Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна Чориева – беҳтарин варзишгари сол


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик.
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2012-умро муайян кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева беҳтарин варзишгари сол гардид.

Мавзунаи 19-сола имсол дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон ва мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар Чин медалҳои биринҷӣ, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Муғулистон медали нуқра ба даст овард.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, инчунин, инҳо дохил шуданд:

Расул Боқиев – барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар Тошканд, ҷойи 7-ум дар Олимпиадаи Лондон,

Дилшод Назаров – ғолиби давраҳои мусобиқоти даъвати ҷаҳонӣ аз силсилаи “IAAF World Challenge» оид ба гурзандозӣ дар Рио-Де-Жанейро (Бразилия) ва Кавасакӣ (Ҷопон), ҷойи 10-ум дар Олимпиадаи Лондон,

Юсуф Абдусаломов – барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Кореяи Ҷанубӣ, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ “Mongolia Open-2012” дар Улан-Батор, ғолиби мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (Финляндия),

Ҷаҳон Қурбонов - ҷойи 2-юм дар сабқати интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Алматӣ (Қазоқистон), барандаи медали биринҷӣ дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскав,

Парвиз Собиров – барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар Тошканд,

Искандари Рустам - ҷойи 2-юм дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба гуштии озод дар Остона (Қазоқистон),

Акмалиддин Каримов – барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Минск, ғолиби давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав, қаҳрамони Осиё оид ба самбо дар Тошканд,

--Комроншоҳи Устопириён – қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо миёни навҷавонон дар София (Булғористон), қаҳрамони Осиё оид ба самбо миёни ҷавонон дар Тошканд, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон дар Тайван, барандаи ду медали тилло дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи “Умедҳои олимпӣ – Ҷоми Ғалаба” дар шаҳри Санкт-Петербург (Русия), ғолиби Мусобиқаи VI кушодаи умумирусиягӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар Челябинск (Русия),

--Алишер Аҳмадов – қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) миёни навҷавонон дар Братислава (Словакия), қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ) миёни ҷавонон дар Таллинн, қаҳрамони чоркаратаи Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) дар Душанбе.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд. Хабарнигорон дар пурсишнома ҳамагӣ 34 варзишгарро, ки намояндагони 17 навъи варзиш мебошанд, номбар кардаанд.
XS
SM
MD
LG