Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 июл муҳокимаи даъвои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода алайҳи се раҳбари рӯҳонии вилояти Суғдро аз сар мегирад.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода онҳоро айбдор мекунад, ки дар як барномаи телевизонӣ эътибори хонаводаи ӯро паст задаанд. Ин мурофиа мебоист рӯзи 30 июл аз сар гирифта мешуд, вале ба далели ҳозир нашудани ҷониби даъвогар, яъне Тӯраҷонзодаҳо, то рӯзи чоршанбе ба таъхир уфтод.




Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода - раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд ва имом - хатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, онҳо бо даъвати додгоҳ ҳозир шуданд, вале даъвогар наомад. Ӯ афзуд, дар намоиши телевизионӣ онҳо дар ҳаққи касе туҳмат ва таҳкир раво надидаанд. Вай чунин гуфт: “Тоҷикистон як давлати демократӣ ва озод аст, ҳар кас ҳуқуқи худро ҳимоят мекунад. Лекин ин даъво ки дар он барнома таҳқир ва тӯҳмат буд, нодуруст аст.”

Додгоҳи Тӯраҷонзода алайҳи Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода - раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, Насрулло Азизов - имомхатиби масҷиди марказии Исфара ва Мақсудҷон Урунов - имомхатиби масҷиди марказии Конибодом барои дифоъ аз эътибору шахсияти худ ҳанӯз баҳори соли гузаштаи 2012 оғоз ёфта, бо таваққуфҳои тӯлонӣ то имрӯз идома дорад.

Дар ин парвандаи шаҳрвандӣ, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода алайҳи ин се рӯҳонӣ ва ҳамчунин хабарнигори телевизиони давлатии СТВ Тоҳири Искандарӣ даъво дорад, ки онҳо дар намоиши «Сӯҳбати озод», ки моҳи феврали соли гузашта дар мавзӯъи рӯзи Ошӯро пахш шуда буд, нисбат ба ӯву хонадонаш тӯҳмат задаанд.

Дар ин баҳси додгоҳӣ аз манофеъи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода вакили дифоъ Файзинисо Воҳидова ҳимоят мекунад. Додгоҳи Хуҷанд мегӯяд, ки ӯро аз рӯзу соати шурӯъи мурофиа аз қабл огоҳ карда буданд, аммо хонум Воҳидова ба далели ширкаташ дар як мурофиаи дигар натавонистааст ҳозир шавад.

Файзинисо Воҳидова дар мурофиаи қаблӣ дар моҳи март дар додгоҳи Хуҷанд гуфта буд, ҷавобгарон дар намоиши “Сӯҳбати озод” дар СТВ Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳвандӣ хонда, рӯи номи онҳо мӯҳри “нодидагирии манфиатҳои миллӣ”- ву “ҳимоят аз манофеъи бегона” задаанд.


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҷониби Тӯраҷонзода дар аризаи даъвоияш талаб дорад, ки 3 нафари ҷавобгар ва Тоҳири Искандарӣ, гардонандаи намоиш аз онҳо тавассути ҳамин барномаи “Сӯҳбати озод” узр пурсанд.

Моҳи март ҷавобгарон гуфтанд, аз пахши он намоиш ҳудуди 1 сол гузаштаву ҷузъиёти сӯҳбатҳояшонро фаромӯш кардаанд ва аз ин рӯ додгоҳ барояшон вақт бидиҳад, то бо он намоишу матни стенографиаш пурра ошно бишаванд. Додгоҳ ба ҳамин хотир идомаи баррасиро ба таъхир гузошт.

Вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова он замон гуфта буд, ки онҳо мехостанд, қазияро аз роҳи мусолиҳа, узрхоҳӣ ва пахши раддия аз ҷониби рӯҳониён ва хабарнигори телевизиони Суғд поён бахшанд, аммо ин пешниҳоди онҳоро ҷониби ҷавобгар ва ҳам телевизиони давлатии Суғд напазируфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG