Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкараи нави Восеъ мисли пешинааш ҷанҷолбарангез шуд (ВИДЕО)


Пайкараи нави Восеъ
Пайкараи нави Восеъ

Суханони раиси ноҳияи Восеъ дар мулоқот бо муаллимон, ки "хари Восеи қаҳрамонро бо асп иваз хоҳад кард", онҳореро, ки дар бунёди ин пайкара саҳм гузоштаанд, ҳайрат овардааст.

Раиси ноҳияи Восеъ дар як сӯҳбат ба омӯзгорон гуфтааст, “хари Восеи қаҳрамонро бо асп иваз хоҳад кард”. Ӯ ин ҳарфро бо интиқод ба ҳайкали тозабунёди Восеъ гуфтааст, ки аспе, ин қаҳрамонро болои ӯ шинондаанд, бештар ба хар шабоҳат дорад. Аммо онҳое, ки дар бунёди ин ҳайкал саҳм гузоштаанд, мегӯянд, бовар надоранд, ки раиси ноҳия чунин гуфта бошад.

Араби Дӯстмурод, шоири ҳаҷвнигори маҳаллӣ, ки шоҳиди ин сӯҳбати раиси ноҳияи шудааст, мегӯяд, маълум набуд, ки ин ҳарф ҷиддӣ буд ва ё ҳазл, аммо хеле ба ҳақиқат наздикӣ дорад. Ба гуфтаи Дустмурод, «воқеан, ҳайвоне, ки Восеъи қаҳрамонро боли он

Араби Дӯстмурод
Араби Дӯстмурод

нишондаанд, шабоҳати хеле кам ба асп дорад. Вақте, ки аспи хуталиро ин қадар васф мекунанд ва онро тӯҳфаи беҳтарин ба маликаи Чин медонанд, дар ин шакл сохтани аспи тоҷикӣ таҳқир аст.»

Ду соли пеш пас аз оне, ки ҳайкали дар замони Шӯравӣ сохташудаи Восеъро интиқод карданд, онро аз хиёбони марказии шаҳрак бардошта, ба ҷояш ҳайкали нав гузоштанд. Сафаралӣ Холов, яке аз соҳибкорони муваффақи ноҳияи Восеъ, ки дар бунёди ин пайкара саҳм дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷои пайкараи собиқ Восеъ, толори варзишӣ бунёд мекунад. Ба гуфтаи Холов, дар бунёди пайкараи Восеъ 14 ҳазор доллар сарф кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳатто ҳайкалтарош баъди сохтани ин пайкара аз сӯи раисҷумҳур мукофот гирифтааст.

«Хуб аспи бузург аст. Аммо чанд нафар омада ба ман гуфта буданд, ки раис дар кадом баромади хеш чунин сухан гуфтааст, лек ман бовар надорам. Зеро агар асп камбудӣ медошт ё ба хар монанд мебуд, ҳайкалтарош аз президент мукофот намегирифт. Вале ҳайкали собиқи Восеъ ҳеҷ ба ӯ мувофиқат намекард. Восеъ дар 35-40 солагӣ фавтида бошад, ӯ ба 70-солаҳо монанд буд. Ҳоло мо нақша дорем дар ҷои собиқ ҳайкали Восеъ як зали варзишӣ бунёд кунем,» гуфт мусоҳиби мо.

Пайкараи нави Восеъ ҷанҷолбарангез шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Аммо Лола Ғуломова, муовини раиси ноҳияи Восеъ оид ба фарҳанг дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иддаҳо асос надоранд. Ба гуфтаи Ғуломова, замони пардабардорӣ аз пайкараи ин қаҳрамон, раиси ноҳия Ғаффор Мӯсоев аз он истиқбол карда буд. Ӯ мегӯяд, агар дар асп ё пайкара ягон камбудӣ дида мешуд, барои насбаш иҷоза намедоданд. Хонуми Ғуломова меафзояд: «Ҳеҷ гоҳ аз забони раис дар мавриди ҳайкали Восеъ сухани бад нашунидааст. Баръакс раис ба вазифа таъин шуд, гирду атрофи пайкараи Восеъро ба боғ табдил дод. Тарҳи ин муҷҷасамаро чанд тан аз мутахассисон дида, баъд онро омода кардаанд.»

Соли 1888 ошӯбҳои азим бекнишинии Балҷувонро фаро гирифт ва ин шӯриш бо номи Восеъ маъруф гаштааст. Иллати шӯриш он буд, ки мувофиқи талаби амалдорони амир деҳқонон мебоист аз ҳосили яксола хироҷи на танҳо он сол, балки хироҷи хушксолиҳои гузаштаро ҳам

Пайкараи қаблии Восеъ.
Пайкараи қаблии Восеъ.

пардохт кунанд. Иҷрои ин амал деҳқонон ва аҳли хонаводаи онҳоро ба гуруснагӣ мерасонид. Дар ин росто деҳқонони атрофи Ховалинг бо сардории Восеъ бо мулкдорон даст ба гиребон шуда, манзилҳои зисти онҳоро ба хок яксон карданд.

Восеъ баъди шӯриш ба музофоти Балҷувону Кӯлоб одамони худро фиристод, ки мардум дар ҷанги зидди амир ба вай ҳамроҳ шаванд. Баҳс дар мавриди пайкараи Восеъ миёни шоирон дар ҳолест, ки дар солҳои шӯриш барои аспи хуталии ӯ шеъре низ гуфта шудааст.

Восеъ ба асп савор шуд,

Барои ҷанг таёр шуд…

Симо ва корномаи Восеъро нависандаи машҳури тоҷик Сотим Улуғзода дар як романе абадӣ гардонд ва солҳои баъд коргардон Тоҳир Собиров дар бораи ин шӯриш, филми ҳунарие ба навор гирифт.

XS
SM
MD
LG