Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар сабқати Знаменскийҳо ҷойи аввалро гирифт


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

​Дилшод Назаров, гурзандози маъруф ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сабқати байнулмилалӣ ба хотири бародарон Знаменскийҳо дар Русия мақоми аввалро касб кард.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сабқати байнулмилалии варзиши сабук ба хотири бародарон Знаменскийҳо дар Русия барандаи ҷойи аввал шуд. Оқои Назаров дар ин мусобиқа гурзро ба масоифаи 78,29 метр партофт.

Ҷои дувум ва севумро дар ин сабқати байнулмилалӣ аз Словения Мартсел Ломнитский бо 77,50 метр ва Сергей Литвинов аз Русия бо 77,00 метр ба даст оварданд.

Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

Ӯ моҳи майи сол ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифта буд. Дилшод қаҳрамони дукаратаи Осиё (солҳои 2009 ва 2013) мебошад. Ӯ соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Маскави Русия панҷум шудааст.

Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG