо дар ошёнаи дуюми он коргоҳ ва намоишгоҳи онҳо ҷойгир буд. Ва дар ҳамин ҳол моҳи ноябри соли 2014 дафтар ва коргоҳи рассомон дар сӯхтор ба коми оташ рафт.

Ҳоло чаро мақомот намехоҳанд ҳадди ақал ҳамон утоқҳои собиқро дубора ба рассомон диҳанд? Мирзоаҳмад Рустамов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ дар ҳукумати Суғд мегӯяд, “ба ҳолати аввалааш баргардонидан”-и додгоҳ маънии ба иттифоқи рассомон додани биноро дар назар надорад. Вай дар шарҳи ин иддаои худ мегӯяд: “Ин ҷо як нозукӣ ҳаст. “Ба ҳолати аввала баргардонидан” – ро рассомон ба ихтиёри онҳо додани бино фаҳмидаанд. Вале дар ҳалномаи додгоҳ ба ихтиёри давлати Тоҷикистон баргардонида шавад, гуфта шудааст.”

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҷаноби Рустамов, дар ҳоли ҳозир бинои қаблии бахши суғдии иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар ихтиёри Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволии давлатии кишвар гузошта шудааст ва ин ниҳод ба салоҳдиди худ онро ба иҷора ё бо роҳи музояда ба фурӯш хоҳад гузошт.

Вале ин мақоми ҳукумати Суғд мегӯяд, ҳарчанд “тақдир” - и бинои пештараи рассомони суғдӣ ҳал шудаааст, бо ин вуҷуд мақомот рассомонро дар кӯча гузоштанӣ нестанд ва барои онҳо ҷои дигареро пешниҳод хоҳанд кард: “Мо он биноро мегирем. Барои ҳамин мо ба рассомон гуфтем, ки як ҷои ба онҳо маъқулро ёфта медиҳем.”

Ин пешниҳодро рассомони суғдӣ қабул надоранд ва мегӯянд, ба ин ваъдаи мақомот чандон бовар надоранд. Ва барои соҳибӣ ба коргоҳи “қадимӣ”- ву одаткардаи худ, дар назди бозори Панҷшанбе, пофишорӣ хоҳанд кард. Онҳо мегӯянд, ин бино солҳои 50-уми асри гузашта бо пули конфедератсияи иттифоқи рассомони шӯравӣ ва ба тариқи ҳашар сохта, дар ихтиёри рассомон гузошта шуда буд, аз ин рӯ ҳаққи аслӣ барои истифодаи он доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG