Пайвандҳои дастрасӣ

​Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар сабқати байнулмилалӣ дар шаҳри Карлштади Шветсия ғолиб шуд.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар сабқати навбатии байнулмилалии силсилаи “IAAF Hammer Throv Challenge” дар шаҳри Карлштади Шветсия мақоми аввалро касб кард. Вай дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 77,95 метр партофт.

Ник Миллер (Британияи Кабир) бо натиҷаи 77,55 метр ҷои дувум ва Марко Лингва (Италия) бо натиҷаи 76,76 метр ҷои севумро ба даст оварданд.

Ба ин тартиб, Дилшод Назаров дар раддабандии беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон бо 235,60 имтиёз дар ҷои дувум аст. Павел Файдек (Лаҳистон) бо 244,58 имтиёз дар мақоми аввал ва Кристиан Парс (Маҷористон) бо 234,75 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд.

Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

Ӯ моҳи майи сол ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифта буд. Дилшод қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013 ва 2015) мебошад. Ӯ соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Маскави Русия панҷум шудааст.

Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG