Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Димон Ашуров пӯшида сурат мегирад


Димон Ашӯров дар бистари беморхонаи Чин
Димон Ашӯров дар бистари беморхонаи Чин

Додгоҳи олии Тоҷикистон рузи 5 апрел паси дарҳои баста ба баррасии парвандаи ин сокини Бадахшон шурӯъ мекунад.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Димон Ашӯров 3 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷумъаи ҳамин ҳафта дар соати 10 субҳ нахустин мурофиаи додгоҳии Димон Ашуров баргузор хоҳад шуд. Ҷаноби Қудратов гуфт, азбски ҷараёни тафтиши парвандаи Димон Ашуров махфӣ сурат гирифт, мурофии додгоҳии вай низ пӯшида ҷараён мегирад.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта ба Озодӣ гуфта буд, ки парвандаи пурсарусадои Димон Ашӯровро бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва бо қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» поён дода, ба Додгоҳи олӣ ирсол дошт.

Вакили дифои Димон Ашуров мегӯяд, ки ба тамоми бандҳои айбномаи Додсионӣ розӣ нест. Ба иддаои ӯ, дар ибтидо вай танҳо барои амали таққалуби ҳуҷҷатҳо айбдор дониста мешуд, вале дар ҷараёни тафтишон боз чанд банди дигарро дар парвандаи Димон Ашӯров ҳамроҳ кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Қудратов, зерҳимояи вай танҳо ҳамин айбномаи ибтидоӣ, яъне таққалуби ҳуҷҷатҳоро эътироф кардааст.

Димон Ашӯров, ки дар Бадахшон бо номи Давлатбек маъруф аст, рӯзи 20-уми августи соли 2012 аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон оварда шуд. Аммо дастгиршуда аз ошёнаи саввуми бинои Раёсати умури дохилӣ худро ба замин партофта, сахт маҷрӯҳ шуд ва ҳангоми муолиҷа аз бемористон фирор карда, ба Чин паноҳ бурд.

Ашӯров яке наздикони собиқ фармондеҳи мухолифин Имомназар Имомназаров аст, ки тобистони соли 2012, ба дунболи амалиёти вижаи нерӯҳои интизомӣ дар Хоруғ кушта шуд. Додситонии вилояти Бадахшон гуфтааст, Ашӯров ҳанӯз чанд сол қабл аз ҳаводиси моҳи июли Хоруғ, ба қаллобӣ ба ҳангоми хариду фурӯши нақлиёт муттаҳам шуда, таҳти пайгард қарор дошт ва ба ин сабаб боздошт шуд.

Наздикони Димон Ашӯров, ки аз сарнавишти ӯ дар боздоштгоҳ чандин бор изҳори нигаронӣ карданд, мегӯянд, вай фирор накард, балки ба беморхонаи шаҳри Урумчии Чин барои муолиҷа рафта буд. Дертар ҳукумати Чин ӯро ба Тоҷикистон истирдод кард. Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ гуфт, Ашӯров ба иловаи даст доштанаш дар қаллобӣ, дар ҷараёни тафтишот аз беморхонаи Хоруғ фирор карда дар Чин паноҳ бурд.
XS
SM
MD
LG