Пайвандҳои дастрасӣ

Ш. Зуҳуров: "Муҳоҷирзанонро ба занӣ гиред, аммо на зани дуввум"


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Аксари занони муҳоҷире, ки аз шавҳаронашон талоқ гирифтаанд, аз зиндагии хусусӣ даст кашида, зиндагии худро ба фарзандон мебахшанд.

Бар пояи таҳлилҳо, бештари муҳоҷирзанони тоҷик, ки аз шавҳаронашон талоқ гирифтаанд, аз зиндагии хусусӣ даст кашида, зиндагии худро ба фарзандон мебахшанд. Аммо сарнавишт ва мушкили онҳо зоҳиран раиси парлумони Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Аз ин рӯ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон аз ҷавонони муҳоҷир даъват мекунад, то чунин занҳоро бо даст додани имкон дар Русия ба ҳамсари бипазиранд ва дар ҳали мушкилот ба онҳо кӯмак бирасонанд.

Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар охирин ҷаласаи парлумон дар рӯзи чоршанбе гуфт, дар Русия бештар аз сад ҳазор зани муҳоҷир зиндагӣ мекунад, ки бештари онҳо аз шавҳарони худ ҷудоанд ва ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯянд, “101 ҳазор зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Агар ҳамаи инҳо соҳиби шавҳар бошанду бо шавҳар ба Русия рафта бошанд, ин як гапи дигар ва дили одам ором мешавад. Агар бешавҳар бошаду ихтисос надошта бошад, медонед, ки онҳо ба чӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Хуб мешуд, ки онҳоро ягон бачаи тоҷик ба занӣ мегирифт. Мутаасифона мушкил ин ҷост, ки боз онҳоро зани якум намегиранд. ”

Гулноза Раҳимова, муҳоҷирзани 35 сола, ки 6 соли пеш аз шавҳар талоқ гирифтааст, мегӯяд, издивоҷи дубораро бемантиқ медонад ва ҳоло талош дорад, ки барои ду писари ноболиғаш кору зиндагӣ кунад. Ин зан, ки ҳоло дар Русияи дар дуконе ба ҳайси фурӯшанда кор мекунад, мегӯяд, зиёд мехост, то Соли нав фарзандонашро ба Русия ба наздаш биорад, аммо поин рафтани қурби рубл ва фирори шавҳараш барои додани иҷозаи расмӣ дар нотариуси давлатӣ ин орзӯяшро барбод дод.

Ин зан мегӯяд, давоми 6 сол чанд мард хостгораш шуд, аммо бо шунидани ин ки ӯ ду фарзанд дошта, манзили зист надорад, аз издивоҷ бо ӯ худдорӣ карданд. Гурези хостгорҳо умеди шавҳар карданро дар қалби ин зан “куштааст” ва ҳоло ӯ мегӯяд, дигар дар фикри хӯшдомани ҳамсарони ояндаи фарзандонаш аст, на дар фикри дуввумбора шавҳари кардани худ.

Ӯ мегӯяд: “Дилу ҷигарам мерезад, вақте ки фарзандонам наздам нестанд. Ба хотири онҳо ба Русия омадаам. Наметавонам, ки ба онҳо хӯрок бипазам ва аз ҳолу аҳволашон хабар бигирам. Дигар барои худ ҳеҷ орзуе надорам. Фақат мехоҳам, ки фарзандонамро бо худ ба Русия биорам ва ин ҷо хонда, соҳиби маълумот шаванд. Шавҳарамро пайдо намекунам, то дар нотариус иҷозат бидиҳад, ки фарзандонамро биорам. Шаш сол шуд, шавҳарам бедарак аст.”

Ҳоло писарони 7 сола ва 14 солаи ин занро дар яке аз деҳоти дурдасти Тоҷикистон волидонаш парасторӣ мекунанд. Ин зан ҳаёти минбаъдаи худро бидуни шавҳар ва бо хуб тарбия кардану соҳиби обрӯ соҳиби кори хуб намудани фарзандонаш бахшиданист.

Аммо бархе занони муҳоҷире, ки аз шавҳарони худ талоқ гирифтаанд, мегӯянд, ба хотири як ҳомӣ пайдо кардан дар ғарибӣ ба ҳамсари дуввум шудан ҳам розиянд, вале ин ҳам на ҳамеша ба занҳо хушбахтӣ меорад.

Нигинамоҳ Раҷабова, зани дигари муҳоҷир, ки дар Тоҷикистон се фарзанди дастнигар дорад, мегӯяд, ӯ пас аз талоқ гирифтан аз ҳамсари аввалаш дар Русия бо марди дигари тоҷик издивоҷ кард, вале дар ниҳоят шавҳари дуввумаш ӯро бо як зани рус иваз кард. Нигинамоҳ мегӯяд, мардони тоҷик аксаран муҳоҷирати занонро қабул надоранд ва ба чунин занҳо бо нигоҳи комилан дигар нигоҳ мекунанд.

Нигинамоҳ гуфт, “ин мард маро зани дуюм кард, аммо оҳиста-оҳиста рашк пайдо кард ва ба корам хала мерасонд. Ҳарчанд, ман на ба кораш кор доштаму на ба ҳамсари тоҷикистониаш. Аз ҳисоби худам мепӯшидаму мехӯрдам. Лекин бо ин вуҷуд, ӯ бо як зани пири рус соз гирифт ва аз ман ҷудо шуд.”

Бо ин сабаб ин зан ҳам ба мисли Гулноза аз шавҳар кардан дар оянда даст кашидааст ва танҳо барои фарзандонаш кору зиндагӣ намуда, умед дорад, ки оянда онҳо такягоҳаш хоҳанд шуд.

Мардони муҳоҷири тоҷик пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуровро амалинашаванда медонанд. Саттор Сафаров, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, шумори мардони беҳамсари тоҷик дар Русия хеле кам ҳаст. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки қурби рубл поин рафтааст ва даромади муҳоҷирон як баробар поин рафтааст, таъмини молии як ҳамсар ҳам барояшон мушкил аст.

“Аксари бачаҳо як зани худро ба зӯр мехӯронанд. Ҳастанд, булҳавасҳое, ки ин ҷо ё зани тоҷик ё рус мегиранд, лекин то охир зиндагӣ намекунанд, чун ин кори осон нест. Муҳоҷироне, ки аз ҳамсаронашон ҳам ҷудо шудаанд, зани талоқшуда намегиранд ва кӯшиш мекунанд, боз духтари ҷавон бигиранд.”

Аммо Маҳбуба Азимова, намояндаи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, бо анҷоми як пажӯҳиш ба чунин хулоса расидаанд, ки аксар занҳо маҳз пас аз гирифтани талоқ аз ҳамсарони худ тасмими ба Русия рафтанро мекунад, чун ба ин назаранд, ки танҳо дар муҳоҷират имкони тағийр додани зиндагиашонро доранд. Хонум Азимова мегӯяд, дар баробари ноумед шудани занҳои тоҷик барои дубора шавҳар кардан, воқеан бархе аз онҳо бо издивоҷ ба қафқозтаборон оилаҳои хуб бунёд кардаанд.

Хонум Азимова афзуд, “аммо ин ҷо фақат кӯдакони онҳо аз меҳри падару модар маҳрум шудаанд. Аксари кӯдакони занони талоқгирифтаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар тарбияи бибиву бобо калон мешаванд. Ин ҳам боиси андеша аст. Тасаввур кунед, ки аз 100 ҳазор зани муҳоҷир 50 ҳазорашро соҳиби як кӯдакӣ дар Тоҷикистон бидонем, пас ин миқдор кӯдак дур аз меҳру ғамхории модар бузург мешавад. ”

Мақомоти Тоҷикистон шумораи занҳои муҳоҷирро андаке бештар аз сад ҳазор медонанд, аммо бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ теъдоди занҳои муҳоҷир дар Русия наздики 300 ҳазор нафар мебошад.

Ҳарчанд, занҳои талоқгирифтаи бешавҳар дар Русия мояи нигаронии раиси парлумони Тоҷикистон шуда бошад ҳам, аммо то кунун шумори дақиқи онҳо маълум нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG