Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси шаҳри Кӯлоб шаш духтари ҷавонро, ки гуфта мешуд, дар ҳамин авохир нопадид шудаанд, пайдо кард ва ба дасти волидони онҳо супурд.

Масъулини Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, хабарҳои рабуда шудани ин духтарҳоро рад карданд ва гуфтанд, ки ин духтарҳо дар вақтҳои мухталиф, вале дар пайи ҳодисаҳои ба ҳам монанд нопадид шуданд.

Бахтиёр Қаландаров, ваколатдори калони Шӯъбаи кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар Кӯлоб мегӯяд, ин ҷавондухтарон давоми се моҳи ахир бинобар мушкилоти иҷтимоӣ бо хонаводаҳои худ аз хона берун рафтаанд. Пулис дар ду ҳафтаи ахир тақрибан ҳамаи онҳоро пайдо кард ва ба хонаашон баргардонд.

Идораи пулиси Кӯлоб.

Идораи пулиси Кӯлоб.

Аз ин миён ба гуфтаи Қаландаров, як нафари онҳо, ки бемории рӯҳӣ дошт дар бемористони ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ буда, ҷавонзани дигаре дар пайи ҷанҷол бо шавҳар, бо ду кӯдаки хӯрдсолаш дар Душанбе, ба хонаи яке аз наздконаш паноҳ бурдааст. Фирори чаҳор ҷавондухтари дигар низ дар пайи носозиҳо бо наздикон дар оила сурат гирифтааст. Ҳоло ба ҷуз як ҷавондухтари 20 сола, духтарони дигар ба хонаи волидон баргаштаанд.

Қаландаров мегӯяд, волидони ин ҷавондухтари 20-сола мехостанд духтарро бидуни хоҳишаш ба шавҳар диҳанд. Аммо ин духтар дар ноҳияи Ҳисор дӯстписаре доштаст ва бо машварати ӯ аз хона фирор кардааст.

Қаландаров гуфт: «Мо аз тафтиши рақамҳои телефони мобилӣ маҳали зисти ҷавонро пайдо кардем. Ҷавонписар ба Кӯлоб омада, ӯро ҳамроҳи худ бурдаст. Маълум шуд, ки ин ду ҷавон воқеан, ҳамдигарро дӯст доштаанд ва бо розигии падари писар ба ҳам издивоҷ карда, вале аз тарс волидайни худи ҷавондухтар хоҳиш кардааст, то ӯро ошкор накунанд. Вақте рафтем, аз зиндагиашон аллакай моҳе гузашта буд ва падару модари тарафҳо бо ҳам шинос шуданд ва дар охир ин тасмими фарзандони худро қабул карда, бо ҳам хеш шуданд.»



Аммо волидайни ин ҷавондухтар, ки аз зикри номашон худдорӣ карданд, дар як тамоси телефонӣ изҳор доштанд, ки ҳамдигарнофаҳмии онҳо бо духтарашон сабаби ин ҳодиса шудааст. Онҳо мегӯянд, то пайдо кардани духтарашон шаб рӯз хоб надоштанд ва сад фикру хайёл дар зеҳнашон бедор мешуд, аммо ҳоло дидани вазъи зиндагии духтарашон хотирҷамъ шуда, аз гуноҳи ӯ гузаштанд.

Ҷустуҷӯи ин шаш ҷавондухтари гумшуда дар ҳоле ҷиддан оғоз шуд, ки нопадид шудани ду кӯдаки хӯрдсол дар Душанбе ҷомеаро пур аз овозаҳои пурвоҳима кардааст. Амирҷон Гулмадов, корманди дигари Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб, ки дар пайдо кардани гумшудагон саҳм доштааст, мегӯяд, аз сӯҳбат бо гумшудагон маълум гардид, ки фирори онҳо эътроз ба мавқеъи оштинопазири волидон дар баробари хоҳишҳои ҷавондухтарон будааст.

​Ӯ гуфт: «Онҳо аз масъалаҳои дохилиоилавӣ норозӣ будаанд ва бо роҳи фирор ва пинҳон шудан дар хонаи наздикон хостаанд, аз волидон қасос бигиранд. Лекин инро дар миёни мардум овоза карданд, ки гӯё гурӯҳе пайдо шудаасту духтаронро дуздида мефурӯшанд. Мо маълум кардем, ки чунин набудааст, балки ин як ҷанбаи иҷтимоӣ доштааст ва ҳеҷ гурӯҳе ҳам дар нопадид шудани онҳо саҳм надоштааст.»

Равоншиносон мегӯянд, фирор кардан аз хонавода маҳсули фишори равонӣ аст. Манучеҳр Бобоев, як равоншиноси маҳаллӣ мегӯяд, афроде, ки аз хонаводаҳои худ фирор мекунанд, нисбат ба онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, рӯҳан солимтаранд.

Вай афзуд: «Ин гуна одамон нисбатан солимтаранд ва мехоҳанд, хостаи худро, ҳарфи худро амалӣ кунанд. Яъне, як навъ истиқлоли фардӣ нисбат ба масъалае доштан мехоҳанд. Инҳоро намешавад, бемори рӯҳӣ гуфт, зеро афроде, ки заъфи рӯҳӣ доранд, дар чунин ҳолат даст ба худкӯшӣ мезананд.»

Феълан, Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб ягон нафар гумшударо ҷустуҷӯ намекунад ва бо пайдо шудани ин шаш ҷавондухтар, ҳамаи нопадидшудагон дар се моҳи ахир пайдо шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG