Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷаро дар як тӯйи арӯсӣ дар рустои Порвори ноҳияи Шӯрообод боиси марги як ҷавон ва "ваъда"-и интиқом аз сӯи ҷавонони ҳамсоядеҳаи Ёл гардид

Бори аввал сокинони деҳаи Порвор дар як маросими ҷаноза дар деҳаи ҳамсояи Ёл ширкат надоштанд. Аз Ёл то Порвор тақрибан якуним километр роҳ аст – ду деҳаро сангоб аз ҳам ҷудо мекунад ва порвориҳо ҳангоми сафар ба маркази ноҳия Шӯрообод аз байн ё канори Ёл мегузаранд. Аммо ин роҳ чаҳор рӯз боз холист – сокинони Ёл таҳдид карданд, ки барои куштори ҳамдеҳаашон ҳатман интиқом мегиранд.

Куштори як ҷавон аз деҳаи Ёл дар тӯйи арусӣ дар Порвор мардуми ду деҳаро, ки тайи даҳсолаҳо бо ҳам тақрибан гӯшу нохун шудаанд, пушти ду сангар қарор додааст. Ин ҳодиса шоми якуми август дар манзили сокини рустои Порвор Мадюсуф Қурбонов рӯй дод ва шоҳидони ҳодиса то ҳол наметавонанд бигӯянд, ки баҳс миёни ҷавонони деҳа ва меҳмонон аз Ёл аз чӣ шурӯъ шуд ва чӣ гуна ба занозаниии фоҷиабор печид. Ҷаъфар, як сокини Порвор, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор кард, ки латукӯби ҷавони ёлӣ дар зеҳнаш навори видеоии саҳнаи куштори духтари афғон Фархунда аз сӯи издиҳоми башӯромадаро эҳё намуд – ба бадани ҷавони зери по афтода бо мушту лағад ва бо сангу чӯб мезаданд. Табибони ноҳияи Шӯрообод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки тақрибан дар ҳама ҷойи бадани Исматҷон Раҳмонов, ҷавони 19-солаи сокини деҳаи Ёл, осори зарбу лат ва дар сараш ду ҷойи зарби шадид, эҳтимолан аз санг дида мешуд. Исматҷон баъд аз латукӯби шадид дар ҳоли беҳӯшӣ ба бемористони ноҳияи Шӯрообод интиқол ёфт ва субҳи 5 август аз олам даргузашт.

Муродалӣ Сиддиқ, раиси ҷамоати Ёл, субҳи рӯзи 6 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки бо дастури кормандони милиса сокинони деҳаи Порвор ба маросими ҷаноза наомаданд. Ҳаминаш беҳтар шуд, зеро мумкин буд, ки мардуми эҳсосотӣ ба ягон кори ғайриқонунӣ даст зананд, мегӯяд ӯ. Ба хотири таҳқиқи ҳодиса ва ҷилавгирӣ аз амиқтар шудани низоъ миёни мардуми ду деҳа раиси идораи милиса ва доситони ноҳияи Шӯрообод ба Ёл омаданд. Масъулини ноҳия ба мардум ваъда доданд, ки муҷримон ҳатман муҷозот мешаванд. Дар робита ба ин ҳодиса айни ҳол алайҳи се нафар - Баҳром Алимадов, Ҷалили Нусрат ва Манучеҳр Халифаев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва онҳо дар боздоштгоҳи идораи милисаи ноҳияи Шӯрообод қарор доранд. Ба гуфтаи Ҷаъфар, яке аз боздоштшудаҳо - Баҳром Алимадов муҳассили омӯзишгоҳи ҳарбӣ аст.

Дар ҷамоат хабари ба Ёл интиқол ёфтани кормандони иловагии милиса ва дар канори деҳа ҷойгир шудани онҳоро тасдиқ ё инкор накарданд.

Низоъҳо дар тӯйҳои арӯсӣ дар Тоҷикистон зиёд рӯй медиҳанд ва аммо аз ин пеш ҳодисаҳои бо марг анҷом ёфтани онҳо сабт нашудаанд. Фоҷиа дар деҳаи Порвор шояд рӯй намедод, агар соҳибони маърака ба пешниҳоди масъулини ҷамоат барои рӯзона баргузор намудани тӯйи арӯсӣ розӣ мешуданд. Муродалӣ Сиддиқ дар бенизомӣ бузургсолони деҳаро ҳам айбдор мекунад, ки вақтҳои ахир аз рафтан ба тӯйхона ва назорати он парҳез мекунанд.

Бархӯрд миёни ҷавонон дар тӯю маъракаҳо хоси ҳама манотиқи Тоҷикистон аст. Дар вилояти Суғд, ба гуфтаи таҳлилгар Тилав Расулзода, ҳоло ҳам гоҳо моҷароҳо бар асари дар роҳи арӯсу домод бастани арғамчин ваё аз рашки ҷавонон ба арӯсиии ҳамдеҳаашон бо ҷавони деҳаи ҳамсоя рӯй медиҳанд, ҳарчанд назар ба солҳои пеш онҳо хело коҳиш ёфтаанд. Решаи ин гуна низоъҳоро дар қарнҳо пеш бояд ҷуст, ки мардуми ҳар қабила ё авлод дар рустоҳои ҷудогона мезистанд ва таври маъмул, хонадор шудани ҷавону духтар аз деҳаҳои ҳамсоя ҳодисаи хело нодир буд, мегӯяд ӯ.

Дар Бадахшон ҳам ин гуна ҳодисаҳо иттифоқ меуфтанд аммо онҳо ҳеҷ гоҳ боиси моҷарову хушунат миёни ду маҳалла ё русто намешаванд - маъмулан бузургсолон ҷавонони "ҷангара"-ро зуд бо ҳам оштӣ медиҳанд. Аммо, ба иқрори хабарнигор Қурбон Аламшоев, вақте шуғнониву рӯшонӣ ё ванҷиву дарвозӣ бо ҳам дар маъракае менишинад, ҳатман сӯи ҳам шӯхомез гап мепарронанд ва ё дар бораи ҳамдигар латифа мегӯянд. Ва гоҳҳо ин боиси ранҷиш ҳам мешавад.

Дар Хатлон ҳам рӯёрӯӣ миёни сокинони ду деҳа ҳодисаи нодир аст, одатан, агар ба сари мушкили об ё ягон порча замин байни сокинони алоҳидаи ду деҳа моҷарое хезад, ришсафедон зуд ба миён медароянд ва баҳсро аз рӯйи адолат ҳал мекунанд, мегӯяд мардумшинос Зафари Мирзоён. Аммо ӯ иқрор мекунад, ки вақтҳои ахир калонсолон ҳарчӣ бештар худро аз назорати тӯйхонаҳо канор мегиранд. Ва ин дар ҳоле, ки солҳои ахир бар асари муҳоҷирати корӣ дар Русия рӯи ҷавонони тоҷик "фарҳанги ифтохору мағрурии "қафқозӣ" таъсир гузоштааст". Ҳоло воқеъан шумораи ҷавононе, ки ба ҳарфҳои пирони хирад гӯш диҳанд, кам шудааст, мегӯяд ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG