Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Димон Ашӯров ба Додгоҳи олӣ меравад


Димон дар беморхонаи шаҳри Урумчии Чин. Акс аз бойгонӣ.
Димон дар беморхонаи шаҳри Урумчии Чин. Акс аз бойгонӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи Димон Ашӯровро анҷом дода ва дар наздиктарин фурсат онро ба Додгоҳи олӣ ирсол медорад.

Раёсати тафтишоти мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми март ба Озодӣ гуфт, парвандаи пурсарусадои Димон Ашӯровро бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва бо қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» поён дода, тасмим гирифтааст дар наздиктарин рӯз онро ба Додгоҳи олӣ ирсол дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, баррасии парвандаи Димон Ашӯров аз оғози тафтишот махфӣ сурат гирифтааст ва имкон дорад мурофиаҳо низ дар Додгоҳи олӣ ба таври пӯшида сурат бигиранд. Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Димон Ашӯров низ ба Озодӣ гуфт, ки аз Додситонии кул ӯро огоҳ кардааст, ки баррасии парвандаи шахси зерҳимояи ӯ анҷом ёфтааст ва ба Додгоҳи олӣ фиристода мешавад.

Аммо Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки дар ибтидо зерҳимояи ӯ танҳо бо амали таққалуби ҳуҷҷатҳо айбдор дониста мешуд, вале боз чанд банди дигарро дар парвандаи Димон Ашӯров ҳамроҳ кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Қудратов, зерҳимояи вай танҳо ҳамин айбномаи ибтидоӣ, яъне таққалуби ҳуҷҷатҳоро эътироф кардааст.

Димон Ашӯров, ки дар Бадахшон бо номи Давлатбек маъруф аст, рӯзи 20-уми августи соли гузашта аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба Раёсати корҳои дохилии вилоят оварда шуд. Аммо дастгиршуда аз ошёни саввуми утоқи бинои Раёсати умури дохилӣ худро ба замин партофта, сахти маҷрӯҳ шуд ва ҳангоми муолиҷа аз бемористон фирор карда, ба Чин паноҳ бурд.

Ашӯров яке наздикони собиқ фармондеҳи мухолифин, Имомназар Имомназаров арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли 2012, ба дунболи амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Хоруғ, кушта шуд. Додситонии вилояти Бадахшон гуфтааст, Ашӯров ҳанӯз чанд сол қабл аз ҳаводиси моҳи июли Хоруғ ба қаллобӣ дар муомилоти хариду фурӯши воситаи нақлиётӣ муттаҳам шуда, таҳти пайгард қарор дошт ва ба ин сабаб боздошт гардидааст.

Наздикони Димон Ашӯров мегӯянд, вай ба Чин фирор накарда, балки барои табобати пойи маҷрӯҳаш ба беморхонаи Урумчии Чин рафта буд. Дертар ҳукумати Чин ӯро ба Тоҷикистон истирдод кард. Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин истирдод бино бар аҳдномаи Тоҷикистону Чин амалӣ гаштааст. Шерхон Салимзода Ашӯровро дар он муттаҳам мекунад, ки ӯ сарфи назар аз он, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад, аз беморхонаи Хоруғ фирор карда ба Чин рафтааст.
XS
SM
MD
LG