Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров - беҳтарин варзишгари соли 2013


Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро муайян ва Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол эълон кард.

Ба иттилоъи раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол гардид. Дилшод Назаров имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиқоти байналмилалист. Вай дар чунин мусобиқа дар Бразилия низ соҳиби медали тилло шуд.

Инчунин Дилшод дар мусобиқоти байналмилалии “Seiko Golden Prix” дар Ҷопон бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскав ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо натиҷаи 78 метру 31 сантиметр дар байни панҷ нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷой гирифт. Бояд гуфт, ки ин беҳтарин натиҷаи имсола миёни варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни бузургсолон дар намуди олимпист.

Дилшод Назарови 31-сола, ки моҳи марти соли равон дубора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд, имсол, ҳамчунин, дар Ҳиндустон боз ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Дарвоқеъ, Дилшод ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии варзиш медали тилло ба даст овардааст.

Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

Баъди Дилшод Назаров ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дохил шуд. Комроншоҳи 20-сола моҳи декабр дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия барои аввалин бор барандаи медали тилло гардид. Ба ҷуз гуштии кураш вай имсол боз дар ду намуд – самбо ва дзюдо ба натиҷаҳои баланд ноил шуд. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг дар Санкт-Петербург бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Вай дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи самбо дар вазни то 90 кг барандаи медали нуқра гардид. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон ғолиб шуд.

Комроншоҳ, ҳамчунин дар ду даври мусобиқоти байналмилалии дзюдо - Гран-при дар шаҳрҳои Алмаато ва Тошканд ду медали биринҷӣ ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Киев бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин, инҳо дохил шуданд:

Алишер Аҳмадов

Алишер Аҳмадов

Алишер Аҳмадов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кило, барандаи ду медали биринҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булғористон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 57 кг ва дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар машқҳои маҷмӯӣ;

Саидҷалол Саидов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 81 кг дар Туркия ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Кореяи Ҷанубӣ;

Искандари Рустам – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба гуштии озод дар вазни то 96 кг дар Ҳиндустон;

Наврӯз Ҷафоев – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни то 75 кг дар Урдун;

Абдуазим Бойназаров – барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи гуштии камарбандӣ дар вазни то 68 кг;

Зӯҳро Холова – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик- лайт дар вазни то 50 кг;

Меҳрангез Алиева – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон;

ва Акмал Қодиров – барандаи ду медали тиллои чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар вазни беш аз 90 кг байни варзишгарони маъюб дар Тошканд.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ 75 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд. Хабарнигорон дар пурсишнома ҳамагӣ 29 варзишгарро, ки намояндагони 17 навъи варзиш мебошанд, номбар кардаанд. “Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон соли 2013 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст,” – иброз дошт Нарзулло Латифов.

Мавзуна Чориева дар Лондон

Мавзуна Чориева дар Лондон

Дар соли 2012 муштзан Мавзуна Чориева, танҳо баранди нишони олимпӣ аз Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон нишони биринҷӣ ба даст оварда буд, дар тамоми назарсанҷиҳои анҷомшуда беҳтарин варзишгари соли Тоҷикистон эътироф шуда буд. Аммо Мавзуна, ки баъди Олимпиадаи Лондон издивоҷ кард, дар соли 2013 ба далели бордорӣ ва таваллуди фарзанд дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат карда натавонист ва ба ин далел, дар раддабандиҳои имсола роҳ наёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG