Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров – ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Даъвати Маскав”


 Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ ғолиб шуд.

Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ ҷои аввалро соҳиб шуд.

Гурзандозӣ ба барномаи мусобиқоти пурнуфуз аз силсилаи
IAAF Hammer Throw World Challenge шомил аст. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 20 сантиметр ҳаво дод ва мақоми аввалро касб кард.

Дар ин мусобиқа, ки рӯзи 11-уми июн дар Маскав баргузор шуд, 12 варзишгар қувваозмоӣ кард.

Ҷойи дувумро Павел Кривитский аз Беларус бо натиҷаи 78.22 гирифт. Денис Лукянови русиягӣ бо натиҷаи 77.03 севум шуд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров моҳи май дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон мақоми дувумро касб карда буд. Ин мусобиқа, ки 17-уми май дар шаҳри Ҳаллеши Олмон баргузор шуд, барояш дар мавсими имсола аввалин буд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 58 сантиметр ҳаво дод, ки ин нисбат ба ғолиби мусобиқа Павел Файдек аз Лаҳистон ҳамагӣ 9 сантиметр камтар аст. Ҷойи севум бо натиҷаи 76,83 м насиби Сергей Литвинови русиягӣ гардид.

Дилшод Назаров дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”
Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG