Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни дин: Нақши махсуси Ҳанафия...


Нуктаи аввалин ва баҳсбарангез дар баррасиҳои коршиносон муқаддимаи Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аст.

Дар он омадааст, «бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нашрияи расмии ин ҳизб «Наҷот» менависад, дар муқаддимаи мазкур овардани ҷумлаи «бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон» дар қонунгузории давлати дунявӣ ҳар шахси мазҳабиро хурсанд мекунад, ба шарте агар қисмати зерини ҷумла « дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст» набошад. Оқои Ҳимматзода суол гузоштааст, ки оё миёни ин ду меъёр, яъне нақши махсуси мазҳаби ҳанафӣ ва дунявият умумият ҳаст ё баръакс, тазоде вуҷуд дорад ё на? Оқои Ҳимматзода хостори рӯшан кардани мафҳуми дунявият шудааст.

Фаррух Умаров, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, таъкид бар мазҳаби ҳанафӣ дар Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз он хотир аст, ки дар Тоҷикистон аксарияти умдаи мардум ҳанафимазҳабанд. Оқои Умаров дар посух ба ин суол ки оё ин ҷо исмоилиҳо нодида гирифта намешаванд, гуфт, аз рӯйи нуфус исмоилиҳо дар Тоҷикистон камшуморанд ва аз ҳама муҳим онҳо ба амнияти Тоҷикистон ягон таҳдиде надоранд, аммо як қатор мазоҳиби ғайрисуннатие, аз қабили салафияву таҳририҳо пайдо шудаанд, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд.

Иддае дигар аз коршиносон бар онанд, ки маҳз ба хотири коҳиш додани нуфузи мазҳабҳои ғайрисуннатӣ таъкид доштан бар мазҳаби ҳанафӣ иштибоҳи дигарест дар ин қонун. Онҳо мегӯянд, қонун ба дигар эътиқодот ва адён, аз ҷумла атеистон озодӣ қоил мешавад, дар ҳоле ки онҳоро дини ислом ва низ мазҳаби ҳанафӣ муртад ҳисоб мекунанд.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳам мепурсад, ки оё дар ҳоли рӯ ба рӯйи ҳам истодани онҳо ҳукумати Тоҷикистон ба кадоме авлавият қоил хоҳад шуд? Оқои Ҳимматзода мегӯяд, азбаски меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон аз Қонуни Асосӣ маншаъ мегирад ва низоми дунявӣ асоси конститутсионӣ аст, омадани таркиби «бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон» дар Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ метавонад назарфиребӣ бошад.

Фаррух Умаров мегӯяд, такъид бар мазҳаби ҳанафӣ гарави устувории амнияти кишвар ва озодии эътиқоду динҳои дигар аст.

Сайид Умар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аслан дар ин самт, яъне идеология иштибоҳҳои бузург кардааст, яъне замоне пушти эҳёи зардуштия буд, аммо нашуд ва ҳоло дар мисоли Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мехоҳад мазҳаби ҳанафиро ҳамон гуна истифода кунад, ки муваффақ нахоҳад шуд.

Коршиносон мегӯянд, Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шудааст, аз муқаддима, ки пойбасти қонун аст, тазодомез аст ва аз ин хотир дар идомаи ин қонун нақзи ҳуқуқҳои инсон фаровон дучор меояд, ки дар ин маврид дар матлаби оянда сӯҳбат хоҳем кард.

ИН БАХШИ АВВАЛ АЗ ВИЖАГУФТОРИ МАХСУСИ РАДИОИ ОЗОДӢ ДАР БОРАИ ҚОНУНИ НАВИ ДИН МЕБОШАД.
XS
SM
MD
LG