Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин дар гурзандозӣ медали нуқра ба даст овард, субҳи 27 август вориди Душанбе шуд.

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин дар гурзандозӣ медали нуқра ба даст овард, субҳи имрӯз, 27 август, ба Душанбе баргашт. Дилшод Назаров , варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ 23 август дар Пекин бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар мукофотонида шуд, субҳи имрӯз, 27 август, ба Душанбе баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Аҳтам Абдуллозода, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои дигари варзишии кишвар ва ҳаводорони варзиш гарму ҷӯшон истиқбол карданд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон дар Пекин дар байни 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро аз они худ кард. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. Зимнан, дар тӯли 20 сол, яъне баъди пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дар риштаи варзиши сабук касе аз Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ медал нагирифта буд.

Дилшод Назаров, дар фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигорон гуфт, “дар ҷараёни сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин каме бемор будам ва бовар надоштам, ки мақоми дувумро соҳиб мешавам. Вале Худованд ба ман кӯмак кард ва медали нуқра ба даст овардам. Акнун тамоми кӯшишу ғайратамро баҳри он равона мекунам, ки дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия муваффақ шавам”.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт, “Дилшод Назаров аввалин варзишгари Тоҷикистон аст, ки бо Ҷоизаи Президенти кишвар ва мукофоти давлатӣ сарфароз хоҳад шуд. Ин ҷоизаҳоро ба ӯ фардо, 28 август, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти ботантана месупорад”.

Нишони нуқраи Дилшод Назаров

Нишони нуқраи Дилшод Назаров

Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назарови 33-сола чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG