Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурзандози маъруф, ки то ин дам ягона соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Рио-2016 аз Тоҷикистон аст, умедвор дорад, варзишгарони дигари тоҷик ҳам ба ин мусобиқаҳои муҳим роҳ хоҳанд ёфт.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, то охирҳои моҳи июн дар Ҷумҳурии Чех ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро омодагӣ мегирад. Ҳафтаи гузашта ин варзишгар дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех дар мусобиқоти Гран-Прии "Оstrava golden spike" барандаи ҷои дуюм ва медали нуқра шуд. Дар як сӯҳбат бо Озодӣ рӯзи 23 май Дилшод Назаров аз шаҳри Яблонетси Чехия гуфт, бисёр умедвор дорад, ки аз Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ варзишгарони зиёд иштирок хоҳанд кард.

Радиои Озодӣ: Дилшод, ҳунарнамоии шумо дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех чӣ тавр гузашт?

Дилшод Назаров: Мусобиқоти Острава як рақобати муҳими гурзандозони ҷаҳон аст. Ин мусобиқаҳо ба рейтинги варзишгар таъсир расонда, дар охири сол ба ҳар як ширкатдори ин мусобиқот хол медиҳад ва аз рӯи ҷамъбандии ин холҳо дар ниҳоят мақом ва мавқеи варзишгар муайян хоҳад шуд. Рейтинги баланди варзишгар гарави даъвати ӯ ба мусобиқаҳои байналмилалии бонуфуз аст.

Радиои Озодӣ: Шумо баъди Ҷумҳурии Чех ба Олмон рафтед. Натиҷаҳои мусобиқот дар Олмон чӣ тавр буд?

Дилшод Назаров: Дар рақобатҳои байналмилалӣ, ки ахиран дар шаҳри Ҳаллеи Олмон баргузор шуд, ман ҷои дуюмро касб кардам. Ва баъди ин мусобиқаҳо дубора ба Чехия баргашта, тамринҳои худро идома медиҳам. Барои омодагиҳо ба Олимпиада ба ман Кумитаи олимпӣ ва Кумитаи варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар Ҷумҳурии Чех менеҷери ман ҳам зиндагӣ мекунанд, ки мутахассиси гурзандозӣ аст. Вай ба ман кӯмаки зиёд мекунад.

Радиои Озодӣ: Аз рӯи натиҷаҳои муқаддамотии омодагиҳо барои ширкат дар Олимпиада, то имрӯз танҳо шумо даъватнома ё роҳхати сафар ба ин бозиҳои муҳими варзиширо ба даст овардед. Охири ҳафтаи гузашта хабар омад, ки Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова аз ин рақобатҳо берун шуданд, дигар варзишгарон ҳам ҳастанд, ки ноком шуданд. Шумо ин хабарҳоро чӣ гуна дарёфтед?

Дилшод Назаров: Бешубҳа, ин хабар нороҳаткунанда ва то ҷое аламовар аст. Ҳоло ҳама барои имкони сафар ба Олимпиада омодагӣ

Истиқболи Д.Назаров баъди бурдани ҷои 2 қаҳрамоии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар Чин. Августи соли 2015

Истиқболи Д.Назаров баъди бурдани ҷои 2 қаҳрамоии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар Чин. Августи соли 2015

мебинанд. Вале бояд гӯям, ки меъёри гирифтани роҳхати олимпиро дар бисёр навъҳои варзиш ин навбат хеле мушкил кардаанд. Шумори сабқатҳои варзишии пеш аз Олимпиада ҳам зиёд шудааст. Ба назари ман, варзишгарони мо тамоми ҳунар ва тавоноиашонро намоиш медиҳанд, то ки соҳиби роҳхати олимпӣ шаванд. Ҳоло дар пеш мусобиқаҳои квалификатсионии бокс барои мардон ҳам дар назар аст ва ман бисёр умед дорам, ки муштзанҳои мо аз он ҷо бо натиҷаҳои хуб ва роҳхатҳои олимпӣ бармегарданд. Ҳамингуна рақобатҳои дзюдо ҳам дар нақша аст ва умедворем, ки дзюдочиён ҳам ду ё се роҳхат ба даст меоранд.

Радиои Озодӣ: Фарз кардем, ки дар ҳолати бадтарин шумо танҳо намояндаи Тоҷикистон дар Олимпиада мешавед ва танҳо худатон ҳам парчамбардори он.

Дилшод Назаров: Ман, ростӣ, дар ин бора фикр накардам, вале сидқан умедворам, ки бачаҳои дигар ҳам ҳунарнамоии хуб нишон медиҳанд ва шумори мо зиёд мешавад. Ҳоло Тоҷикистон шонс дорад, ки дар риштаҳои мисли шиноварӣ ва варзиши сабук ҳам роҳхат ба даст оварад. Аз ин хотир, ба ҳеҷ сурат ман танҳо намешавам.

Радиои Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ҳар дафъа, дар остонаи бозиҳои муҳими мисли Олимпиада, мушкилоти варзиши тоҷик аз назари камбуди маблағгузориву тарбияи варзишгарон гӯё ӯрён мешаванд?

Дилшод Назаров: На, ман чунин гуфта наметавонам. Масалан, имсол мо бо Кумитаи варзиш ва сайёҳӣ тамоми вазифаҳоеро, ки дар амри омодагӣ ба Олимпиада дар пеши худ гузошта будем, иҷро кардем. Маҳз барои варзишгароне, ки ба Олимпиада омодагӣ мебинанд, пулҳои зиёд ҷудо кардем, то ки дар рақобатҳои квалификатсионӣ иштирок кунанд. Варзиш беҳаракат нест. Аз сӯи дигар, ҳоло қоидаҳои интихоби варзишгарон барои ширкат дар Бозиҳои олимпиро ҳам шадидтар мекунанд.

Радиои Озодӣ: Яъне ин ҷо сабабҳои объективӣ ҳам ҳаст?

Дилшод Назаров: Албатта. Масалан, дар навъи варзише, ки ман машғулам – варзиши сабук, гурзандозӣ... агар дар гузашта як меъёри муайян ё норматив гузошта мешуду ҳама онро месупурданд, ҳамаи ҳаминҳо, яъне 40 ё 50 кас хеста ба мусобиқа мерафтанд. Ҳоло Федератсияи байналмилалии варзишии мо гуфт, ки на, ҳади аксар 32 нафар метавонад иштирок кунаду тамом.

Радиои Озодӣ: Сабабаш дар чист?

Дилшод Назаров: Шояд таъсири бӯҳрони молӣ бошад, намедонам. Яъне онҳо мехоҳанд, ки танҳо беҳтаринҳо иштирок кунанд. Масалан, дар бахши олимпии таэквон-до WTF танҳо як мусобиқа барои баргузиниш ба Олимпиада вуҷуд дорад. Ин хеле нокофӣ аст.

Радиои Озодӣ: Ҳангоми омодагиҳо ба мусобиқот шумо аз кадом як дарс ё ҳикмати махсусе кор мегиред, ки бароятон дар ғалабаҳо кӯмак мекунад?

Дилшод Назаров: Ин албатта сирри варзишӣ аст. Вале ман ба ин фикрам, ки на бо рақибон, балки бо худам мубориза мебарам. Агар ман бар худам пирӯз шудам, ҳатман соҳиби медал мешавам. Агар ҳам хато гузашт, ман, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҷрибаи калон андӯхтаам, талош мекунам, аз роҳи бозбинии сабти бозиҳо барои оянда барои худ дарс гирам. Гурзандозӣ як навъи варзиши хеле мушкил аст ва бисёр вақт иштибоҳҳо марбут ба хатоҳои техникӣ мешавад. Аз ҳамин хотир, ман баъди бозиҳо ҳамин иштибоҳҳои фанниро таҳлилу баррасӣ мекунам.

Навор аз бойгонӣ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG