Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сочи 2014:Мояи ифтихор ё намунаи фасод дар Русия


 Аҳмад Билолов
Аҳмад Билолов

Собиқ муовини раиси Кумитаи олимпии Русия Аҳмад Билолов иддао дорад, ки ӯро бо симоб заҳролуд кардаанд. Пеш аз ин ҳодиса президенти Русия Владимин Путин ӯро бо сӯиистифода аз мансаб дар сохтмони трамплин барои бозиҳои олимпии Сочи-2014 муттаҳам намуда буд.

Рӯзи 27-уми апрел собиқ муовини раиси Кумитаи олимпии Русия Аҳмад Билолов иддао намуд, ки дар ҷои кораш дар шаҳри Маскав ӯро бо симоб заҳролуд кардаанд. Билолови 42-сола мегӯяд, ки сар аз нимаҳои соли гузашта ҳис мекард, ки дар ҷои кор ҳолаш бад мешавад.

Аммо дар ин иртибот бисёриҳо моҳи февралро ба ёд меоранд, ки ҳангоми зиёрат аз сохтмони варзишгоҳҳои олимпии Сочи президенти Русия Владимин Путин Билоловро масъули таъхири дусолаи сохтмони трамплин ва ду баробар боло бурдани хароҷоти сохтмони ин иншооти бозиҳои олимпии соли 2014-ум номид.



Идораи додситонии Русия Билоловро бо дуздии 2,6 миллион доллар аз Муассисаи осоишгоҳҳои Қафқози шимолӣ (Курорты Северного Кафказа), ки масъули сохтмони трамплини Сочи аст, муттаҳам мекунад. Ҳамчунон Билолов бо сӯиистифодаи 97 ҳазор доллари ширкати зери раҳбариаш барои сафар ба бозиҳои олимпии Лондон-2012 муттаҳам мешавад.

Дар ҳамин ҳол сомонаи боэътибори Gazeta.ru шубҳа надорад, ки Билоловро воқеан заҳролуд кардаанд. Хабарнигорони Gazeta.ru исрор меварзанд, ки нусхаи муоинаи тиббии Билоловро бо чашми худ дидаанд, ки бар пояи он миқдори симоб дар тани ин мансабдори собиқ 4 баробар бештар аз миқдори қобили қабул будааст.

Собиқ раҳбари Муассисаи осоишгоҳҳои Қафқози шимолӣ Алексей Невский ҳам бо сабабҳои сиҳҳӣ вазифаро канор гузошта буд ва идораи додситонӣ бар зидди ӯ ҳам парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми сӯиистифода аз мансаб ва дуздии пули ширкат боз кардааст.

Қазияи Бололов намунаи фасоди саросарӣ дар сохтмонҳои олимпии Сочи номида мешавад.

Ба қавли муфаттишони давлатии Русия то кунун ширкатҳои давлатии масъули сохтмони варзишгоҳҳои олимпии Сочи беш аз 500 миллион долларро бо ҳадафҳои норӯшан масраф намудаанд.

Умуман, Русия барои такмил намудани сохтмони олимпии Сочи то имрӯз 50 миллиард доллар харҷ кардааст, ки аз нақшаи ибтидоӣ 5 баробар бештар буда, бозиҳои олимпии Сочи-2014-ро ба гаронтарин бозиҳои олимпии таърихи инсоният табдил хоҳад дод.

Сармоягузорони хусусии бозиҳои олимпӣ ҳам аз болоравии нархи варзишгоҳҳои иншоот нигарон буда, аз президент Путин тақозо кардаанд, ки саҳми давлат дар сохтмони иншооти олимпӣ бештар шавад.

Дар баробари афзоиши хароҷоти сохтмон Кумитаи бозиҳои олимпӣ мавриди танқиди ҳомиёни муҳити зист қарор гирифтааст, зеро ба гуфти бахши русии Созмони ҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ бозиҳои олимпӣ ба табиати минтақа зарбаи бузург хоҳад зад.

Билохира, ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳам бозиҳои олимпии Сочиро, ки тибқи нақша аз 7-ум то 23-уми феврали соли 2014-ум идома меёбанд, бо истисмор ва фиреби муҳоҷирони корӣ муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG