Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабрдидаҳо аз Додгоҳи олӣ мехоҳанд, ки интиқоми куштаҳоро биситонад


Додгоҳи Олӣ ба мурофиаи пӯшидаи ду сокини Хоруғ идома дод. Гуфта мешавад, ки даҳҳо ҷабрдида аз дидаву шунидаи худ дар назди додгустарҳо гувоҳӣ хоҳанд дод.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба бозпурсии 61 ҷабридида оғоз кардааст, ки алайҳи ду айбдоршаванда - Шерик Кармахудоев ва Димон Ашуров дар робита ба нооромиҳои Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 шоҳидӣ медиҳанд.

Дар ҳоле, ки вакилони дифоъи ин ду нафар барои пахш накардани маълумот аз толори додгоҳ ба мақомоти судӣ забонхат додаанд, модари Димон Ашӯров худро пойбанди ҳеҷ тааҳудот намешуморад ва мегӯяд, ки рӯзи панҷшанбеи 11 апрел се ҷабрдида ва як рӯзи пеш 10 тани дигар мавриди бозпурсии додгустарҳо қарор гирифтанд. Зебо Мамадназарова гуфт, ки нишондоди шоҳидон алайҳи писарашро ноодилона мешуморад, зеро ба гуфти ӯ, баъзе шоҳидон "ноогоҳона" ҳам Димон Ашуров ва ҳам Шерик Карамхудоевро дар куштори сарбозон дар нооромиҳои Хоруғ гунаҳкор мекунанд.

Мурофиаи додгоҳии муштараки ду сокини Бадахшон Димон Ашуров ва Шерик Карамхудоев, собиқ раиси бахши шаҳриии ҲНИТ дар Хоруғ, рӯзи 8 апрел оғоз ёфт. Дар ҳоли ҳозир даҳҳо шоҳид ва ҷабрдида, ҳам аз Бадахшон ва ҳам берун аз он барои бозпурсӣ омода шудаанд.

Зебо Мамадназарова мегӯяд: «Баъзе аз ҷабрдидаҳо дар ҷараёни мурофиа ба Димону Шерик ишора карда, бо садои баланд талаб мекунанд, ки ин ду нафар мисли фарзандони онҳо парронда шаванд. Аммо додрас онҳоро ором мекард ва мегуфт, ки Димон Ашуров ва Шерик Карамхудоев дар куштори касе айбдор дониста намешаванд".

Зебо Мамадназарова мегӯяд, ҳарчанд баъзе ҷабрдидаҳо писари ӯро дар куштори фарзанди худ муттҳам мекунанд, вале умдатан далел надоранд ва бештар шунидаҳои худро ҳамчун далел пешниҳод мекунанд.

Ба гуфти Зебо Мамадназарова бо ин ҳол дур нест, ки банди 104-и Қонуни ҷиноӣ низ ба қазияи писараш илова шавад. Дар ҳоли ҳозир, Димон Ашӯров мувофиқ ба айбномаи Додситонии кулл, танҳо ба як ҷурми худ қоил аст. Димон Ашуров эътироф мекунад,ки ӯ дар амали «тақаллубкории ҳуҷҷатҳо»,тибқи моддаи 340 гунаҳкор аст. Аммо иттиҳомоти дигар, яъне «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат»-ро ба зимма нагирифтааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба далели махфӣ ҷараён гирифтани мурофиаи мазкур аз шарҳи ҷузъиёти парванда ва мурофиаи додгоҳии Димон Ашуров ва Шерик Карамхудоев худдорӣ мекунад.


Додгоҳи олӣ Димон Ашӯров, сокини шаҳри Хоруғро аз рӯи панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ – 187 – ташкили созмони ҷиноӣ, 188 – бетартибиҳои оммавӣ, 247 - қаллобӣ , 328 – истифода аз зӯроварӣ алайҳи намояндаи ҳукумат, 340 – таҳияи асноди қалбакӣ ва 365 – фирор аз тафтишот муттаҳам мекунад. Сокини дигари шаҳри Хоруғ, сарвари созмони ҲНИТ дар ин шаҳр Шерик Карамхудоевро тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ ба ташкили созмони ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва истифода аз зӯроварӣ алайҳи намояндаи ҳукумат, айбдор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ яке аз намояндагони мақомот шарҳ намедиҳанд, ки чаро парвандаи ин ду нафар муштарак баррасӣ мешавад. Шерик Карамхудоев, сарвари созмони ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ ҳанӯз моҳи июли соли гузашта ҳангоми ҳаводиси Бадахшон боздошт шуда буд. Димон Ашӯров низ моҳи августи соли гузашта боздошт шуд, аммо ҳангоми тафтишот аз ошёнаи сеюми бинои Раёсати корҳои дохилии Бадахшон худро ба поён андохта, пас аз чанде ба Чин фирор кард ва моҳи январ аз он ҷо ба Душанбе истирдод шуд.

Амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки моҳи июли соли 2012 дар Бадахшон дар пайи кушта шудани Абдулло Назаров, сарвари Раёсати КДАМ дар ин вилоят роҳандозӣ шуд, бино ба иттилои расмӣ, 12 сарбозу афсари ҳукуматӣ ва 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Имомназар Имомназаров, раҳбари ғайрирасмии Бадахшон кушта шуданд. Теъдоди боздоштшудагон аз ҷумлаи ин гурӯҳҳоро мақомоти ҳукуматӣ беш аз 40 нафар эълон дошта буданд.

Парвандаи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев дуввумин парвандаест, ки ба ҳаводиси Бадахшон рабт дорад. То ба ҳол додгоҳ ду нафар Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшонро дар куштори генерал Абдулло Назаров муҷрим шинохта, онҳоро ба 17 ва 16 соли ҳабс маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG