Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маски-шоу” бо боздошти 4 автобус муҳоҷир дар Чувашистон


Саидбек Маҷидов, раҳбари яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Ҷумҳурии Чувашистони Русия.
Саидбек Маҷидов, раҳбари яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Ҷумҳурии Чувашистони Русия.

Моҷарои байни ду ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик боиси боздошти 4 автобус иштироккунандагони як анҷумани махсуси масоили муҳоҷират дар шаҳри Чебоксари, пойтахти Ҷумҳурии Чувашистони Русия аз сӯи маъмурони ФСБ шудааст.

Баъди ҳамагӣ чанд дақиқаи оғози анҷумани ҷамъиятҳои муҳоҷирони Ҷумҳурии Чувашистони Русия дар мавзӯи “Масоили ҳамкории диаспораҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Чувашистон” (“Проблемы диаспорального взаимодействия на территории Чувашской Республики“) афроди ниқобпӯши сиёҳпӯш, ки дар пушташон “ФСБ” навишта шуда буд, вориди толор шуданд ва қариб ҳама аҳли нишастро боздошт карданд. Қабл аз шурӯи нишаст як қисми меҳмононро ОМОН “бардошта” буд.

Саидбек Маҷидов, раҳбари ҷамъияти “Диаспораи тоҷикон”, ки ин анҷуман бо ташаббуси ҳамин созмон даъват шуда буд, рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ аз толор 4 автобус одамро ҷамъ карда бурданд: “Ин кор рӯзи 28 май сурат гирифт. Мо мехостем, дар ин анҷуман диаспораҳои дигар созмони моро ҳамчун намояндаи интихобшудаи муҳоҷирони тоҷик ба расмият бишиносанд. Инҷо як созмони дигар ҳам аз номи тоҷикон амал мекунад, вале ӯро мардум интихоб накардааст. Он аз тарафи ҳукумат амал мекунад. Аммо ФСБ мардумро дар 4 автобус бор карда буд ва кори мо нима монд. Боздоштшудаҳоро, ки дар байнашон тоҷикҳо ҳам буданд, озариҳо ҳам буданд, узбакҳо ва халқҳои дигар ҳам буданд, дар ФСБ пурсуҷӯи зиёд карда, танҳо баъди се соат ҷавоб доданд.”

Саидбек Маҷидов мамониат ба кори ин анҷуман ва ҳам таъқиби худи ӯ аз сӯи мақомоти Чувашистон ва якуним сол ҳукми колония-поселение, ки додгоҳи Чебоксари рӯзи 2 июн алайҳаш бо иттиҳоми қаллобӣ содир кардааст, натиҷаи шикоятҳои Абдулмаҷид Ғафуров, раиси ҷамъияти тоҷикон, як созмони дигари муҳоҷирони тоҷик дар Чувашистон медонад: “Гӯё ман тамаъҷӯӣ карда бошам. Вале ин тӯҳмат буд. Дар асл тӯҳфаҳоеро, ки дар бӯрёкӯбонам бачаҳо оварда буданд, ҳамчун тамаъ арзёбӣ мекунанд. Вале тиҷорати ман хуб аст ва аз касе чизе тамаъ надорам. Ин ҳама бозиҳо барои созмонест, ки мо ташкил додаем.”

Саидбек Маҷидов, ба гуфтаи худаш, тиҷорати меваю сабзавот мекунад ва ҳам дар бозори Чебоксари қаҳвахонае бо номи “Солнышко” (“Офтобак”) дорад, ки ба мизоҷон ғизо аз фақат гӯшти ҳалолро пешниҳод мекунад.

Абдулмаҷид Ғафуров
Абдулмаҷид Ғафуров

Аммо Абдулмаҷид Ғафуров, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Чувашистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Саидбек Маҷидовро рад кард: “Ман киям, ки аз пушти ман ФСБ-ву ОМОН рейд ташкил кунанд? Асли масъала ин аст, ки созмони онҳоро касе ба расмият намешиносад. Манъ накардаанд, албатта, чунки ташкили ҷамъият як кори ихтиёрист, вале мақомоти Чувашистон – на вазорати фарҳангу на ҳукумату на идораҳои дигараш онҳоро қабул надоранд. Онҳо бо ман кор мекунанд, чунки ман аз моҳи апрели соли 2013 расман аз тарафи раҳбарони ҷумҳурӣ ба унвони раиси ҷамъияти тоҷикон эътироф шудаам. Ба ҳамин далел, диаспораи дигар дар атрофи номи ман гап мебофад. Дар асл, ман ба кору бори онҳо коре надорам.”

Расонаҳои маҳаллӣ амалиёти вижаи ФСБ болои анҷумани бахшида ба масоили муҳоҷиратро ҳатто “маски-шоу” унвон мекунанд. Аммо мақомоти Чувашистон ин амалиётро “тафтиши барномарезишуда аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти муҳоҷират” ном мебаранд.

Бино ба маълумоти раҳбарони ҳарду созмон, дар “Диаспораи тоҷикон”-и Саидбек Маҷидов беш аз 200 муҳоҷири тоҷик ва дар ҷамъияти тоҷикони Абдулҳамид Ғафуров зери 300 нафар сабти ном шудаанд. Ҷамъи муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чувашистон, ки дар тақрибан 600-километрии шарқи Маскав ҷойгир шудааст, то 2000 нафар гуфта мешавад. Аксари онҳо дар маркази ин ҷумҳурии мухтор, шаҳри Чебоксари ва асосан дар бозору сохтмонҳо кор мекунанд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион нафар муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Дар ин кишвар таҳти шиори баланди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон беш аз 100 созмону ҷамъияти тоҷикон сабти ном шудааст, ки ҳамчун намояндаи ҳамин мардуми муҳоҷир фаъолият доранд, аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кумак мегиранд, дар нишастҳову чорабиниҳои расмӣ даъват мешаванд ва ҳам байни муҳоҷирон ва идораҳои давлатии Русия миёнаравӣ мекунанд.

Аммо ихтилофот байни раҳбарони ин созмонҳо дар гузашта ҳам чандин бор расонаӣ шуда буд. Гоҳо ихтилофҳо ба гунае шадиданд, ки раҳбари як созмони тоҷикон дар нишасте, ки намояндаи созмони дигари тоҷикон даъват шудааст, намеравад. Чанд мавриди бо якдигар дастбагиребон шудани намояндагони созмонҳои мухталиф низ мушоҳида шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия чандин бор талош кард, то ҳамаи ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷикро зери боми як созмон гирдиҳам биорад. Вале тарҳи “Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия” ба раҳбарии Абдуллоҳ Давлатов дар ниҳоят бо барканории раисаш дар нимароҳ монд ва танҳо натиҷааш ин шуд, ки созмонҳои наздик ба мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои гӯё “мухолиф” ҷудо шуданд.

Абдулмаҷид Ғафуров, раиси яке аз ду созмони ба ҳам даргири тоҷикони Чувашистон низ эътироф мекунад, ки ҳамдигарфаҳмӣ ба сӯди ҳарду тараф аст, зеро азоби ин ихтилофоти байни ҷамъиятҳоро бештар аз ҳама мардуми муҳоҷир мекашад. Ӯ афзуд, “мо саргарми ин бозиҳо гоҳо ҳатто ҳадафи аслиамон – ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷиронро фаромӯш мекунем.”

XS
SM
MD
LG