Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бисёриҳо дар Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки забони тоҷикӣ дар солҳои охир хеле тағйир ёфтааст ва онҳо бисёре аз калимаҳоеро, ки дар матбуот истифода мешавад, аслан намефаҳманд.

Баҳси масоили забон яке аз баҳсҳои доғ дар ҷомиаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аҳли адаб аз дармондагии забони тоҷикӣ дар қайди тарҷумаҳои таҳтуллафз аз русӣ меноланду ба ин далел мӯътақиданд, ки забони тоҷикӣ аз забони роиҷ дар Эрону Афғонистон ақиб мондааст. Мардуми авом баръакс мегӯянд, дар ду даҳсолаи охир забони тоҷикӣ чунон башиддат тағйир ёфт, ки забони матбуоти имрӯзаро хеле ба сахтӣ мефаҳманд ва баъзе таъбирҳое, ки истифода мешаванд, аслан намефаҳманд, ки маънояшон чист?

Ҳамин тавр, баҳсе пайваста меҷӯшаду меҷӯшад, ки оё тоҷикӣ ҳамон форсист ваё форсиву дариву тоҷикӣ се забони мустақиланд? Оё дар роҳи рушди забони тоҷикӣ бояд такя ба дастовардҳои забони форсии Эрону Афғонистон кард ва таъбирҳоеро, ки ҳанӯз дар тоҷикӣ нест, аз хазинаи умумии забони форсӣ бигирем ё мо ба роҳи худу онҳо - ба роҳи худ?

Биёед, дар ин майдони баҳси Радиои Озодӣ пиромуни масоили забони тоҷикӣ баҳс кунем. Ҳам дар бораи роҳҳои рушди забону дар бораи қаробат ё ҷудоияш бо форсиву дарӣ ва ҳам рӯи тарҷумаи калимаҳои мушаххас?

Барои мисол, меҳнат чӣ маъно дорад – азобу машаққат ё кор?
Индексро чӣ бигӯем – шохис ё нишондиҳанда?
Пас индикаторро чӣ бояд гуфт?
Ба тоҷикӣ ҳоло ҳам инженер бигӯем ё муҳандис?
Комитет бигӯем ё кумита?
Аэропорт ё фурудгоҳ?
Европа ё Аврупо ё Урупо?
Россия ё Русия?
Москва ё Маскав?
“Ахборот додан” магар дуруст аст?
Истирдод чӣ маъно дорад?
Иҷтинобу муҷтамаъ(ё маҷтамаъ?) аз куҷо омаду ба забони мо часпид?
Қозӣ дуруст аст ё додрас ё ҳамон судяе ки буд?
Суд беҳтар аст ё додгоҳ?
Муҳокима аз мурофиа чӣ фарқ дорад?
Прокуратураи генералӣ ё додситонии кул?

Ё бинависед, ки дар тарҷумаи кадом калима аз ҳар забоне ки бошад, мушкил мекашед ва дигарон ба кумаки шумо бирасанд. Ё калимаеро мисол биоред, ки аз гузоришҳои матбуот, аз ҷумла дар Радиои Озодӣ маънояшро нафаҳмидед.

Назари худро инҷо бирезед, баҳс кунед, то дар ин баҳсҳо як ҳақиқате ҳамчун роҳи ҳалли мушкилоти забони тоҷикӣ ба дунё биояд. Марҳамат, ин майдон аз Шумост!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG