Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Русия медали тилло гирифт


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, 27-уми июн дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи бародарон Знаменскийҳо дар шаҳри Жуковскийи назди Маскав медали тилло ба даст овард.

Дилшод Назаров ин дафъа гурзро ба масофаи 77 метру 77 сантиметр ҳаво дода, ҷойи аввалро касб кард. Варзишгарони Беларус - Павел Кривитский бо натиҷаи 77 метру 61 сантиметр ҷойи дувум ва Павел Барейша бо натиҷаи 74 метру 40 сантиметр ҷойи севумро гирифтанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ худи Дилшод Назаров субҳи имрӯз, 28-уми июн, хабар дод. Вай гуфт, «ин мусобиқа барои ман дар мавсими имсола панҷумин буд. Барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии даъвати ҷаҳонӣ дар шаҳри Туркуи Финляндия бо ҳаво додани гурз ба масофаи 77 метру 93 сантиметр соҳиби ҷойи дувум ва медали нуқра гардида буд. Кристиан Парс, аз Маҷористон, қаҳрамони Олимпиадаи Лондон-2012, бо натиҷаи 79 метру 83 сантиметр ғолиби ин сабқат шуд. Давид Содерберг, аз Финляндия, бо натиҷаи 76 метру 08 сантиметр ҷойи севумро гирифт.

Аз ин пеш Дилшод Назаров дар мусобиқаи пурнуфуз бо номи «Ostrava Golden Spike», ки дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, гурзро ба дурии 80 метру 62 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард. Кристиан Парс бо натиҷаи 81 метру 57 сантиметр дар ҷойи аввал ва Павел Файдек, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 аз Лаҳистон, бо натиҷаи 79 метру 65 сантиметр ҷойи севумро азони худ карданд.

Дилшод Назаров дар мавсими имсола нахуст моҳи май дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон бо натиҷаи 79 метру 58 сантиметр мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз шудааст. Баъдан вай дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 79 метру 20 сантиметр ғолиб шуда буд.

Ба ин тартиб, Дилшод Назаров моҳҳои май-июни соли равон дар панҷ мусобиқаи байналмилалӣ ду медали тилло ва се медали нуқра ба даст овардааст.

Дилшод Назарови 32-сола яке аз фаъолтарин варзишгарони тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр аст.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG