Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд барои истирдоди ҷияни ҳамсари Каримов муроҷиат накардааст


Ислом Каримов, ҳамсари ӯ Татяна Каримова ва Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни Татяна Каримова
Ислом Каримов, ҳамсари ӯ Татяна Каримова ва Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни Татяна Каримова

Мақомоти Киев мегӯянд, Тошканд то ҳол барои истирдоди Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари президенти нахустини Ӯзбекистон, ки ахиран дар Украина боздошт шуд, муроҷиат накардааст.

Ба иттилои додситонии Киев, ҷияни ҳамсари президенти нахустини Ӯзбекистон дар ватан ба қаллобӣ айбдор шуда, таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ ё Интерпол қарор дошт.

Надежда Максиметс, сухангӯи додситонии Киев гуфт, Абдуллоев бо қарори додгоҳ 40 рӯз ба ҳабс гирифта шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии пойтахти Украина нигаҳдорӣ мешавад. "Дар ин муддат бояд масъалаи истирдоди ӯ ба ватан баррасӣ шавад", - афзуд ӯ.

Абдуллоеви 33-сола писари хоҳарбузурги Татяна Каримова, ҳамсари президенти нахустини Ӯзбекистон аст. Вай 10 октябри соли 2013 ба содир кардани ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ айбдор ва бо дастури шахсии Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон дастгир шуд. Ӯро моҳи ноябри соли 2014 ба муҳлати номаълум аз озодӣ маҳрум карданд.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ дар пайи як таҳқиқот маълум кард, ки Акбаралӣ Абдуллоев соли гузашта шартан бар пояи қонуни афв озод шудааст. Вале баъд аз муддати кутоҳ, пас аз марги Ислом Каримов дар ибтидои моҳи сентябри соли 2016 ғайриқонуни Ӯзбекистонро тарк кард.

Дар ҳамин ҳол, расонаи украинии Fakty.ua менависад, ки Абдуллоев чанд рӯз пеш аз фурудгоҳи Жуляни Санкт Мартин ба Украина парвоз карда, ҳангоми бозҷӯӣ аз ӯ шиносномаҳои Доминикан ва Ӯзбекистон пайдо шуд.

XS
SM
MD
LG