Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷойгоҳи нобиноён дар Тоҷикистон ба андозаи як суруд танг аст


Зарринаи Абдураҳим

Зарринаи Абдураҳим

Зарринаи Абдураҳим, ҷавондухтари 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар озмуни вижаи овозхонӣ барои нобиноён дар радиои “Садои Душанбе” пирӯз шудааст.

Радиои “Садои Душанбе”, ки ҳашт сол боз барномаи вижае бо номи “Чашми дил” ҳафтае ду бор барои нобиноён пахш мекунад, бештар аз 500 мухлиси доимӣ дорад, ки ҳамагӣ машғули сарояндагиянд.

Яке аз онҳо, Зарринаи Абдураҳим, дар ягон мактаби мусиқӣ находааст, аммо бинобар доштани истеъдоди хуби сарояндагӣ соле пеш аз узви оддии дастаи ҳаваскорони ҷамъияти нобиноён ба узвияти дастаи ҳунарии “Сомон”-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пазируфта шуда, аз номи ин вазорат дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунад. Ҳамчунин, ӯ ба 25 навраси нобинои Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе барои овозхон шудан кӯмак мекунад. Заррина, ки бо як духтари 5-сола аз шавҳараш ҷудо шудааст, сарояндагиро ягона роҳе барои зистани худу дигар ҳамтақдиронаш дар шароити имрӯз медонад.

Заррина меафзояд: "Соли 2009 бо як ҳамтақдири худам издивоҷ кардам, аммо пас аз ду соли зиндагӣ модараш гуфт, келини нобино доштан намехоҳад ва маро аз писараш ҷудо карда, ӯро бо духтари бино хонадор кард. Аз хурдӣ суруд мехондам, аммо пас аз ҷудо шудан аз шавҳар ҷиддитар ба сарояндагӣ шуғл варзидам. Барои сабти сурудҳо ҳоло маблағ надорам, аммо мебинам, ки дар чорабиниҳо сурудҳоям ба сокинон хуш меояд.”

Ин ҷавондухтар мегӯяд, узви биноии ҳамтақдиронаш фаъол нест, аз ин рӯ, бештар овози онҳо инкишоф ёфтааст. Ӯ мегӯяд, аксари нобиноён истеъдоди сарояндагӣ доранд ва дар ҳоле, ки ҳеҷ корхонаи вижаи нобиноён фаъол нест, ин ягона пешае ҳаст, ки онҳоро зинда нигаҳ медорад. Ҳоло аксари нобиноёни тоҷик ё узви дастаҳои хурди ҳаваскорон ҳастанд ва дар кӯчаву хиёбонҳо бо сарояндагӣ талбандагӣ мекунанд.

Радио -- ягона минбар барои гуфтани дарди нобиноён

Барномаи “Чашми дил”-и радиои "Садои Душанбе" ягона минбарест, ки ба нобиноёни тоҷик имкони гуфтани ҳарфи дилашонро медиҳад. Фирӯзи Карим, гардонандаи ин барнома мегӯяд, радио ягона расонае дар Тоҷикистон аст, ки нобиноён онро гӯш мекунанд ва бештар аз ҳама нобиноён дар барномаҳои мустақими радио тамоси телефонӣ мегиранд. Ӯ мегӯяд, дар озмуни сарояндагон низ нобиноён хеле фаъоланд.

Ӯ гуфт: “Аслан нобиноён ба сурудхонӣ майлу завқ доранд. Ба он хотир, ки ҳамон дарде, ки Худованд ба онҳо додааст, ҳама дардро бо дил, бо чашми дил мебинанд. Тариқи сурудхонӣ онҳо дарди худро берун мекунанд. Ягона ва беҳтарин дӯсти онҳо радио ҳаст. Радио барояшон соат ҳаст, асо ҳаст, ки вақтро мефаҳманд ва тариқи он ҳаракат мекунанд.”

Замони Шӯравӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон маҳаллаҳои вижаи зисти нобиноён вуҷуд дошт, ки он ҷо ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Дар маҳаллаи нобиноён корхонаҳои дуредгарӣ, симтӯрбофӣ, қолинбофӣ низ фаъолият мекард, аммо бо фурӯпошии Шӯравӣ ин корхонаҳо суқут карданд ва бештари нобиноён бо аз даст додани кор, ба талбандагӣ машғул шуданд. Он замон симтур ва қолинҳои маҳсули дасти нобиноён харидори зиёд дошт, вале ҳоло онҳоро танҳо бо сарояндагӣ мешиносанд.

Пешниҳод ба Вазорати тандурустӣ: Нобиноён маҳсгар шаванд!

Холаҳмад Тенгниев, раҳбари ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ва атрофи он, ки ҳудуди ҳазор аъзо дорад, мегӯяд, нобиноён ҳунарҳои зиёд доранд, аммо муҳити фаъолият надоранд. Ӯ мегӯяд, воқеан нобиноён истеъдоди хуби сарояндагӣ доранд, аммо барои сабти суруд на ҳамаи онҳо маблағ пайдо мекунанд. Холаҳмад мегӯяд, ба сабаби он, ки на ҳамаи нобиноён имкони сароянда шудан доранд, онҳо бо иншои як нома ба Вазорати тандурустӣ, пешниҳод карданд, то дар коллеҷҳои тиббӣ як Шӯъбаи маҳсгарӣ барои нобиноён боз кунанд.

Ӯ мегӯяд: “Ҳоло чанд узви ҷамъияти мо ба маҳсгарӣ машғуланд ва хеле маҳсгари хуб ҳам ҳастанд. Мо пешниҳод кардем, ки назди коллеҷҳо курс боз кунанд ва нобиноёнро таълим дода, дар ҷойҳои махсус ба фаъолияти маҳсгарӣ ҷалб кунанд. Мутаассифона, то ҳол Вазорати тандурустӣ ин пешниҳоди моро бо далели надоштани адабиёт бо ҳуруфи брайлӣ, напазируфтааст. Лекин агар ин амалӣ шавад, нобиноён дар ин самт низ истеъдоди хуб доранд.”

Дар Тоҷикистон расман беш аз 10 ҳазор нобино сабти ном шудааст. Бештари нобиноёни тоҷикро метавон дар кӯчаву хиёбонҳо дид, ки бо сарояндагӣ талбандагӣ мекунанд. Шумораи хеле ками онҳо ба мисли Зарринаи Абдураҳим дар дастаҳои ҳунарӣ ҷои кор пайдо мекунанд, дар ҳоле ки аксари онҳо садо ва табъи хуби мусиқӣ доранд.

XS
SM
MD
LG