Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия ва Маҷористон ду медал ба даст овард.

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия гурзро ба масофаи 77 метру 95 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «Istvan Gyulai Memorial» аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge», ки дар пойтахти Маҷористон – Будапешт баргузор шуд, бо натиҷаи 80,24 метр медали биринҷӣ гирифт. Дар ин мусобиқа Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 82,49 м мақоми аввалро касб кард. Павел Файдек аз Лаҳистон (80,73 м) дувум шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ худи Дилшод Назаров имрӯз, 17-уми июл, хабар дод. Вай гуфт, «ин мусобиқа барои ман дар мавсими имсола ҳафтумин буд. Барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”

Ба ин тартиб, Дилшод Назаров моҳҳои май-июли соли равон дар ҳафт мусобиқаи байналмилалӣ се медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Дилшод Назарови 32-сола яке аз фаъолтарин варзишгарони тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр аст.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG