Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат "Роҳнамои муҳоҷирон" дар Русияро "иғво" номид


Сафорати Тоҷикистон дар Русия нашри "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар Санкт-Петербургро "иғвою дасиса" хондааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши изҳороти расмӣ, нашри «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ»-ро маҳкум карда, онро иғвою дасиса хонд, ки гурӯҳҳои алоҳида барои "ҳадафҳои нопоки худ" роҳандозӣ кардаанд.

Сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, чопи «роҳнамо»-ро амали номатлуб ва таҳқири рӯйирости муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониёни Русия арзёбӣ кардааст.

Намояндагии Тоҷикистон дар Маскав бо пахши изҳороти расмӣ аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки масъалаи мазкурро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, зуҳури чунин падидаҳои номатлубро дар оянда ҷилавгирӣ намоянд: «Ашхос ё гурӯҳҳои алоҳида, ки аз иғвову дасиса ва таҳқиру озор барои пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ, яъне халалпазир кардани раванди осоиштаи кору зиндагии мардум ва ба вуҷуд овардани тирагиҳо миёни қавму миллатҳои гуногун кор мегиранд, ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро ин амали нораво аз сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибфарҳанг ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ сурат мавриди пуштибонӣ қарор нахоҳад гирифт.»

Дар ин робита додситонии шаҳри Санкт Петербург эълон кардааст, ки ин дастурамал аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Назаре ба оянда» дар доираи лоиҳаи «Ғарбу Шарқ» нашр гардидааст ва айни ҳол нисбати ин амал тафтишот ҷараён дорад.

Чанде қабл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия китобчае бо номи "Раҳнамои муҳоҷири корӣ" ба нашр расид, ки дар он муҳоҷирон дар сурати ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва андовачӯбу ғелак нишон дода шудаанд. Ин дастурамал 10 ҳазор нусха чоп гардида, шакли электронияш дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир шудааст.

Баробари қоидаҳои вуруд ба Русия ва дарёфти кор дар ин кишвар, ноширони «роҳнамо» ба муҳоҷирон тарзи гуфтору рафторро нишон доданд. Аз ҷумла дар дастурамал ба муҳоҷирон тавсия шудааст, ки либосҳои миллӣ напӯшанд, бо либосҳои варзишӣ нагарданд, баланд гап назананд….

Ин раҳнамо, ки ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст, мавҷи эътирозҳоро дар миёни созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва худи муҳоҷирон дар Русия ба бор овардааст. Баробари ниҳодҳои расмии Тоҷикистон созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳам эълон кардаанд, дар "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ", ки ба унвони як дастурамал барои муҳоҷирони муқими Русия таҳия ва нашр шудааст иззат ва ҳайсияти инсонҳое, ки аз рӯи ночорӣ рӯ ба муҳоҷират оварданд, таҳқир шудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG